Боз як даҳшати дигар. Хуни модари точик дар кучаҳои Маскав боз рехт. Хуни муҳочирон, парандаҳои мусофири точик боз нақши кучаҳои Маскав шуд. Боз як модари точик, ки ҳамроҳи шавҳар баҳри дарёфти қути лоямут раҳ суйи ғарибй гирифта буд, бо ҳазор ормону умед бо чашмони нимавои ба дунё дилкашол марги ичбориро дар мусофират пешвоз гирифт.
15 октябр, соати 15-у 30 дақиқа бо вақти Маскав, дар кучаи Бутлеров (тарафи чанубу ғарбии Маскав, дар шафати гузаргоҳи Иттифоқи касабаи ФР) аз чониби нохалафе суйи зану шавҳари точик, ки муҳочирони меҳнатй буданд, тир холй шуд. Зан чо ба чо дунёро бидруд гуфт, шавҳар дар бемористон бистарй гардид. Бечора шавҳар ҳануз ба худ наёмадааст ва намедонад, ки ҳамсараш аллакай дар мурдахонаи марказй қарор дорад.
Падару модар пеш аз ба мусофирати ичборй баромадан, чучаякон-фарзандони дуструяки худро дар ватан гузошт, ишонро насиҳат дода буд, ки бобову бибяшонро ғам надиҳанд, барояшон аз Маскав ҳадяҳо хоҳад овард. Фарзанди калонй-духтараш, ки барқад шудаву лоиқи арусй шудааст, ба хотири чамъ кардани сармоя ва бо номи нек хонадор намуданаш, модари зор аз ватане, ки барои табаааш як тин ҳам ёфта дода наметавонад, берун шуда, тули 8 моҳ буд, ки заҳри беватанй мекашид. Инак, қасди ба ватан баргаштан дошт, аммо тири нохалаф…
Ҳаммиҳанони азизи ман! Ҳамхунони арчманд, ватандорони гиромй!
Боз Точикистон ва ҳукумати бешарму беҳаёи ин кишвар «Груз 200» қабул хоҳад кард. Ин ки табааашро чунин ҳукумати комилан фарсудаву аблаҳсито сариштаву нон дода наметавонад, ҳич чойи баҳс нест.
Аз бобати президент Раҳмон ҳама медонанд, чойи гилае аз у нест. Ҳатто рузи 10 октябр дар Саммит дар вохурй бо ҳамтояш Медведев масъалаи муҳочирон ва тарзи дифоъи ҳуқуқи ишон гуфта натавонист. Гуфта тавонистан он су истад, у ҳангоми вохурй ҳатто ба сараш назад, ки дар кишвари у «муҳочирони ичбории меҳанатй» гуфтанй қишри зиёди чомеае ҳаст, ки у-яъне Раҳмон аз уҳдаи пушонидану хуронидан намебарояд. У ҳатто ба хотир овардан намехоҳад, ки фисади зиёди даромади бучаи кишвар аз ҳисоби муҳочирон аст. У намедонад, намедонад ва намедонад, ки намедонад ва ҳамин гуна надониста рузе дунёро бидруд мегуяд. Пас оё мешавад, ки хуни шуҳадои точикон дар Маскавро ба гардани Раҳмон барин нафари «пешво» таҳмил сохт? Ҳич гаҳ!!! Аҳволи Раҳмон ба ҳама маълуму равшан.
Сарвазир. Муҳтарам хомуштарин хомушаки ҳукумати Точикистон-Оқил Ғайбуллоевич! Тарсутарин марди точик, сустэмонтарин ҳукуматдори точик, бемасъулияттарин чоплус! Садруятарин чаласавод. Ҳатто наметавонад, бидонад, ки дар чй курсие нишастааст. Ҳатто ба жарфнои мадраки у андешае намезанад, ки курсии сарвазирй курсиест, ки ҳампаҳлуйи президентист. Намедонад, ки дар дигар мамолик сарвазирон алайҳи президенташон ҳар гуна вокунишеро гуфта метавонанд. Оқил Оқилов, надонист, ки надонист! Оқил (хубтараш на Оқил, балки Чоҳил) Ғайбуллоевич ҳатто «вазн» -и вазифа ва масъулияти худро дар ҳузури халқи азиятдидаи Точикистон намедонад, ки намедонад. Пас магар баъд аз ландаҳуру аблаҳи калонй, ба гардани Оқил Ғайбуллоевич барин «мард» хуни рехтаи модари зорро метавон бор кард? Ҳаргиз на!
Порлумони точик! Мурдатарин, гажддидатарин об, ганддидатарин порлумон дар руйи чаҳон. Шалақтарин ароба дар дунё. Магар мешавад, ки хуни рехтаи парандагони мусофири точик дар Маскавро аз домани нопоки чунин порлумон донист? Ҳаргиз ва ҳаргиз! Ин чурми порлумон набуду нест.
Ин чурми президент Раҳмон набуду нест. Ин тақсиру айби Оқил Ғайбуллоевич нест, ки нест.
Ин айби мост, ки мурда-мурда гургоштй (таъбири шодравон Лоиқ) дар Точикистон бо чунин президенту ҳукумату сарвазиру вазиру чазиру порлумон зист ба сар дорем. Ин сазои сари мост, ки хомушй пешаи мост. Мо аллакай тули 17 сол одат кардем, ки ҳар руз аз фурудгоҳ тобути ғарқи хун-«Груз 200» қабул кунем. Агар як руз ҳам чунин тобут аз Русиё ба Точикистон наояд, ин ҳукумату президент, порлумону вазиру сарвазиру сарчазир дилашон хавотир мешавад, ки чаро мурда наомад? Ин тудаи ҳукуматдорон низ одат кардаанд, ки руйи хуни муҳочирон рақс бикунад. Пас мо хомушон ба ин рақси ишон бояд кафкубй намоем?
Ватандори шумоён мегиряд, аз чашм хун мегиряд. Модари Ватандори шумоён низ замоне аз дасти ин ҳукумат ба дорулбақо реҳлат карда буд. Ватандори шумоён ҳамраҳи фарзандони синабирёни ин модари зори гулгункафан мегиряд. Рузе мерасад, ки ҳамаи мо баробар хоҳем гирист. Ҳатто ин ҳукумат низ!!!
|