ВАТАНДОР
Сешанбе, 16.04.2024, 11:02
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Май » 17 » «Табартаксими навбатии асри 21» (кисми 3). Рустами Рахмон ба Амрико гурехт
«Табартаксими навбатии асри 21» (кисми 3). Рустами Рахмон ба Амрико гурехт
09:58
Ачабе нест, анкариб хуни чуй миёни Дангара то касри президент равона гардад. Зеро каноти чапи сулолаи Рахмониён хузури хама чехраи хандон нишон диханд хам, ботинан зери остин шамшере пинхон доранд. Ё навбати Тахмина ё Рустами дастон. Очилан Рустами Замон ба Амрико гурезонида шуд. То хамвардони интикомчуйи Хасан хунро бо хун нашуянд. Рузи 11 май, ки чанозаи Хасан хонда шуду имом ба тахдид амри хомушии хамешагиро гирифту дар он чанозаи аз 15 нафар беш набуданд, Рахмон дар каср ба «запой» машгул буд. Бар замми ин дарди сари чанчоли Бодканду Исфара мебоист, вохурии Рахмон бо Курмонбек Бокиев баргузор мегардид. Рахмон даст афшониду зери лаб як хакорати обдоре кард. Маълум набуд, ки у модари Рустамашро хакорат дод, ё арвохи Хасанро ё Курмонбекро. Дар Хучанд чаноби олии беназир бо Курмонбек вохурд. Курмонбек, ки дар чашмаш хазорон суол хувайдо буд, чаноби олии рамузфахм кушиш мекард нигохашро аз Курмонбек мегурезонид. То суоли «оё овозахои марги Хасан ростанд?»-ро нашунаванд. Курмонбек хам ин холатро дарк кард ва хомуш монд. Чонибхои дипломатии ду кишвар сари бахси обу замини Бодканду Исфара санадхо омода карданд, Эмомалй намедонист, ки ба кадом протоколе имзои табарруки худро мемонад. У бо дарди худаш банд буд, ёду хушаш ба Рустам, ки дар Амрико карор дорад. Дилаш аз хавфи он ки пайравони интикомчуйи Хасан ба Амрико мераванд, нохунтароши гургеро мемонд. Бо кошу кавоки гирифта санадхоро бидуни он ки дар он чй навишта шудааст, пайи хам имзо гузошт. Худо зад, шояд замини Точикистонро ба холабачахои хитой-Киргизистон бахшида бошад? Алъон ин хануз маълум нест. Аммо чехраи Курмонбек баъди имзои созишномахо гул-гул мешукуфт. Гумон мекунй, у аз пеши рохаш кухпораеро дур карда бошад. Хар боре, ки президент Рахмон ба Сугд меомад, бо хазор валвалаву хамхама меомад. Ин дафъа у амр кард, ки ягон хамхамае нашавад, ягон хонандаи синфи поёнй дар васфаш шеър нахонад. Хамчунин хам шуд. Роххоро набастанд. Зеро ба дилаш намегунчид. Як тарафи дигар масъалаи боз хам догдортаре дар фикраш шуру гирев мекард. Ёкуб Салимуф трамплини президентии Абдумачид Достиюф Вактхои ахир дар нашрияхои даври Точикистон пайваста ва хатто рекламавор парешон шудани номи собик рекетер, яке симохои чиддитарини кишвар (кам касоне то ба хануз чехраи хандони уро дидаанд), собик вазири Корхои дохилии ЧТ, Раиси Кумитаи гумрук, сафири фавкулодда ва мухтори Точикистон дар Туркиё, яке аз сарпарастони фонди хайриявии «Бохтар» (хазорон олимону зиёиёни Точикро аз гуруснагй рахонидааст) боиси прешонии Рахмон гаштааст. Аммо ягон докторе ё номзади илме мардонавор аз фидоии Ёкуб намегуянд, наменависанд. Гуянду бинанд. Дар майнаи чаноби олй Хон Эмомалй фикри оё Ёкуби саркаш, ки уро чандин бор дар утоки президентияш мавриди лату куб карор додааст, аз махбас халос кунад ё не? Уро аз махбас халос накунад намешавад. Халос кунад хам намешавад. Зеро бо халос шудани Ёкуб ба таври «автоматй» Мухаммадрузй Искандаруф ва Кувват Султон низ бояд барояд. Дар сурати баромадани эшон аввалин рохбари ХХДТ-Абдумачид Достиев бояд, ки садрнишини Точикистон шавад. Бояд, ки Абдумачид Достиюф дар он хол президент гардад. У хам интизори фурсат хаст. Аммо намедонад кай ва чй тавр амалй мешавад. Ин ва дигар муаммохое буд, ки президент Рахмон наметавонист дар музокироти Курмонбек Бокиев бо дили осуда ширкат варзад. Инак, халки азизам, президенти мо-Рахмониён заминро ба киргиз дод ё гирифт ё мисли пештара хамин тавр бахсй монд, алъон маълум нест. Аммо маълум, ки чуйи хуне аз Дангара то касри президент равон хохад буд. Валлоху аълам биссавоб. Ин кисса анчом наёфтааст, мунтазир бошед, давом дорад.
Просмотров: 4003 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 3.2/10 |
Всего комментариев: 131 2 »
13 SAYED  
0
bale

12 Rustam  
0
kasi rahmona no shukri mekna kur namakay ...

11 farrukh  
0
hamin prizident bud, ki Tojikiston boqi mond. Noshukri naboyad kad

10 J. аз Москва  
0
Инка бесаводам нестему локин хаминка хонда-хонда хиччи нафамидам. Хаминка хунари тахлиливу коршиноси дошта бошен, бародари азиз биёен хамин вазъи иктисодии мамлаката тахлил карда бо пешниходхои асоснок дар рушду пешравиии давлат накш гузоретон. Аз ин сафсатахои Шумохо ман фикр мекунам, ягон грамм фоида нест. Инка гайбата нагз мебинен, хамин гапа кам кнену а паи кор шаветон..............

9 6  
0
привет всем. МОЛОДЦЫ

8 \\z  
0
aminga

7 \\z  
0
amammaamma

6 prokuror  
0
mail@president.tj

5 prokuror  
0
safasfasf

4 prokuror  
0
fzdfasf

1-10 11-13
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz