ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 11:20
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Май » 24 » Шерхон Салимов: «Чаноби олй хурда сер шудаанд, Рустам ҳам сер аст, президентй ин оиларо зебанда аст»
Шерхон Салимов: «Чаноби олй хурда сер шудаанд, Рустам ҳам сер аст, президентй ин оиларо зебанда аст»
11:35

Интихоботҳои чумҳурии Точикистон зоҳиран демократитарин интихоботҳои дунё муаррифй мешаванд. Ба вижа семинару мулоқот ва фаҳмонидани моҳияти гузаронидани интихобот, ки аз чониби кумиссияи махсуси аз чониби президент Раҳмон таъсис дода шуда мегузарад, касро ба андеша водор месозад, ки дар Точикистон инсон неву кулух зиндагй мекунад. Ва ҳар чй, ки эшон таблиғ мекунанд, бидуни эътироз ва вокуниш анчом мепазирад.

Дар интихоботи ахири президентй, ки яккатозии Раҳмон баръало маълум буд, гуруҳи таблиғотй ба вилоёти кишвар сафар анчом доданд. Аз чумла дар вилояти Хатлон, ки ин чониб иштирокдори он чамъомад будам, то ба ҳануз аз хотирам зудуда намегардад. Шерхон Салимов, ки яке аз мубаллиғини барчастаи семинарҳои пеш аз раъйпурсй, ки дар он ду ҳафтсола дар имконияти интихобот шудани Раҳмон талаққй мешуд, бо даҳони пур ва бешармона ба суоли он ки «агар интихоби президент дуҳафтсолагй сурат бигирад, оё ба дунболаи он ба Эмомалй шонси ҳамеша президент монданро намедиҳад?» гуфта буд, ки «Озарбойчонро бинед, Туркманистонро бинед, ин хуб аст, мо агар шахсияти навро интихоб кунем, он шахс то хурдану сер шудан ва омухтани маҳорати президентй боз чанд соли дигар мегузарад, барои мо магар хуб нест, ки ба муҳтарам Эмомалй Раҳмонов шукргузорй накунем, зеро ин шахси бузург аз ин марҳилаҳо аллакай гузаштаанд».

Ба мантиқ бингаред. «Аз ин марҳилаҳо (!) гузаштаанд». Ин беҳтарин ва ростинтарин посух буд, ки чаноби Шерхон Салимов мегуфт. Пас бармеояд, ки президент Раҳмон 27 килограмм вазни изофагиро дар натичаи хурдани хуну гушту сангу хоки Точикистон баъди президент шуданаш ба даст овардааст. Оре, чаноби Шерхон Салимов, ки имруз яке аз «хурандаҳо»  ва наҳангҳои чумҳурист, он лаҳза ин ҳарфҳоро бидуни ихтиёр гуфта буд. Ин каззобони дуруя ҳарчанд мехоҳанд дуруғ гуянд, аммо худованд ҳар лаҳза ноаён ба даҳони эшон сухани ростро меандозад, ки худ бехабар мемонанду дубури якдигарро мекушоянд.

Дар он семинар суоле шуд, ки оё чунин корбурди интихоботи президентй аз насл ба насл гузаштани курсии президентиро ба оилаи Раҳмон таъмин намекунад? Боз ҳамин Шерхон Салимзодаи наҳанги чумҳурй иброз дошта буд, ки ин беҳтарин роҳ аст. Зеро шоҳзодаро шоҳй зебад. Чунки у аз хурдй ба ин нон одат (!) кардааст, заҳмати (?) падарро ҳар руз дар ғами халқ (?) мебинад, шаке нест, ки у дар ояндаи президенти хуб мешавад.

Дар паси ин ҳарфманзараҳо хонандаи закии сомонаи Ватандор бидуни иғроқу воҳимаву муболиға боз як пасманзараеро хоҳад дид, ки мувофиқи табъ иваз кардани қонунҳо бо раъйпурсии руякиву сохтакорй, поймол намудани ҳуқуқи ватандории ҳар сокини дар ватан будаву дур аз ватан, боз ва боз зиёд шудани сафи муҳочирон, аз они як ду оила шудани кулли коргоҳи истеҳсолии Ватани азиз, дар асари муҳочират кам шудани теъдоди мардон ва дар кишвар боқй мондани сафи занон ва аз ин пешомад ру ба фоҳишагиву танфурушй овардани занон, боз ва боз қулф задан ба даҳони озодгуву дар кучаҳо равон шудани хуни точикро меорад. Аз ҳама беш кишвари Точикистон ба ном ҳуқуқбунёду демократй, аммо дар асл кишвари меросй ва шоҳаншоҳй боқй хоҳад монд. Аз ин фурсат истифода бурдани боқй косалесону сагони вафодори ва дар вазифаҳои баланд то абад боқй мондани эшонро таъмин менамояд.

Мисоли оддй: Пеш аз интихобот чанобашон сарварони чаҳор вилояти Точикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоевро пиромунаш чамъ меоварад. Як зиёфатаке меорояд. Бо як нигоҳ мазмундор ба ин панчгонаи каллачунбони кишвар назар меафканад. Аллакай моҳияти масъала фаҳмо. Раисони рамузфаҳм ҳам «аз дуст як ишора, аз мо ба сар давидан», хуб шудааст, чаноби олй, мо фаҳмидем. Танҳо дар замони салтанатронии президент Раҳмон яккаву ягона раиси вилояти саркаштарин экс-раиси вилояти Суғд Абдучалил Ҳомидови узбак боқй мемонад. Аммо сари ин узбакро чаноби олй бо як ишора хурда буд, ки Ҳомидов дар чавоби саркашиҳояш лаззати якумрии маҳбасро чашиди истодааст.

Бармегардем сари зиёфати панчгонаи кишвар ва шоҳи муаллақи Точикистон, ки пеш аз интихобот сурат гирифта буд. Мазмунан ҳамаи раисон фаҳмиданд, ки аз минтақаи худ сад фисадй овоз гирифта медиҳанд. Баъд бо табъи дил дар зери сояи қаноти чанобашон ҳар г….е, ки хоҳанд мехуранд. Назди чаноби олй ваъда медиҳанд, ки минбаъд барои дар вазифаҳои баланди давлатй боқй мондан, аз вилоятҳои хеш сад фисадй овоз аллакай пешакй тайёр аст.

Ҳамзамон раисони вилоятҳо ба вилояти хеш омада, раисони навоҳии худро даъвати фаврй менамоянд ва ҳамзамон пеши эшон вазифагузорй мекунанд, ки барои идомаи даврронй дар мансабҳо давлатй бояд аз навоҳии хеш ба чаноби Раҳмон сад фисадй овозро таъмин кунанд. Модули осонтаринро бинед, ки раисони навоҳй дар ноҳияҳои худ раисони чамотаҳоро чамъ меоранд ва ҳамзамон тавре, ки аз боло омад, ҳамин тавр минбаъд дар қаноти чаноби олй мондан аз чамоатҳо худ овози ҳарчй бештар овозро таъмин бояд букунанд. Раисони чамоатҳо бошанд сарварони мактабу боғчаҳо, ки чойҳои асосии ҳавзаҳои интихоботиянд бо ваъдаи панч сотих участкаи наздиҳавлигй ва гузаштан ба вазифаҳои боз ҳам баландтари соҳаи маориф муваззаф менамоянд, ки ҳатман аз ҳавзаҳои интихоботии худ ба шоҳи абад-ул-умри точик Раҳмон сад фисадй овозро дарёбанд, агар не, бигзор зоянд. Ва ҳамин тавр ҳам мешавад.

Ин гуна маймунбозй на танҳо дар интихоботи президентй, балки дар интихоби вакилони порлумон ва раъйпурсиҳои умумихалқй низ бо ҳамин гуна модули осонакак сурат мепазирад.

Фақат ва фақат нафароне дар вазифа мемонанд, ки ба қавли наҳанги кишвар Шерхон Салимзода «хурда сер шудаанд».

Ном ба ном овардан шарт нест, ки раисони навоҳй, вилоятҳо, вузарову кубаро ба чуз курсиивазкунй дигар ибиткоре нишон надодаанд. Онҳо ҳама хурда сер шудаанд.

Инак ватандорони ниҳоят азизи ман, мову шумо кулухем, танҳо мову шумо гуруснаем, боқй мансабдорон серанд. Тибқи таъбири Шерхон Салимзода агар мо аз берун Бурй Кариму Тоҳири Абдучаббор, Бозор Собиру Саттор Турсон ва аз дохили кишвар Раҳматилло Зойиров, Рачаби Мирзо, Муҳаммадрузй Искандаров, Қувват Султон ва дигаронро ба маснади президентй баргузинем, инҳо то хурда сер мешаванд, ки боз 16 соли дигар лозим. Барои ҳамин бигзор чаноби олй, ки нав хурда сер шудаанд, дар ин курсй то ҳамеша, то ҳаст дунё ва то абад боқй монанд. Чй гуфтед? Шоҳй шоҳзодаро зебад, у низ хурда сер шудааст. Лекин Шерхон фаромуш кардааст, ки «Чашми танги дунёдори ҳариси палиди хуношоми модарбахатои миллатфуруши ватанбезорро ё қаноат пур кунад ё хоки гур».
Просмотров: 4176 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.5/4 |
Всего комментариев: 7
7 Шерали  
0
Акидаи ман ин аст, ки мо худ бо гургон гусфанд дода истодаэм, дар холе, ки гурги калон сер шудааст. Ман гуфтаниам,ки сер будани чаноби оли боиси пешравии мамлакат нахохад гашт, дар он вакте, ки гирду атрофашро хама чосузону куфрони гурусна гирифтаанд.
Ба хамагон мехохам расонам,ки дар чахони имруза гузаштан ба хаети "устойчивого развития" яъне зиндагии осиишта аз хама чихат. Барои ин дар руи олам бояд як-милярд ахоли зиндаги намоя дар кишвари мо бошад хама сарварону халос. Азчихати дигар имруз мо чавонон гуломи карда хаёти худро дар хатар мегузорем аммо сарварони мо бошанд боре дар инбора фикр намекунанд. Магар ин ачиб нест агар мо фикр кунем аз фикри онхо бохабар мегардем, оё максади онхо ин нест магар онхо марги моро намехоханд, мо имруз гуломи карда хазинахои онхоро пур мекунем баъдан ба пири нахохем расид, яъне онхо намехоханд касеро нафакадихан....

6 Dardoshno  
0
Ба хамагон маьлум аст, ки дар чумхури аз хисоби маблагхои чалбгардида Марказои татбики лоихахо , ки ба азнавсози, таьмиру тармими обьектхои сохахои гуногуни хочагии халк ва бевосита дар раванди пешбурди ислохот фаьолият доранд. Маблагхои зикргардида аслан аз хисоби ё хар гуна грантхо ё кредитхои аз чониби ташкилотхои молиявии баиналхалки чудогардида мебошанд. Чун харвакта, соле як ё ду маротиба ин лоихахо аз тарафи назорати давлатии молияви тахти санчиш карор мегиранд, ки хадаф аз он ин таьмин намудани истифодабарии максадноки маблагхо ва пешгири намудану хар гуна пулхуриву такаллубкори. Дигар он,ки вазифаи аз хама "серравгантарин" дар раванди фаьолияти маркази татбики лоиха, ин вазифаи "мухандис-сметачи", ки тамоми раванди "корхои сохтмони" тахти чатри у карор дорад. Xуб, дар яке аз чунин вазифахо, бародари худи Салимов Ш., Салимов Нурхон ба хайси "мухандис-сметачи" кору фаьолият мекунад. Як чиз ба монанди муодилаи пур аз иксу игрек норавшан аст....Хангоми ба зердастони хеш фармону супориш доданаш чихати тафтиши молиявии чунин марказхо, чи мегуфта бошад...ки бародараш ун чост ва ё чое ки бародараш фаьолият дорад ба кулли корхояшон шаффоф хаст?Холо он, ки кучое сохтмон аст...худ ба хамагон маьлум аст ки он чо чи хаст.....

5 vatandor  
0
Ватандорони арчманди ман.
Меҳрнуши азиз! Бисёр мехоҳам маро на устод, балки як ҳамватани хеш, чуноне, ки самимияти ватандорй доред, ҳамин гуна як ватандоре номед. Алъон ман ба дарачаи устодй нарасидаам. Ман ба шумоён ниёз дорам. Аз шумоён чизе ба худ мегирам. Дарди ватандорй дар навиштаҳои шумо эҳсос мекунам.
Оне, ки аз кулух оташ парид, ин ҳукуматдорон намедонанд, ки рузе мерасаду худи халқ ба по мехезад, чонаш чунон ба лаб меояд, ки ҳатто нафаҳмида мемонад, ки чй тавр бо белу каланд ин тахту точро сарнагун кардааст.

4 Мехрнуш  
0
Дуруд бар Шумо бод, устоди гироми Ватандор!
Шумо хеле оли гуфтад, мо кулух хастем. Вале ин дафъа бо кушишу захомати бевоситаи шумо ва бо зарби суханхои буррандаатон, вокеан аз кулух оташ парид. Ин оташпорахо далели онанд, ки хамаи он Чашм тангони дунёдори ҳариси палиди хуношоми модарбахатохои миллатфуруши ватанбезорро окибат саропо месузонад. То ин дам Шерхонро (Шеру хун) ро як инсони аблах гумон намекардам, вале ин букаламун худ намедонад чи тавр ба чаноби олияш лаганд бардорад. Ай пайпоклес! То ин дам маддохон, лагандлесону деглесон чи шуданд, ки боз ту шави?

3 Darius II  
0
In qadar malumoti daqiq az kujo?
In chunin maqolahoro tanho kasone metavnonand binavisand, ki dar "guruhi" Rahmon budand qablan yo al'on hastand.

2 Follower  
0
Инаш матлаби хуб, офаринатон. Намедонистам ки Шерхон Салимов ин гуна аблаху гуломтабиат аст

1 Vatandori Bevatan  
0
Anonimni

He he he oyo aslan mardumi tojik akalan 10 dar sadashon medoand ki INTIKHOBOT chist?
Oyo fark baini intikhoboti parlumonu intikhoboti prisidentiro mefahmand?
Bad in ki tamomiyati javonon dar urssiyo hastand va aslan dar borai Putinu Medvedev khub medonand nazar ba in Vatanfurushi Rahmon
Bad in ki dar tojikiston fakat 4 nafar zanu kudaki pakhtachin mondaast ki eshon ba khotiri yak ruz az pakhtachini ood shudan meravand dari maktabho va ba chi imzo guzoshtanashonro ham namedonand.
Va besabab hukumatdoroni chashmgurusna ruzi intikhobotro ruzi 6 -umi noybr namondaand in ham avji pakhtachinist
He mardum yak bor raved holi zori mardumi viloyati khatlonlro bubined
Giryaaton meoyad


Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz