ВАТАНДОР
Панчшанбе, 25.04.2024, 23:58
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Октябр 2010  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2010 » Октябр » 18 » Поп Гапони тоҷик
Поп Гапони тоҷик
19:41
Ба номи бахшандаи бузург. Дуруд ватандорони ман.
Бовар дорам, ки шумо борҳо ба ин сафҳа сар задеду кулбаи моро бе мо ёфтед. Итминон дорам, ки ба каррот мунтазир будед, ки Ватандори шумо барои шумо кай менависад. Ва ахиран шояду бояд натиҷа бардоштед, ки Ватандор дигар бароятон наменависад. Ватандори шумо низ замоне ба натиҷа расида буд, ки дигар бароятон намегӯяд. Ин замон низ дил мехоҳад, ки дар мунҷалоби торикии сиёсии кишвар ҳеҷе нагӯяму мӯҳри сукут ба лаб бизанам. Аммо маро Садокати азиз таҳрик кард, ашки сӯзони ману ватандорони маро бирехт. Худованд мададгораш.
Ин лаҳазот, ки ин сатрҳоро менависам, сари буридаи ҳамхуну ватандорам Салоҳиддини Азиз ёдам меёяд. Ин асноъ, ки мехоҳам барои шумо чизе иншо кунам, ба хотирам хуни шуҳадои гулгункафани аскарон-ҷавонони азиз, ки дар натиҷаи ҳамлаи ғайримунтазира ба ҳалокат расиданд, чун наштари тезе мехалад. Дарвозаи қалбамро садои гадойзане, ки ҳангоми интихобот ба ҷаноби «олӣ» овоз додааст ва умед бастааст, ки президенташ-Эмомалӣ Раҳмон ӯро аз ҳирфаи талбандагиву бардагиву гадойӣ мераҳонад. Аммо мебинад, ки боз бо роҳи садақа низ рӯзаш зери сиёсати «хирадмандонаи ҷаноби олияш» аз будаш бадтар шудааст. Ба ҳоли ин зан аз дилам хуноба мечакад, ин манзара маро ҳангоми бурдани ангуштон рӯи тугмаҳарфҳо садҳо маротиба дар худ мекушад. Ин замон ёдам миёяд, ки Рустами Раҳмон шервор рӯйи миз аз мастӣ мушт мекӯбад, фарёд мезанад, ки ҳеҷ касеву ҳеҷ гурӯҳе ва ҳатто ҳеҷ худое (наъузу биллоҳ) салтани падари ӯро наметавонад бишканад.
Ватандорони ман, шумо низ шояд ҳангоми мутолиаи ин ҷумла садо буланд созед, ки «ай Ватандор, ту чиҳо мегӯйӣ, президенти мо бо эълом оштани соли Имоми Аъзаму сохтани чандин масоҷид исбот крад, ки мусалмони комил аст». Ман ба шумо ҳақ медиҳам. Аммо ба ман низ ҳақ бидиҳед, ки ҳақиқатро гӯям. Президенти шумо зоҳиран мусалмони асил аст. Сиёсати ӯ чунин аст, ҳунарпешаи хубест, ки ҳама нақшро метавонад иҷро кунад. Ҳатто ӯ метавонад дар ҳузури халқ оби дидаашро бирезонаду худой гӯяд. Ман ба ин итминон дорам ва ҷойи тардиде нест. Чунки президенти шумо актёри бузургест, ки назирашро ягон курсии президентии дунё дар хотир надорад. Ӯ Поп-Гапони таппа-тайёрест, ки бо фиреб халқро ба худой мехонаду имрӯзҳо бошад сиёсати бастани дари масоҷиду манъ сохтани ҷавонон аз омӯзиши худойшиносӣ ва ахиран чанг ба андохтан ба дини мубини Исломро пеша кардааст. Шумо низ ин гуна вазъиятро медонед, ё дидаед, ё шунидаед, ки корманди қудратии кишвар мисли ҳашарот пиромуни киштзори аҳли дин хазидан доранду бо ҳар усуле набошад ҳамаи он афроде, ки андак Худойро мешиносанд, ба иттиҳоми таҳриру ҲИУ-ву дигару дигар сохтаву бофта ба маҳкама бикашанд ё аз кишвар бадарға созанд. Корманди қудратиро низ мефаҳмам, эшон низ маҷбуранд ин амри президенташонро иҷро кунанд. Дигар чорае надоранд.
Ҳукумати Раҳмон ахиран ба хулоса омад, ки (бо он ки хеле кӯшид вазъияти гарми Раштро аз халқ пинҳон намояд, аммо халқ дигар кару кӯр нест ва он халқи солҳои 1999-2005 нест) бо мухолифини сангарнишин дасти оштӣ дароз мекунад. Зеро чандин техникаи ҳарбиаш таркиду чандин аскафронаш ихтиёран ба ҷониби сангарнишинон гузаштанд. Охир аскарон низ аз он бесаводони роборт-кийборг нестанд, ки ҳукумат ҳар чӣ гӯяд онро иҷро кунанд. Эшон низ сиёсати нобихрадонаву номардонаи ин ҳукуматро дарк мекунанд. Онҳо низ озодихоҳу ватандору ватандӯстанд. Ҳукумати Раҳмон авф пешниҳод кард ва имрӯз менозаду меболад, ки 75 нафар силоҳи худ ба замин гузоштанд. Ба тамоми дунё ҷор зад. Аммо 4000 нафари дигар ин авфро намезаранд. Зеро ваъдаи ин ҳукуматро аз соли 1997 ин ҷониб медонанд. Медонанд, ки боз ба мушқапак мисли собиқ ИНОТ меафтанд. Медонанд, ки ин Поп Гапон аблаҳ бошад ҳам, дар бисёр вақт ба хотири ҳифзи дубури хеш хеле босавод шоҳест. Медонанд, ки барои ин Поп Гапон бигзор дар Тоҷикистон ҳама аз ташнагиву гуруснагӣ ва бардагиву бандагиву ғуломӣ дар Русия миранд, танҳо чор табақлесаш зинда монанд, ба шарте ки боз Раҳмон президент бошад.
Азизони ман, медонам, ки ақли шумо аз ман болост ва Ватандори шумо ба шумо ақл омӯхтанӣ нест. Худ хулоса бароред, шумо низ борҳо тӯли анқариб 20 сол найранги Поп Гапонро шоҳидед. Рӯз ба рӯз сангиниро дида истодаед. Аз сангариёни 4000 нафара ибрат бояд омӯхт. Фиреби навбатии президентатонро нахӯред.
Ва эй он бародароне, ки дар навишти назар зери ин навишта ба ҷуз ҳақорат дигар чизе алайҳи мо надоред ва аз ҷаноби олиятон нозида ӯро паямбари хеш медонед! Шумо низ бидонед, ки рӯзе шуморо сарнавишти Ёқубу Ғаффору дигарон мунтазир аст. Агар хато накунам, касе монанди Сангаку Ёқубу Ғаффор ҷонашро фидои Раҳмон накарда буд. Аммо Поп Гапон бо онҳо чӣ кард? Шумо донеду Худой! Баъди ин хулоса аз шумост. Ба сангариёни мардтарин мардони тоҷик дуо фиристед. Дуо кунед, ки то як қатра хуни тоҷикистонӣ рехта нашавад. Танҳо шумо-ватандорони ман метавонед пеши хунрезиро гиред. Нагӯед, ки чӣ гуна? Мо низ ба шумо ҷангидан алайҳи ин ҳукумати Раҳмон-Поп Гапонро таблиғ намекунем. Аммо бархезед, ҳаққи хештанро талаб кунед. Шумоён, Тоҷикистониёни азизи ман, метавонед, ман ба ин имон дорам. Қасам ба Худой, ба шарте, ки хоҳед, тақдири шумо дар дасти шумост, на дар дасти як оила. Бидонед! Худо ёратон.
Просмотров: 1610 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.5/6 |
Всего комментариев: 3
3 dust  
0
Xok bar sari tu muhammad amin hayfi nomat

2 Amin  
0
Ватанхоҳони худхоҳу дурӯғин
Лагоми ёваро сар дода имрӯз
Даҳаншон кафф кунад аз доду фарёд,
Ба хилват лек хомӯшанду мармуз.

Ман аз пиндорашон огоҳам эй ёр,
Ман аз фарёдшон безорам, эй дӯст.
Ва ин бегонагони худнаморо
Ба гӯристон надидан низ некӯст.


1 Mahmadamin  
0
Hoy bevatani lain az in hama dasisabozi burdanat behtar mardum booyad arxezandu turo reshakan kunand Biguzor Rahon prezident boshad ammo sulhu subot boshadaz Xudovand tars ki fardoi dar nazdi on Ofaridgorat chi meguyi onjoi joi lof zadan nest ki az xorija pulgiriyu pushtiboniyat kunad ahmak marg ba tubarin tojikoni yahud

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz