ВАТАНДОР
Чумъа, 26.04.2024, 10:28
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Август 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Август » 18 » Ҳасан нест, чойи у холй, номаш директор
Ҳасан нест, чойи у холй, номаш директор
10:43

3 август, соли 2008. Дараи Ромит.

Тибқи супориши президент Раҳмон бояд дар боғи фарҳангию фароғатии академияи кишоварзии Точикистон бо ширкати ҳайъати ҳукумат ва мутахассисон мачлиси якчоя барои кишти дубора ва беҳбуд бахшидан ба соҳаи кишоварзй баргузор мешуд.

Аллакай пеш аз омадани меҳмонон масъулин чойҳоро муқаррар ва пешгоҳи ҳар як миз вазифа ва номи ҳайъатро навиштанд. Дар қатори аввал ному насаби ҳукуматдорон ва дар тарафи чаптари ин қатори аввал ба коғази секунча навишта шуда буд:

 

"Ҳасан Асадуллозода, директори "Ориёнбонк"

 

Ҳозирин ҳайрон буданд, ки «Ҳасан намурдааст, ин овозае беш нест». Аз курсие, ки Эмомалй Раҳмон менишаст, аз он дида бештар суйи мизи навиштачоти «Ҳасан Асадуллозода, директори «Ориёнбонк» навишта шуда, чашми ҳозиринро ба худ мекашид.

Раҳмон бо ҳамроҳи каллабурону муҳофизонаш омад. Ҳама аз чой боло шуданд. Курсиҳову мизҳои навиштачотдор то рафт пур мешуданд. Ҳар яке омада сари мизи худ менишаст. Аммо чойи тағои кишвар-Ҳасан тиҳй монд. Яке «чаноби президенти якумра» Эмомалй Раҳмон чашм духт, ки чойи Ҳасан холист. Чашм ало кард. Дарҳол ҳукуматдорони рамузфаҳм аз чашми чанобашон пай бурданд, ки чй мехоҳад.

Пас аз панч дақиқаи расо ба чойи Ҳасан Асадуллозода муовинаш омада чойгузин шуд. Баъд мухтасарак узр пурсид, ки «Ҳасан Асадуллозода камтар корашон баромад, аз ин хотир омада натавонистанд». Чаноби паямбарталош ҳам сари худ бо аломати ризоият чунбонида монданд.

 

Ҳозирин, ки аз кулли навоҳии кишвар омада буданд, бори дигар бовар карданд, ки… Ақалл дубликташро наовардй? Шарманда!

 

Умари Форуқ (р) дар адолат шамшере буд, ки пеши роҳи варо ҳатто падару фарзандй намегирифт. Ӯ дар аҳди хилофати хеш фармоне судур кард, ки ҳар касе зино кард, сад дарра зада шавад. Бо қазои тақдир писари уро шоҳидон ҳангоми зино дастгир намуданд. Ва ин ҳодиса пеши Умар (р) ҳикоят шуд. Дарҳол халқро сарчамъ овард. Ҳама гумон доштанд, ки у фармони бекор хоҳад кард. Аммо..

Чаллодонро фармуд то сад даррааш бизананд. Писарро тахтапушт ба ҳаво хобониданд. Чаллодон, ки тобеони Умар (р) буданд, аз ниҳояти меҳру муҳаббат ба Умар (р) 30 дарраи бедард заданд. Дарраро чунон задандй, ки пушти писари Умар озор надидй. Умарро аз ин ҳол қаҳр гирифтй ва аз дасти чаллод дарра гирифт. Ва чунон писари худро 70 дарраи дигар зарб кард, ки писар чо ба чо мурд.

Баъд баланд фарёд кард: Қонун барои ҳама аст. Писари халифа ва ё гадои куча фарқ надорад , қонун барои ҳама судур шуда…

 

Қонун дар Точикистон тибқи талаботи моддаи 17-и сарқонун танҳо дар руйи коғаз ба ҳама баробар аст. Аммо берун аз ин китобчаи сарқонун умуман қонун барои шаҳрвандони ин кишвар яксон нест. Қонунҳои эчод кардаи ин заводи қонун танҳо у ва командаашро ҳимоя мекунанду халос. Боқй, халқи азизам, намурй, ки мур.

 

Кишвари Точикистон исломй нест. Ҳарчанд демократист, вовайлато, ки…. Писаратро мучозот намекунй. Лоақалл гуй, ки Ҳасан нест, кайҳо хоки лаҳад варо хурда. Чаро арвоҳи бе ин ҳам першони уро боз парешонтар мекунй, старик?! Мон, ки осуда хобад.

 

Тағокушй сулолаи Сомониёнро ба дами марг бурда буд. Шаке нест, ки сулолаи данғитиёнро низ рузе дами ҳалокат барад. Интизор ва омода бошед, ватандорони ман.
Просмотров: 1792 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.1/8 |
Всего комментариев: 2
2 w  
0
dar amoni khudoi bazurg boshid vatandori giromi

1 MOHAMMAD HOSEYN  
0
HAM MIHANE ARJMAND DOROOD
AZ INKE BE TARNEGARE BANDE PEYVAND DADID , KHEYLI SEPASGOZARAM .
VAQEAN MOHABBAT NEMOODID
BA ARJ

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz