| Номгуй |
|
|
 |
| Сабки вуруд |
|
|
 |
| Таквими навидхо |
| « Январ 2012 » | | Дш | Сш | Чш | Пш | Чм | Шб | Яш | | | | | | | | 1 | | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | | 30 | 31 |
|
 |
| Чустучуй |
|
 |
| Пайвандон |
|
 |
| Омор |
 |
 |
| Шумо хукуки гуфтан доред |
|
 |
|
 | |  |
| |
Саломалейкум Дадочон Атовуллоев....прочитал Ваши ответы на news.tj выглядит разумно....мне тоже хотелось бы приятных изменений на моей Родине и что бы мне хотелось жить а не выживать....как Вам это удаётся делать - всё таки 20 лет это огромный срок на чужбине.... Рустам
Мутолигар: 322 |
Сана: 11.08.2011
| Нуфуз: 3.7/3
| Назаргох (2)
|
Safiyloh 30.07.2011 06:45 Guest IP:91.200.217.66 Ду-се сол пеш Шуморо дар фурўдгоҳи Маскав бо миќдори 400 ё 500 ҳазор евро боздошт намуда боз сар доданд. Ин пул аз куҷо буд ва чӣ тавр ба дасти Шумо афтода буд. Ташаккури пешакӣ барои ҷавоб. Сафиюлло, аз Ишкошим 31 Д. А.: Ба ин савол борхо посух гуфтаам. Такрори такрор дилбазан мешавад. nurullo 30.07.2011 06:45 Аксари журналистоне, ки дар «Чароғи рўз» бо Шумо кор мекарданд, баъди ба Маскав фирорӣ шуданатон аз пасатон рафтанд, аммо зуд аз Шумо ҷудо шуданд. Иллаташро онҳо дар пулдўстдории Шумо шарҳ медиҳанд. Оё ин рост аст. Мард бошед посух диҳед. 32 Д.А.: Мард бошед, гуш кунед))) Ман хама чизе, ки метавонистам дар хакки хамкоронам, миннат нашавад, кардам. Як бурда ноне, ки дар он солхои мудхиш, меёфтам, бо хама таксим мекадам. Тамоми кормандони «Чароги руз» душман эълон шуда буданд ва дар чустучу карор доштанд, мекардам. Агар нафареро аз «Чароги руз» дастгир мекарданд, пуст меканданд. Кодири Рустамро дастгир карданд. Сочидаи Мирзо дар Сибирь пинхон шудааст. Салими Аюбзодро кормандони Хилоли Ахмар либоси духтури пушонда, ба самолет савор кардаанд. Ба хамаи кормандони мо парвандаи чинояти кушода буданд. Хонахои моро горат карданд. Он айём хатто одамонро барои хондани ру... Читать дальше »
Мутолигар: 1637 |
Сана: 09.08.2011
| Нуфуз: 4.0/6
| Назаргох (0)
|
Вместо пролога: В вопросах всегда ищу некие ответы. Поскольку характер вопросов точно передает настроение общества, в них отражается человек. Его мировоззрение, настроение, уровень боли. Искренний вопрос всегда радует – значит, равнодушие поразило не всех. Большое спасибо всем, кто участвовал в этой заочной беседе. Благодарю за умные и интересные вопросы. К ним я вернусь еще не раз. Некоторые из них требуют отдельного разговора или станут темой большой публикации. Были и такие, кто ждал не ответа. Их авторы радовались, что, как они считают, «укусили», «поставили на место». И вам спасибо. Вы не даете нам расслабится. Еще раз прошу прощения за то, что вовремя не ответил. Я был с вами искренен и честен. Но хочу сказать, что самые главные вопросы я задаю себе сам. Они мучительны и трудны. Они заставляют страдать и не позволяют опускать руки. Я один из вас. В этом поиске истины и справедливости мы с вами попутчики. Доброго пути всем нам! Носир 30.07.2011 06:45 Guest IP:91.79.183.241 Господин Атовуллоев! Ваш прогноз о политическом будущее Эмомали Рахмона? Где ваша обещанная "фиалковая революция"? 1 Д.А.: - Я считаю, что у Рахмонова есть... Читать дальше »
Мутолигар: 1692 |
Сана: 09.08.2011
| Нуфуз: 4.5/2
| Назаргох (0)
|
Додситони кулли Тоҷикистон аз давлати Русия хостааст Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолиф ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба "Ватандор"-ро, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кунад. Шерхон Салимзода рӯзи сешанбеи 12 апрел дар як нишасти матбуъотӣ гуфт, ки оқои Атовулло ҳоло мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад ва мақомоти Русия ҳануз посухе ба ин дархост надодаанд. Оқои Салимзода иттиҳомоти ворида алайҳи ин рӯзноманигори мухолифро эълом накард, вале худи оқои Атовулло дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон дар гузашта низ чунин талоше карда буданд ва "бори дигар мехоҳанд худро назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ шармсор кунанд." Ин рӯзноманигори мухолиф, ки солҳои зиёде дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад, мӯътақид аст, ки давлати ин кишвар ба боздошт ва истирдоди вай аз Русия муваффақ нахоҳад шуд: Оқои Атовулло, ба назаратон, сабаби аслии ин ки Додситонии кулли Тоҷикистон Шуморо таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода, чист? Ин дасисаи навбатии мақомоти Тоҷикистон дар чорчӯби ягон қонун, дар ягон кишвари ҷаҳон, шояд ба ҷуз Тоҷикистон ва кишварҳое, ки диктотурӣ ҳастанд, намегунҷад. Ман як рӯзноманигор ҳастам, як сиёсатмадор ҳастам ва барои гуфтани сухани ҳақ, барои гуфтани фикре, ки бо фикри онҳо тафовут дорад, онҳо мехоҳанд маро ба Тоҷикистон биёранд ва зиндонӣ кунанд. Худи ҳамин дар бораи қонун сухан гуфтани ҳукумате, ки худаш қонунро зери по мекунад, бидуни риъояти қонун ва меъёр... Читать дальше »
Мутолигар: 6806 |
Сана: 18.04.2011
| Нуфуз: 4.5/8
| Назаргох (6)
|
Инак, ҳукумат боз бар сари хештан балои дигареро овард. Баъд аз он ки имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Кӯлоб Ҳоҷӣ Мирзоро аз вазифаи имоматӣ маъзул кард, баъд аз он ки аҳли динро бо иттиҳоми бофтаву сохтаи террорист ба иҷборан тарошидани ришу кашидани аврат водор сохт, ба намозгоҳи қароргоҳи риёсати ҲНИТ ташриф овард. Дар ин ташрифот намояндаи амният, прокуратура ва кумитаи дин (аз ҳама кумитае, ки фардо рӯзи қиёмат дар ҳузури Худованд пурсишаш сахттару сангинтар аст, ин кумитаи дин аст) ҳузур доштанд. Намозгузорони ин масҷидро маъа имомаш маҷбур карданд, ки минбаъд дар ин масҷид ҷамъ наоянд ва таҳдид кардан, ки масъалаи имоми масҷидро ба додгоҳ хоҳанд бурд. Ин дафъа дар шоҳмотбозӣ ҳукумат ворастатар баромад. Суперчемпионҳои ҷаҳон оид ба шоҳмот-Карпову Каспаровро ҳукумати Тоҷикистон як нӯл зад. Медонад, ки бо иттиҳоми террористӣ аҳли динро муттаҳам карда, бо осонӣ ба ҳабс мекашад, дар ин зимн яқин эҳсос мекунад, ки ҲНИТ ягона ҳизбҳи исломӣ аст ва шояд (!) ба ин кор дахолат кунад. Лизо, пешакӣ таги пояшро ҳукумат руфта тоза кард. Омаду масҷид-хонаи Худоро оташ зад, то наҳзатиён ин корро идомаи кори террористӣ талаққӣ намоянду бо ҳукумат ҳамдастӣ созанд. Аммо як аблаҳии дигар низ дар ин шоҳмотбозӣ аз ҷониби ҳукумат сар зад. Қаблан рӯзи ҷумъа ба масҷид ташрифи бемаънӣ овард, агар бидуни омадан ба кори масҷид дахолат мекард, шояд ин амалро террористӣ унвон намуд. Аммо чашми наҳзатиён дар ин кор хоҳу нохоҳ ба сӯйи ҳукумат ишора мекунад, ки эшон низ ин хонаиХудосӯзиро аз дасти ҳукум ... Читать дальше »
Мутолигар: 1357 |
Сана: 24.10.2010
| Нуфуз: 4.6/16
| Назаргох (16)
|
Агар ҳар касе чашми воқеъбину гӯши шунаво ва дили ҳассос дошта бошад, бояд бидонад, ки зимистони имсоли Тоҷикистон хеле гарм хоҳад омад. Хеле гарм. Аллакай чандин «прогноз»-ҳоро худи шумо дидеду шунидед. Ин тарсонидану ваҳмонидан нест, ин воқеият аст, ки ҳукумати кунунӣ (алъон кунунӣ, зеро муваққат аст) бояд донад, ун бозиҳое, ки қаблан бо мардуми кишвар мекард, дигар нахоҳад тавонист. Зеро мардум аллакай садо буланд кард, ахиран миллати сарбуланди ман ҳаққи хештан донист. Худо мададгори ин халқ. Ин ҳарфҳо даъват ба ҷангу ҷидолу хунрезӣ нест. Савганд ба Худованд даъват ба ҷанг нест, ки нест! Танҳо ҳӯшдор ба ин ҳукумат аст, ки дар раъсаш Эмомалӣ Раҳмон менишинад ва олу асҳоби Раҳмон бояд пунбаро аз гӯш кашад. Бояд зимистони гармро мунтазир бошанд. Аллакай шарораҳо дар Рашту Хуҷанди бегазанд, Истаравшану Исфараи бостон, Қурғонтеппаву Кӯлоби азизам шурӯъ шуда. Кампирзане дар Кӯлоб дар селоби тобистони имсол президентро бо мушти лойе зада тавонист. 4000 нафар родмард дар сангарҳо барои озодии Тоҷикистон аз чанголи Раҳмон сахтиву сангиниро паси сар карда истодааст (парвардигоро имонашон бидеҳ, то бо сабр пирӯзӣ ба даст биёваранд).
Аммо Ватандор ҳеҷ гоҳ ҷонибдори хунрезӣ набуду нест ва нахоҳад буд. Ҳамеша таманнои онро дорам, ки Тоҷикистониёни арҷманди ман, озоду ободу аз зулму истибдоди оилаи Раҳмон эмин бошанд. Омин. Яқин аст, ки ҷаласаҳои пайдарҳами ҳукумат барои ҳифозати дубураш (на халқ) маънии он аст, ки халқ дигар бедор шуда. Раҳмон яқинан медона ... Читать дальше »
Мутолигар: 658 |
Сана: 21.10.2010
| Нуфуз: 4.3/6
| Назаргох (0)
|
Ба номи бахшандаи бузург. Дуруд ватандорони ман. Бовар дорам, ки шумо борҳо ба ин сафҳа сар задеду кулбаи моро бе мо ёфтед. Итминон дорам, ки ба каррот мунтазир будед, ки Ватандори шумо барои шумо кай менависад. Ва ахиран шояду бояд натиҷа бардоштед, ки Ватандор дигар бароятон наменависад. Ватандори шумо низ замоне ба натиҷа расида буд, ки дигар бароятон намегӯяд. Ин замон низ дил мехоҳад, ки дар мунҷалоби торикии сиёсии кишвар ҳеҷе нагӯяму мӯҳри сукут ба лаб бизанам. Аммо маро Садокати азиз таҳрик кард, ашки сӯзони ману ватандорони маро бирехт. Худованд мададгораш. Ин лаҳазот, ки ин сатрҳоро менависам, сари буридаи ҳамхуну ватандорам Салоҳиддини Азиз ёдам меёяд. Ин асноъ, ки мехоҳам барои шумо чизе иншо кунам, ба хотирам хуни шуҳадои гулгункафани аскарон-ҷавонони азиз, ки дар натиҷаи ҳамлаи ғайримунтазира ба ҳалокат расиданд, чун наштари тезе мехалад. Дарвозаи қалбамро садои гадойзане, ки ҳангоми интихобот ба ҷаноби «олӣ» овоз додааст ва умед бастааст, ки президенташ-Эмомалӣ Раҳмон ӯро аз ҳирфаи талбандагиву бардагиву гадойӣ мераҳонад. Аммо мебинад, ки боз бо роҳи садақа низ рӯзаш зери сиёсати «хирадмандонаи ҷаноби олияш» аз будаш бадтар шудааст. Ба ҳоли ин зан аз дилам хуноба мечакад, ин манзара маро ҳангоми бурдани ангуштон рӯи тугмаҳарфҳо садҳо маротиба дар худ мекушад. Ин замон ёдам миёяд, ки Рустами Раҳмон шервор рӯйи миз аз мастӣ мушт мекӯбад, фарёд мезанад, ки ҳеҷ касеву ҳеҷ гурӯҳе ва ҳатто ҳеҷ худое (наъузу биллоҳ) салтани падари ӯро наметавонад бишканад ... Читать дальше »
Мутолигар: 600 |
Сана: 18.10.2010
| Нуфуз: 4.5/6
| Назаргох (3)
|
Баъди 13 соли созишномаи сулҳ, баъди ҷанги шаҳрванд, ки солҳи 1992-1997 хуни зиёдеву шаҳиди зиёда аз 200 ҳазор нафара ба ҷо гузошт бори дигар дар Тоҷикистон алангаи ҷанг сар зад. Дар натиҷаи ҳамлаи ғайримунтазира дар минтақаи Рашт, тибқи маълумоти расмӣ 25 нафар ба шаҳодат расиданд. Айни ҳол гӯё ин ҳамларо ҲИУ ба дӯши хеш гирифт. Дар маҷмӯъ имрӯз дар дараи Камароб чӣ ҳодисае рух дода истодааст? Ба ин ва дигар пурсишҳои журнали «Однако» Раҳбари ҳаракати милливу сиёсии «Ватандор» Додоҷони Атовулло посух мегӯяд
-Бидуни андеша метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ дубора шурӯъ шуда. Ҳамзамон қотеона мегӯям, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба охир нарасида буд, он идома дошт. Сулҳе, ки имрӯз ҳама аз он меболанд, зоҳирӣ буду ба таври режими оҳанӣ нигоҳ дошта мешуд. Ҳарчанд гурӯҳҳои зиёди норизо ҳанӯз ин сулҳи рӯйи коғазиро эътироф накарда буданд. Ба вижа дар минтақаи Рашт, чунин гурӯҳ хеле зиёд буду ҳаст. Танҳо ҷанги имрӯза на ба сабку услуби пешин идома дорад. Алъон демократҳо бо исломиҳо намеҷанганд, ва ИНОТи қаблӣ низ бо ҳукумат намеҷангад. Имрӯз ҳамагон алайҳи режими Раҳмон бархостаанд. Ин ҷангро метавон ҷанги умумитоҷикистонӣ алайҳи Раҳмон номид. Аён аст, ки сабри мадуми Тоҷикистон лабрез шудааст. Ба дили мардуми Тоҷикистон зиндагии бегазу барқ, бенону бемаош ва бе кӯмаки тиббии воқеӣ аллакай задааст. Сулҳе, ки ҳамагон ӯро мунтазир буданду орзуяш мекарданд, гӯё ба таври зоҳирӣ ба сари мардуми тоҷ ... Читать дальше »
Мутолигар: 731 |
Сана: 13.10.2010
| Нуфуз: 5.0/5
| Назаргох (1)
|
Дуое бар размандагон Азизони Худо дар кухсорони ватан имруз, Худоё кавми Рахмон баршикан,эшон бикун фируз.
Ба танку тупу хелкуптар ба Раштон тир меборад, Зи чаври шохи точик, фитнаву майхораи бонбуз.
Чавонмардони Рашти шухраи олам ба хон буди, Ба мехмондориву таквову арзонии нон буди,
Кунун дар дину мазхаб шухрату шон бештар доранд, Мучохиду муборизу газанфар, шери чарроранд.
Дамодам дар дуову сачдаи худ мардуми точик, Барои нусрати эшон ба зонуянду бедоранд.
На шаб хобасту руз ором хар чо точике бошад, Ба тасбеханду саргардон чу чоне дар рамак доранд.
Худоё дастхои бар дуо болои мо пур кун, Бикан ин решаи Рахмон, Илохо зинда дар гур кун.
Мутолигар: 486 |
Сана: 12.10.2010
| Нуфуз: 5.0/1
| Назаргох (5)
|
| |
 | |  |
|