ВАТАНДОР
Чумъа, 26.04.2024, 10:46
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Октябр 2010  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2010 » Октябр » 24 » Мо сулҳи дурӯғини Гурбашоҳ-Раҳмонро намепазирем
Мо сулҳи дурӯғини Гурбашоҳ-Раҳмонро намепазирем
18:26
Инак, ҳукумат боз бар сари хештан балои дигареро овард. Баъд аз он ки имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Кӯлоб Ҳоҷӣ Мирзоро аз вазифаи имоматӣ маъзул кард, баъд аз он ки аҳли динро бо иттиҳоми бофтаву сохтаи террорист ба иҷборан тарошидани ришу кашидани аврат водор сохт, ба намозгоҳи қароргоҳи риёсати ҲНИТ ташриф овард. Дар ин ташрифот намояндаи амният, прокуратура ва кумитаи дин (аз ҳама кумитае, ки фардо рӯзи қиёмат дар ҳузури Худованд пурсишаш сахттару сангинтар аст, ин кумитаи дин аст) ҳузур доштанд. Намозгузорони ин масҷидро маъа имомаш маҷбур карданд, ки минбаъд дар ин масҷид ҷамъ наоянд ва таҳдид кардан, ки масъалаи имоми масҷидро ба додгоҳ хоҳанд бурд. Ин дафъа дар шоҳмотбозӣ ҳукумат ворастатар баромад. Суперчемпионҳои ҷаҳон оид ба шоҳмот-Карпову Каспаровро ҳукумати Тоҷикистон як нӯл зад. Медонад, ки бо иттиҳоми террористӣ аҳли динро муттаҳам карда, бо осонӣ ба ҳабс мекашад, дар ин зимн яқин эҳсос мекунад, ки ҲНИТ ягона ҳизбҳи исломӣ аст ва шояд (!) ба ин кор дахолат кунад. Лизо, пешакӣ таги пояшро ҳукумат руфта тоза кард. Омаду масҷид-хонаи Худоро оташ зад, то наҳзатиён ин корро идомаи кори террористӣ талаққӣ намоянду бо ҳукумат ҳамдастӣ созанд. Аммо як аблаҳии дигар низ дар ин шоҳмотбозӣ аз ҷониби ҳукумат сар зад. Қаблан рӯзи ҷумъа ба масҷид ташрифи бемаънӣ овард, агар бидуни омадан ба кори масҷид дахолат мекард, шояд ин амалро террористӣ унвон намуд. Аммо чашми наҳзатиён дар ин кор хоҳу нохоҳ ба сӯйи ҳукумат ишора мекунад, ки эшон низ ин хонаиХудосӯзиро аз дасти ҳукумат медонанд. Бо он ҳама ин «шах»-и аблаҳонаи ҳукумат ба худаш як «мот»-и дигарро пеш овард. Хашму нафрати наҳзатиён боло гирифт ва шояд сукути 13 солаи ба қавли сиёсатмадорон ин ҳизби солорро бишкаст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳизби солор садо буланд мекунад ва ё сукут ихтиёр меварзад. Агар сукут пеша кард, пас зарбаҳои дигарро мунтазир бошад.

Аз сӯйи дигар, як барнома ва ҳатто орузи чандинсолаи ҷаноби холӣ ин куллан барҳам задани ҲНИТ аст. Зеро чандин интихоботҳои моқаблӣ исбот сохт, ки Раҳмон аз ҲНИТ шикаст хӯрдааст. Ва ин шикастхӯриҳоро шоҳаншоҳи коғазӣ-Раҳмон наметавонад дар интихоботи соли 2013 таҳаммул кунад. Ин сабаби аслист, ки ӯ бо ин роҳҳо медонад, ки ҲНИТ дар ришгириву сатркашӣ аз масҷид манъсозӣ пеши роҳи Раҳмон мебарояд, боз баҳонаи дигари ба лаби наҳзатиён мӯҳр задани ҳукумат мегардад. Яқин аст, ки то нимаи аввали соли 2011 ҲНИТ-ро ҳукумат манъ месозад (ба шарте, ки фурсат пайдо кунад).
Аз корбурдҳои ахири ҳукумати Раҳмон аллакай мардуми Тоҷикистон норизоӣ баён месозанд. Чун одати деринаву ҳаринаву харинааш ӯ боз ба Турманистон бо ҳамроҳи раққосаҳову ҳофизон сафаре созмон дод, аммо бо сад фисад итминон парво аз фалаку малак надорад, чун оташи ҷангу хусумат ва интиқом аллакай дар ҳар канораҳои кишвар забона задан дорад.

Сужаҳои сохтаи телевизион низ мардумро натавонист бовар кунонад, ки он ҷавононе, ки гӯё аз ҷониби ҲИУ омодагӣ гирифтаанду алайҳи ҳукумати Раҳмон ҷангида истодаанд, дастгир шудаанд. Мардум низ дигар гӯлу гумроҳ наянд. Медонанд, ки «кто есть кто и кто к чему».
Чун дар соли 1997 Раҳмон дид, ки Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн ғалабаи комил ба даст меоваранд, дарҳол сулҳро бо бахшидани 30 фисад мансаб ба ҷониби мухолифин пешниҳод сохт. ИНОТ-и собиқ, ки хеле дар ин зимн иштибоҳи нобахшудании таърихӣ содир кард, сулҳи дурӯғинро қабул фармуд. Ин сулҳи Раҳмон ҳамон қиссаи сулҳи Гурбашоҳ бо мушони Убайди Зоконӣ буд. Гурбашоҳ-Эмомалӣ низ ба мушон ваъда кард, ки дигар сулҳ асту ҳамдигаркушӣ нест. Аммо тӯли 13 сол исбот шуд, ки айнан ҳамон Гурбашоҳӣ Зоконӣ ҳамин Эмомалӣ Раҳмон будааст. Ҳамаи соҳибони 30 фисади курсиҳои мансаби ҷониби мухолифро аз сари мансаб дур сохт ва ба аксари эшон кунҷи зиндону бадаргу маргро ҳадя кард. Ба осонӣ аз сари роҳи хеш ҳамаро якояк дур сохта тавонист. Инак Раҳмон дар кунҷи хилвате ин наворҳоро аз пеши чашмонаш аз касири мастӣ мегузаронаду қоҳ-қоҳ механдад ва ба худаш хитоб мекунад: «Қандта бзан Гурбашоҳ!».

Лекин кунун он Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн нест. Имрӯз алайҳи ҳукумати коғазӣ гурӯҳи мардтарин ҷавонони таҳамтани кишвар, ки синнашон аз 30 сола боло нест, садо буланд кардаанд. Ин оппозитсияи ҷадид дигар иштибоҳи мухолифини пешинро такрор нахоҳанд кард. Бо ҳеҷ ваҷҳу бо хеҷ усуле сулҳи дурӯғини Гурбашоҳ-Раҳмонро нахоҳанд пазируфт. Инҳо киёнанд? Ин таҳамтанони миллат абераву чаберагони САРБАДОРОНанд. Ё сар ба дор медиҳанд, ё Раҳмонро ба дор хоҳанд овехт. Ин аст шиори родмардони мо! Аммо ҳар рӯз то рӯзи ба зери дор рафтани Раҳмон наздиктару тезтар мешавад. Мунтазир бошед, Худованд бо мост!
Просмотров: 3947 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.2/18 |
Всего комментариев: 181 2 »
18 Tojikbacha  
0
Dodojon Atovulloev..man der boz ba saiti Vatandor daromadani budam ammo xushhol az onam ki man imruz in korro karda tavonistamm...Shumo harakati siyosii Vatandorro Raisi dored Ammo shmo yak farzandi OQI vatan hasted.....Xudro vatandor hisob mekuned ammo az tarse ki joni xudro az dast medihed az beruni kishvar gap zada ba darunn dilu gurdai daromadan nardoreddd...Magar vatandor Joni xudro baroi vatan namebaxshad??? Tu boshi az tarsi murdan ba vatan nameoi ba misli Bozor sobire ki dar nazdi haikali LENIN sajda mekunad badbaxtin !!!!!Tu na huviyati milli dori vu na mehre ba vatan....Tu az soli 1991 az vatan durivu yagon xizmate ba vatan az davrai sohibistiqloli nakardai!!!!!Az berun nomi millatro shumovori odamo passt mezanan....MAn har4ande ki dar davrai sohibistiqloli vatan tavvalud shudaham bosham medonam ki tu yak Vatanfurushi BENOMUS astiiiii!!!!Tu barin odamonro DOR intizor asttt!!!Har4ande ki meguyan "Olimi beamal(Dodojon atovulloev) Zanburi beasal!!!!!Bar xdta paron benomusss....Fuck oFFFFF!!!!!!!!

17 Барзу  
0
Мардум аз ин чаноб дар тарсанд бештар курсидорон,ба хотири курси ва чонашон агар ки зан ё духтарашон маъкули чаноб шавад бо дасти худ руйи бистар карда изораша кашида тайёр мекунанд,фардо боз бо фахр мегуянд РАХМАТ ЧАНОБИ ОЛИ КИ Г,,,,!ШАРМАНДАХО,кани хисси милли ва ватандори,додо хар чанд бошад хам руйрост баромад мекунад,фаркаш не ки дар кучост,ин мардист!

16 Мирзо  
0
Мур, рубохаги мурдор туи

15 Safar  
0
Додочон, ту дар Точикистон нести, як бор биё бубин мардум охиста охиста бой мешавад, зиндаги низ хуб мешавад, аку хамаи 7 млн точика вазифа дода намешавад. Ту хомуш меистоди одамо тура фаромуш мекарданд, баъд омада дар ватан ВАТАНДОРИ мекарди, холи ту ватндор не, ки як лакки хасти, хафа нашав

14 ориёнточ  
0
ахсан ба ту фарзанди асил ва хундори милати точик худо ёру мададгорат бод

13 islom_1990  
0
Бародаро ... ман дар хайратам . Дар бораи президент гап задан метарсанд дар инчо бошад демократия . ПЕШРАВИ. якумин сайтеки мебинам чунин бошад . ба созандаи ин сайт минатдор .

12 точик  
0
Бародарон ман Додочонро намешиносам ва хеши=хам надорам лекин дар гуфтахояш хакикат вучуд дорад У дар инчо нест лекин мо хастем Дар хама давлатхои дунё ошкоро камбудихоро мегуянд факат он вакт пешрави мешавад Дунё бедарвоза нест Точикистон низ бедарвоза набояд бошад Камбудиро яку ду нагуяд шахси камбудикунанда камбудиашро намефахмад Дар мо холо чунин камбудихо нихояд бисёр аст Аз руи гуфтанихо асоснок шахсро гунахкор нишон додан нодуруст аст Бачои дашном шумо хали ин проблемахоро нависед бемаданияти халки Точикро нишон надихед Дар хозир дар харкучои давлат норозихо зиёд шудаистодааст Мардуми чонбалаб расида дар 20-соли кризиси Точикистон бисёр газаболуда гаштаанд Мухочироне ки дар Руссия дар зери фишору тахдиди рус ба чи пастихо рубару нашуда бахри хонаводаашон пул кор мекунанд магар инро мехохан мардум аз ватан мераванду чои онхоро хочахои хитои пур карда истодаанд Мо метавонистем ки наврузро тарики телевизон пешвоз гирем ва пуле ки дар баргузории навруз сарф шуд ба маоши мардум сарфа намоем Барои сохтмони эподром чи кадар маблаг сарф шуд холонки дар ин пул мо метавонистем ягон заводи майда созему чанд касро бо чои кору бо маош таъмин кунем Мо Точикхо гишнамаст шудаем Бародарон вазъият муракаб аст бояд коре кард ки боз ходисахои мудхиши пешин наояд ва ба хуби хамааш анчом ёбад

11 sunita  
0
Dodojon gami milat mekhurad Rahmon zamina mefurushad boz in benomusho namefahmand bachashu dukhtarash hamata goida gashtast bo nagz gufta garden benomusho be sharafho obui rui tojika burden buzdilho kun medihen diga kuntonam bten Rustami nashaman bguya

10 миллати точик  
0
mjhxsngnjyng

9 миллати точик  
0
Додочон Атавулло! Дар хакикат агар сухан гуем ана хамон рубохе, ки шумо мегуед ачоибод ба худат мувофик меояд. Рубохи аслии миллати точик ту хасти. Имруз рубох шуда бачагони ёшро аз рохи дуруст бо рухи расвои мекаши. Вакту соати ту наздик шудаистодааст. Дар он хоначае, ки ту бачо щуда рубохи мекуни чавонон дуди алов мендозанд. Туро на он, ки кору рафторат , балки шаклат бо рубохи шайтон монанд аст.

1-10 11-18
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz