ВАТАНДОР
Шанбе, 27.04.2024, 02:03
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Октябр 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Октябр » 30 » «Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромуш намешавад, марги Ҳасан Асадуллозода низ»
«Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромуш намешавад, марги Ҳасан Асадуллозода низ»
07:42

Ифтитоҳи як хобгоҳчаи донишгоҳи олй дар Душанбе бори дигар исбот кард, ки билкулл ҳукуматдории кишвар ва зердастони ин ҳукумат ҳамагй ба чуз тамаллуқу худотарошй аз чисми хокй дигар коре надорад. Ҳануз ба худ суол медиҳам, ки оё воқеан точикону точикистониён бешарафанд ва ё шарафманди сукутзадаву тарсу? Дар таърихи 24 октябр намунаи беҳтарини мазҳакаи ашколуди Точикистонро чаноби Раҳмон ба чаҳониён нишон дод.

Субҳгоҳй донишчуяконро масъулини донишгоҳ водор карданд, ки каридори зинда бишаванд. Аз соати 6-и субҳ роҳҳои мошингард ба суйи донишгоҳ баста буд. Аз ин хотир муаллимони бешараф низ аз донишчуён чор руз қабл талаб карданд, ки соати 6-и расо ҳузури донишгоҳ саф ороянд. Духтарони бечораро мачбур карданд, ки танҳо бо як курта бо гулу гулдаставу нону намак (ин тударо нону намаки миллат бизанад) дар субҳе, ки шамолу борони хунукро руйро мелесид, каридори зинда созанд.

Тибқи фармудаи устодон ва ҳатман талабу дархости кадушоҳи дигар-вазири маориф Абдучаббор Раҳмонов ҳама аз субҳ президентро мунтазир шуданд. Бояд аз руйи барнома «чаноби олй» соати 8:30 меомад. Аммо ҳайҳот… У расо соати 9:55 дақиқа ба гушойиши хобгоҳ ҳозир шуд. Чаҳор соати расо анқариб 1000 донишчуй дар зери борону шамоли хунуки тирамоҳй мунтазири воломақом шуданд. Аз ин ҳазор нафар ҳадди ақалл 800 нафари эшон шамол хурданд.

Пурсишҳои аз ҳама калидй ин аст: Ба ифтитоҳи як хобгоҳча ин гуна тамаллуқи соҳаи маориф чиро нишон медиҳад? Оё кадушоҳ-Абдучаббор аз ин омадани президенташ дар ҳузури худову халқи худой ягон мартабаи баландро соҳиб шуд? Худ даруни мошини хидматияш гармакаку нармакак Раҳмонро ҳамроҳй кард, аз шамолу борон эмин монд. Кош нафаре он лаҳза пайдо мешуду уро мурданворй мисли хар андаруни издиҳоми донишчуён лату куб мекард. Кош ба лойу хок оғуштааш мекард, пас ба фарзанди мардум бо чашми тараҳҳум менигарист, минбаъд ин гуна аҳмақиро фаромуш мекард.

Дигар, чанобашон ҳам «ба туф маҳтал». Агар руйи мизи кориаш даъватномаеро бубинад, ки ба ифтитоҳи ҳатто мабразаке дар ягон ноҳия аст, дарҳол парида меравад. Ва он мабразро низ ИНШООТИ АСР мехонад. У дуст медорад гуфтанро, танҳо гуфтанро, ёвагуйиро мепарастад.

Бо он ки аҳмақии ҳукумати раҳмониён қабзаи муштамро фишурдатар мекард, як чи боиси масарррат ва ҳам ашки ман гардид. Ватандорони ман ба бахши охири ин гуфтор гуш фаро хонед:

Як марди ба ору номус дар паҳлуи чапи ин хобгоҳ худи ҳамон шаб (8 соат пеш аз омадани президент Раҳмон) бо ранги сурхи баланд чунин навишт: «Ҳеч кас  ва ҳеч чиз фаромуш намешавад, марги Ҳасан Асадуллозода низ». Ҳадаҳа субҳидам онро тоза карданд. Масъулини амният, ки як ҳафта пештар ба инчоро охурча кардаву пешакй амнияти президенташонро таъмин мекарданд, аз ин амали мардона бехабар монданд. Аммо ҳайҳот, ки субҳидам он навиштачоти мардонаву озодандешонаро ҳамранги девор аз нав рангмолй карданд. Сири хунхории чанобашон агар зери ранг пинҳон шуд, Худованд ва халқи худой кур нестанд, на танҳо ранг, ҳатто хоку сангу оҳанро чашмони ҳақбин шикоф хоҳад кард.

Он марди воқеан МАРД дастгир гардид. Зеро марги асрорангези Ҳасан Асадуллозодаро хубакак медонист. Баъди ин ҳодиса мо хомуш биншинем?
Просмотров: 3712 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 3.5/13 |
Всего комментариев: 9
9 Parviz  
0
honed-honed boz honed

8 Сухроб  
0
Ватандор ту худ як Захок як ТУЛАД АСТИ БАЙНИ ХАЛКИ тОЧИК.Бовари дорам ки ахриман аз ту хубтар аст.Нест ба хмин гуна ватандорхо!!!!
Шайх Фариддудини аттор хангоми истиллохи мугулон(падару бобохои хамин гуна ватандорон) ба гарав гирифта шуда буд.Гуфтанд ки кист баренаш ба дарбор гуломи кнуад.Гуфтанд by олим аст гуфт пас 1000 дирхам барои кор дар дарбораш медихам гуфт сардори мугулон(ватандори дур аз вватани беватан)
Гуфт ман ба 1 дигар дар назди аскари беваоди ту истоданро кабул менамоям ба джои хизмат кардан дар ту.Ва кушта шуд щайх Аттот.
Имруз ватандору додожони атавилла мисли кукла аст ...вате ки кудак медавад хангоме як чукрида зада дод мезанад баъд эхо барин шумо барин ватандорхо ана чукри буд нагуфтед ана тез давид нигох накардед.нигохи сиёсии Шумо хам хами тур аст.кани як гап мукобили баёнотхои Ислом Каримов гуед.слабо барои ки кремль зур подогревать кардестай хами кистонад хам кафотонда эээ форидайтон дияяяя.
Худо душманони халки точика мисли номи харакатшон ки ватандори беватана хама вакт дур аз ватан куни ва джар бари бобои худашон мугулон ва мисли бобои калониаон чингизхон бе кабру бе маконшон гардони!!!!

7 rustam  
0
dar zeri bori nangu zillat in zindagi hamroh buvad ba khijlat

zindabod vatandor... marg bar diktatori la"nati


6 Софидо  
0
Хасан зинда ё мурда?????????

5 Зухал  
0
Худоё чаро ин марум пайваста дар талоши мансабанд, ВАТАНДОР-и азиз магар Шумо боз мехохед ки хуни хамватанонамон резанд? Наход чанги шахрванди ки хазорон нафарро бо рохи фиребу найранг ба коми марг кашид бас набуд? Магар то хол Шумо ташнаи хунед?

4 Рачабали  
0
Савол ба Ватандор, хамин сате, ки Шумо сохта мачаллахоро мегузоред магар аз тарафи хукуматдорони ЧТ контрол намекунанд, кихо мехонанд, кихо медароянд 2) барои чи Шумоён сайти www.charogiruz.ru - ро дигар обновит намекунен 3) агар Д. Атовуллоев аз шуниди мо да олмон бошанд, барои чи хамин сайтро ба домени .de .com .net .org ё ки co.uk намегузоред, для того чтобы было более надежным

3 vatandor  
0
Зебосанами азиз, зинда бошед.
Дасти шумо дард накунад, зинда бошед ва кош сафи Шумо барин зебосанамхои часур аз баъзе мардон мардтар дар кишвар меафзуд.
Бо арч Ватандори шумоён

2 Zebosanam  
0
Inro xoned va xydaton ba xylosa bioyed.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2008/10/081031_so_times_talco.shtml


1 l  
0
Офарин Ватандор. Мо бо туем хамеша.

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz