ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 14:56
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Май » 23 » Ватандоре аз Конодо ва Ватандор-2
Ватандоре аз Конодо ва Ватандор-2
13:54

 Аз ростй номаи зер, ки дар зерсафҳаи «Назаргоҳ» пайдо кардам, маро ба андешае водор сохт. Дер боз сари ройона фикр мекунам, ки чй чизаке барояш нависам. Дар ин рузаки хисолудаи боронаки баҳорй субҳгоҳй кампиреро дидам, ки худ бо худ мегуфт:

 

«Худоё, ҳар чй ки ба худ гирифт насибаш накунад, бар баччаву каччааш ҳаром бод, каллааш мисли себчаи сари шохи дарахт канда шавад, луқмаи да даҳонуш буда заҳр гардад…» ва ҳазорҳо алфози қабеҳтаринро руй ба осмону дасти бардошта дуо мекард, ки аз ростй ман дар чоям шах шуда мондам. Ҳатто натавонистам ташхис бидиҳам, ки ун кампири долмиён чй касеро дуои бад дорад. Аз он ки ун кампир аз мо дуртар дар маҳалле зисту иқомат дошт, омада баъди салому алейк пурсидам, ки «оча, кира дуои бад дорен?» Як ба руям турш нигаҳе афканд ва бо овози ҷасуронаву озод гуфт: -Охи ҳами президентата дуои бад дорум, хонаш сузад, нафақама зиёд намена, ба ин нафақа ман намедонум чй харум, ним кило гушт бхарум?

Гуфтам, ки оча наметарсй, ин қадар бо овози баланд дуо мекунй?

-Ай кй бтарсум? Ман ай худо метарсум, ай бандааш наметарсум, гирад чонма мегирад, дилумда ин зиндагй задай, ҳатто вақти гушнагии чанги бузурги ватанида и тарй азоб накашида будем.

-Оча, дуо нек кунед, иншооллоҳ нек мешавад, аз худо тавфиқаш талабед, шояд худо инсофаш бидиҳад,- бо мулоимй хостам фаҳмонам. Аммо гиряи зан, овози чонхарошу дилгудозу риққатовараш аз пештар бештар баланд гардид, аз чашмонаш оби дидааш ба руйи пур аз ожангаш, ки чуяҳои пахтаро мемонданд равон шуду бо гулуи пур аз гиря гирифта гуфт:

-Ман ин худозадара 16 соли расо дуои нек кардум, худо инсофаш намедодааст, агар инсоф медод, рузи аввали кориаш медод.

Тарбуз аз бағалам афтид, аз чашмонам бидуни ихтиёр ашк заҳид, худро ба даст гирифтам, канорае рафтам. То ба ҳануз аз пеши чашмам дастҳои пажмурдаи ба суйи осмон бардошта, қомати хамидаву чеҳраи аз зиндагй безоршудаи он модари зор дур намеравад.

Худоё, чй рузи сахтест, модари точик аз мурдан наметарсад. Ватандори точик марги хеш металабад. Дар айёми пирй интизори он аст, ки зоро нафаре биёяду ҳангоми дуои бадаш аз таги каши дасташ бигираду бараду парронадаш. Нон намеёбад, ки хурад, ду фарзанди бечорааш дар чанги шаҳрвандй аз дасти қумондонҳои фронти халқй чон ба чаббор супориданд. Як фарзанди дигараш дар муҳочират беному нишон гашта, соли ҳафтум аст, ки ватану модари пирашро фаромуш кардааст. Худованд накунад, ки дар дами теғи скинхедҳо мурда бошад. Ин модари пири қоматхамида аз зиндагии сагона безор аст, ҳар лаҳза чаноби олии хамешашоҳро дуои бад мекунад. У 16 сол дуо нек кард. Нашуд. Худованд мегуяд: «Нафаре, ки ман ба залолат бурдаам, ҳеч кас хидоят карда наметавонад, нафаре ки ман ҳидоят фармудаам, ҳеч кас ба залолат бурда наметавонам».

Шоҳи мутлақи Точикистон низ бармеояд, ки нафари ба залолат бурдаи худост. Уро касе ром карда наметавонад, уро касе ба ҳидоят даъват карда наметавонад. Намруди лаъину Фиръавни бадбахт низ ҳамин гуна дар залолату чаҳолат буданд. Худо ду пояшонро аз ҳаво овард. Шеваи ватандорй аз ин зан бояд омухт. У часур аст, забони озоду дили ранчур дорад. Бадбахтона мо мардон ҳеч чиз гуфта наметавонем. Муҳим нест, ки бояд ҳатман дуои бадро омузем. Ақалл озодона мисли хамин модари зор садо баланд карда наметавонем. Мо ҳуввияти ватандорй надорем. Барои мо фарқе надорад, ки ватани моро чаҳор пора мекунанд, мефурушанд, миёни хешу ақрабо тақсим менамоянд. Зиҳй чунин модарон, ки дар чамъияти мо то ба ҳануз нафас мекашанд.

Дар охир номаи бародаре, Ватандори беватане аз Конодоро меорам. Хучаста бод, иттиҳод. Инак ду ватанадори дигаре пиромуни мо печид. Марҳабо. Зимнан барои маълумот номаи ин бародаре, ки аз руйи гуфташ дар синни 12 солагй тарки ватан намудаасту ичборан аз зарбу лати ачнабиёни ғайриточик аз ватан беватан гаштааст, бароятон дар охири ин навишта меорам. Шумо низ ба мо бупайвандед ватандорони азиз.

 

Vatandori Bevatan
"Salom ba khonandagoni in Somona Ai mardum okhir bubined ki chi nange ast baroi vatani mo, Tojikiston ba kulli az bain rafta istodaast chun zindagi ba tang omada istodaast barodaroni Badakhshoni khudro tojik nameguyand Tamomiyati nohiyai Tursunzoda uzbak shudaast viloyati khatlon 80 dar sadash uzbak shudaast. In zaminhoro Rahmon furukht ba Khitoi. Okhir to ba kai in badbakhti chun barodaroni tojik shumo charo in kadar azobu shikanjai rusi lain ro tokat mekunedu hamin yak avlodi Rahmoni dangararo nobud karda nametoned? Ei tojik tu nomus doriyo ne? Aslan man alon shahrvandii konodo doram va dar konodo zindagi mekunam ammo dilam resh resh meshavad vakto holi tojikro mebinam. Maro dar 12 solagi az vatan rondand man on kadar khub da yod nadoram on vatanro fakat katorahoi khuni mardum dar kurgonteppa khotiram mondastu bas He mardumi tojik khub biyoed yakjo in sulolaro nobud sozem . Man az hech chiz kam nestam ammo ba khotiri one ki in tojikoni uzbakiasl maro az vatan berun kardand dar khurdi va ba khotiri one digar zamini vatani azizi mo Tojikiston furukhta nashavad man tayor hastam to dar inkilob ishtirok kunam Ai tojik nomus dori yo ne????? Ai tojik tu dar russiyo mardikori mekuni azob mekashi amo in uzbaki asli sulolai Rahmoniho zanu dukhtari turo gulom kardaast ba zuri az khonho mekashd juyaki pakhta kaland mekunad va dar garmo pakhta mechinad in dukhtari kadrasidaat va bad shab ki shud tani latifi khastashudai dukhtari turo to subh ranj medihad TAJOVUZ MEKUNAD Va bo in hama ei Tojik tu nomus dori yo ne?????»

 

"Ватандор -2
Салом ба шумо Ватандори азиз.Ман аз рости хело мехостам ки дер боз чунин сомона дари худро ба руи хаводорони сухани хак боз кунад ва камбуду хатоги ва хиёнати ин модарбахатохоро(таъбири худатон )бе ягон харос гуяд. Аз он ки баъзе аз нохалафон ба шумо суханони носазо гуфтаанд ман хело мутаасиф хастам ва ман гумон кардам ки шумо баъди ин амали палидакхо дигар матлабнависиро хотима мебахшед вале чун мебинам шумо вокеан "ВАТАНДОР" хастед ва часуронаву далерона менигоред аз хасудихои Рахмониёну сулолаи Дангариён. Кас ба рохбарии ин хасисони хасуд нигариста гумон мекунад ки дар давлати Монархияви зиндаги дорад. зинда бошед Ватандори азизу часуру далер!!!!!!!!! "

 

-----------------------------7d81f4a40672 Content-Disposition: form-data; name="file1"; filename="" Content-Type: application/octet-stream
Просмотров: 1720 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.7/3 |
Всего комментариев: 1
1 Manuchehr  
0
In pirazan az murdani khud nametarsad. Charo ham tarsad, murdan khub nest az on ki bini chi tavr millatat sarnagun shudaistodaast.
Mo tojikon, chi mardumi gumrohi be havsalaem. Tarsi jon dorem, bahri lahzai nafasi shirin oyandahoro az dats dodan roziem.
Chi mardumi kur hastem mo. Dark namekunem, namefahmem ki oftobamon ghurub mekunad. Ba kadom yak sababi nochiz -
oilachai govzodagon jonu tani moro kavshadorandu mo hech chiz yo amale zidddi inho guftan jurat nadorem. Marg bar mo.
Hama nomardem.

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz