ВАТАНДОР
Чумъа, 19.04.2024, 06:34
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Май » 22 » Точвар: «Ватандоронро иттиҳод мезебад»
Точвар: «Ватандоронро иттиҳод мезебад»
19:30
Дустони арчманди сомонаи Ватандор!
Инак афсонаи марги Ҳасанро бо сабрҳои зиёди дандоншикан хондед. Нисбати соҳиби он ин сатрҳо бадтарин ҳақоратро раво дидед. Ман ягон касро бозй намедоронам ва ин гуна маймунбозй, ки ҳуққаи ин ҳукуматдорон аст дар хуни банда комилан бегона аст. Медонам ва дарк мекунам, ки аз боз шудани ин сомона хоби бархе ҳаром ва бархе бепарвофалак «навишта г.. хурда мегардад-да, аз ин пеш навишстагиҳо чй шуданд, ки ватандори навбатиаш», шояд ҳангоми ба замон оавардани вожаи «Ватандор» ҳатман олати таносули худро бархе ба забон биёваранд. Ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки ватандорони дигар бо шунидани калимаи «Ватандор» танҳо чеҳраи Додочони Атовуллоро мебинанд ва каминаро ба он муттаҳам мекунанд, ки чаро номи дигаре начустам. Ба хотири касби маъруфият низ сомонаро боз накардаам ва бақавли худи Точвар кайҳо дари ин дуконро мебастам. Ин нузҳат нест, ин созмон нест, ин ҳизбе ё мазҳабу равияе нест. Ин танҳо он оинаест, ки ман дар он чеҳраи шумоён ватандорони азизро мебинам, чеҳраи ғамзадаву тарсзадаву дардзадаи ҳар яки шуморо мебинам. Чеҳраҳое пеши назарам меоянд, ки ҳангоми нафаси вопасин ба чои пиромунашон волидону зану фарзанду ақрабо симоҳои аҳриманонаи гуруҳи сартарошидаҳои руси миллатгаро меистанд ва бо қабоҳат мегуянд: «умри подлый таджик, тебе лучше такой собачий смерть» ва чеҳраҳои манфури галстук багардланеро мебинам, ки хуни халқи точик ва точикистониро дар дохили кишвар бераҳмона макидан доранд. Аз ростй ин сомона танҳо аз они ман нест, аз они шумоён низ ватандорони гиромй. Ман чй қадар шумоёнро мепарастам бо оне ки маро фантазёри хаёлпарасти бетаҳлил мегуед. Воқеан марги на фақат Ҳасан балки кулли чанбарбадстони хуношоми Точикистон орзуи ҳамешагии мардум аст. Ҳарчанд, ки марги касеро талабидан гуноҳи азим аст. Бо тамоми масъулият мегуям ва ба вичдонам қасам мехурам, ки аз аҳолии 7 милюн нафараи Точикистон нафаре ёфт намешавад, ки президент Раҳмонро ҳақорат надода бошад. Ҳатто ҳадди ақалл як бор. Қиссаи «Табартақсими навбатии асри 21» воқеан эчоди хаёли ин чониб буд ва он чй ки рост аст ё дуруғ ман онро ба қазовати Халлоқи 18 ҳазор олам месупорам. Шояд боз шумо ҳангоми мутолиаи ин ангора чониби Ватандор фарти ҳақоратро раво бинед ва гуед, ки «бинед и Ватандора ай худуш пайғамбар метроша, пешвои миллат шудан мехоҳа». Ба худо на! Воқеан бо шукргузорй аз дуст ва ҳамАндеши азиз Точвар бо ҳазор дарду дустдорй нисбати ба Ватани азиз иброз медорам, ки ман Ватандорам. Шояд ин андоза пеши чашми Шумо «патриотизм» тобад. Мукарраран мегуям, ки ҳамаи шумоён хонандагони азиз, ки чониби муаллифи ин ангораҳо туда-туда ҳақоратро раво дидед, шумо низ Ватандоред. Ин мазмуни он нест, ки танҳо Додочони Атовулло Ватандор аст. Ватан танҳо а у нест, аз мост низ. Ман талоши уро қадр мекунам, дар гиристанҳояш мегирям. Дар хандаҳояш саропо масаррат. Аммо отифае, ки камина мепиндорам бояд на танҳо чаноби Атовулло, балки кулли нафароне, ки Ватанро дуст медоранд, ҳуввияти ватандорй бояд дар зеҳни ҳамаи мо ватандорон милод ёбад. Ин сафҳа аз они Шумост, тавре Точвари азиз мегуяд, ман тани танҳову сари қоқ бори гарони масъулияти муҳаббати Ватани азизро кашида наметавонам. Ман ба ин иқрор мешавам. Шумо бо мо ҳама тавъамем. Аз он ки аз ватандории Додочони Атовулло туршихлосии хештанро баён доштам, у, ки устоди камина буду алъон дар ғурбат умр ба сар дорад, медонам ки ин ҳарфҳо аз касири мачбурияти вичдон руйи сафҳа омаданд. Ва ман то ба ҳануз на фақат ба Додочон балки ба кулли Шумоён ниёзмандам. Оҳ, дилам мехоҳад, ки на танҳо Додочон, балки кулли ғурбатиёни беватанаи дур аз ватан дар ватан зиндагии осоишта дошта бошанд. Ҳамаи эшон дар дохили ватан бошанд. 
Ман кулли ватандорони андаруни ватану берун аз ватани беватанон мурочиатан иброз медорам, ки баҳри фардои гулшукуфоии миллату халқ танҳо бурузу зуҳури ҳисси ватандории ману шумо чун обу ҳаво зарур. Бигзор хуни ман андарин набард пеши пойи шумоён ҳаммиллатону ҳамватанону ватандорони гиромй бирезад. Танҳо ба як хотир: Бигзор рузи рушной, ки мо надидем, фарзандони мо бинанд. Баҳри фардои миллату давлат. Мо халқи тарсу набудем, мо зодагони Рустаму Кова, Деваштичу Спитаменем. Худоё, чй рузест, ки мо зери эзори чинси латиф паноҳ бурдаем. Наход аз гиребони як ду модарбахатои миллатфурушу ватанфуруш гирифта натавонем. Ин албатта даъват ба хунрезй нест, савганд ба номи халқи азизам, ин танҳо аз ману шумо фарҳанги раҳпаймоиву митингдорй мехоҳад. Мо ҳама ба ҳамдигар эҳтиёч дорем. Ман ба кулли сокинони Точикистон ва нафароне, ки соҳибвеблог ҳастанд руйи ниёз меоварам. Бародарону хоҳарони азиз, маро не, ватани азизамро аз касофтабориву СПИД-у гуруснагиву қаҳтиву қимативу ноадолатй, ки дар асари ҳукуматдории сулолаи Раҳмон ба вуқуъ пайваста аст, начот диҳед. Вагарна кишваре чун Точикистон анқариб ба доми… Худованд ҳофиз бош! Омода ҳастам на танҳо бо оқои Атовулло, балки бо кулли ватандорони воқей ҳамкории судмандро ба роҳ монад. Иттиҳод рамзи пирузист!
Просмотров: 1923 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 3.8/5 |
Всего комментариев: 4
4 СИЁВУШ АЗ ИМА  
0
ПАЁОМ БА ШУМО ВАТАНДОРИ АРЧУМАНД!!
МАН НИЗ БА ГУФТА ВА АКИДАИ ШУМО САД ДАР САД РОЗИ ХАСТАМ . ХУД КАЗОВАТ КУНЕД БЕШ АЗ
1 МИЛИОН НАФАР АХОЛИИ ТОЧИКИСТОН ДАР РУСИЯ БАСАР МАРАНД.ВА ИН ХАМА АЗ НОДУРУСТ ИДОРА КАРДАНИ ДАВЛАТ АЗ ЧОНИБИ СУЛОЛАИ ДАНГАРИЁН Ё НАМЕДОНАМ РАХМОНИЁН МЕБОШАД.ИН ДЕПУТАТХОИ БА ГУФТА ВА ТАЪБИРИ УСТОД БОЗОР СОБИ "ПАЛИДАКУ РИДАК" ДАР ПОРЛУМОН БА "ХАЛЛУ ФАСЛИ" КОНУНИ МОШИНХОИ СИЁХШИША МАШГУЛ ХАСТАНД. ОХИР ХАМОН МОШИНХОИ СИЁХШИШАРО ТАНХО ПИСАРОНИ ФАЗИРУ КАБИР АЗ КАБИЛИ УБАЁДУЛЛОЕВУ, ХАЁРУЛЛОЕВ ВА САМИЕВУ ВА САДХОИ ДИГАР РАЗИЛЕВУ ПАЛИДЕВХО КИ ИМРУЗ САВОРИ АСПИ МАНСАБАНД СОХИБАНД ВА ПИСАРОНИ КАМБАГАЛ ХАТТО КУДРАТИ ХАРИДИ МОШИНИ ТАМГАИ ЗАПАРОЖРО ХАМ НАДОРАНД.
ХУЛОСА НУШАД БОД ВАТАНДОР НАВИС ВА ОНАИ ЗОРИ ИН ХОИНОНИ ВАТАНРО НИШОН ДЕХ.
БА КАВЛИ МАРДУМИ ЭРОН КУРБОНИ ЧУНИН ВАТАНДОР ШАВАМ.
БО ДУРУД АЗ НЮ ЙОРК - И ИМА

3 Vatandori Bevatan  
0
Salom ba khonandagoni in Somona
Ai mardum okhir bubined ki chi nange ast baroi vatani mo, Tojikiston ba kulli az bain rafta istodaast chun zindagi ba tang omada istodaast barodaroni Badakhshoni khudro tojik nameguyand Tamomiyati nohiyai Tursunzoda uzbak shudaast viloyati khatlon 80 dar sadash uzbak shudaast.
In zaminhoro Rahmon furukht ba Khitoi. Okhir to ba kai in badbakhti chun barodaroni tojik shumo charo in kadar azobu shikanjai rusi lain ro tokat mekunedu hamin yak avlodi Rahmoni dangararo nobud karda nametoned?
Ei tojik tu nomus doriyo ne?
Aslan man alon shahrvandii konodo doram va dar konodo zindagi mekunam ammo dilam resh resh meshavad vakto holi tojikro mebinam. Maro dar 12 solagi az vatan rondand man on kadar khub da yod nadoram on vatanro fakat katorahoi khuni mardum dar kurgonteppa khotiram mondastu bas
He mardumi tojik khub biyoed yakjo in sulolaro nobud sozem .
Man az hech chiz kam nestam ammo ba khotiri one ki in tojikoni uzbakiasl maro az vatan berun kardand dar khurdi va ba khotiri one digar zamini vatani azizi mo Tojikiston furukhta nashavad man tayor hastam to dar inkilob ishtirok kunam
Ai tojik nomus dori yo ne?????
Ai tojik tu dar russiyo mardikori mekuni azob mekashi amo in uzbaki asli sulolai Rahmoniho zanu dukhtari turo gulom kardaast ba zuri az khonho mekashd juyaki pakhta kaland mekunad va dar garmo pakhta mechinad in dukhtari kadrasidaat va bad shab ki shud tani latifi khastashudai dukhtari turo to subh ranj medihad TAJOVUZ MEKUNAD
Va bo in hama ei Tojik tu nomus dori yo ne?????

2 Ватандор -2  
0
Салом ба шумо Ватандори азиз.Ман аз рости хело мехостам ки дер боз чунин сомона дари худро ба руи хаводорони сухани хак боз кунад ва камбуду хатоги ва хиёнати ин модарбахатохоро(таъбири худатон )бе ягон харос гуяд. Аз он ки баъзе аз нохалафон ба шумо суханони носазо гуфтаанд ман хело мутаасиф хастам ва ман гумон кардам ки шумо баъди ин амали палидакхо дигар матлабнависиро хотима мебахшед вале чун мебинам шумо вокеан "ВАТАНДОР" хастед ва часуронаву далерона менигоред аз хасудихои Рахмониёну сулолаи Дангариён. Кас ба рохбарии ин хасисони хасуд нигариста гумон мекунад ки дар давлати Монархияви зиндаги дорад.
зинда бошед Ватандори азизу часуру далер!!!!!!!!!

1 Зардузи Сугди  
0
Дуруд устоди муътабар, Ватандор!
Навиштахои шуморо мехонаму ба худ меандешам,ки вакти садо баландкунии хар як сохибватан расидааст,зеро мо намедонем, ки ин кишвари кучаки азизи моро бархе аз шахсони ба ном "Сохибватан" кайхо байни худ таксим намудаистоданд. Аммо бархе аз бехабарон ин торнамои Ватандорро як падидаи фитнаангез бахо медиханд ва дар баъзе пайнавиштхои нигоштахои шумо харгуна суханхои фахш мегуянд.Эй бародарон! Оё хиссиёти баланди ватандори дар тинату вучуди шумо чуш намезанад? То кай мо дар гурбату мардикори зери таъкиби ачнабиён карор мегирем. Мо бехабар аз он ки дар дохили Ватани худамон таксими мерос рафта истодаасту,бархе аз бародарони берун аз Ватан мардикори мекунанд. Ин садо аз он калбе бурун меояд, ки вокеан дар вучудаш, дар рагу пайвандаш хуни Ватан чуш занад. Мо бо шумоем ВАТАНДОР!

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz