ВАТАНДОР
Шанбе, 27.04.2024, 00:21
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Август 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Август » 29 » Раҳмон ва қадрношиносии рудакиёни зинда
Раҳмон ва қадрношиносии рудакиёни зинда
06:56

Ҳукумати Раҳмон зиндабезору мурдаазиз шудааст

 

Имруз низ Рудакиён кам нестанд, ки ба қадраш намерасем. Шоири миллат, дили миллат Бозори Собир дар кучаҳои Пенсилавиё сарсону саргардон аст. Вақте, ки уро ҳангоми арбокашияш дидам, ба ҳолаш мурғони ҳаво мегиристанд. Акбар Турсону Қодири Рустам, Салими Айюбзоду Бурй Карим ва чанде дигарон низ шаҳди ғарибй мечашанд. Ба қадри ин рудакиён намерасем. Зоҳирпарастии мо то чоест, ки мурдапарасту зиндабезорем. Аминам, ки замоне низ мерасад, мо ҳатман ба қадри ин афрод мерасем, аммо хеле дер мешавад, пайкараву нимпайкараҳои эшонро рост мекунем, ва чуноне чаноби лаққй мегуяд: «мо бояд ба қадри эчодиёташон бирасем, ки гавҳари ноб дар кони сухани точик аст», он замон баъд ба қадри кони маънии тиллоии ин рудакиён хоҳем расид.

 

Аслан, ин навишта дунболаи баромади Раҳмон аст, ки ҳангоми ифтитоҳи пайкараи Рудакии безавол буд. Замоне мо ба ҳамҳама Рудакиро ба дарбор овардем. Навозиш кардем. Дар охир уро аз ду нури басараш маҳрум сохтем. Қадрашро надонистем. Кунун бошад боз уро дар гур ҳам ором хобидан намондем. Аз нав ба дарбор хондем. Пайкараашро. Тазод.

Дар ифтитоҳи пайкараи Рудакй Раҳмон ба сухан баромад. Мардум дар тамузи офтоб сухтаву пухта ёваҳояшро гуш карданд. Аз ин пеш ҳатто дар ифтитоҳи як мабраз низ ин лаққй баромада онро иншооти аср мехонду зарурати сохтани онро аз даврони осоишта ва истиқлоият медонисту медонад. Ачаб, ки лентаи мабрази навсохтаро низ ҳатман «чаноби олй» бояд бибуранд. Чй ҳам кунад, дар ҳоле, ки аз дасташ ҳич кор намеояд.

 

Дар кадом кишвар дидаед, чунин ёвагуе низ ҳаст, ки дар гушоиши як мактабчаяке се соати расо вақти қимати мардумро гирифта, аз кору бори зиндагй дошта аз коғаз нутқ эрод карда бошад? Дар кучо дидед, ки президенти кишвараш дар шашмақомхонй ширкат варзида, ба чойи он ки мушкилоти бебарқиву бегазиро ҳал намояд, пиромуни рушди шашмақому овозхонй сухан карда бошад? Нагуед, ки Ватандор Рудакиву санъати миллй-шашмақомро нодида мегирад. Дар ҳоле, ки домони 2 милюн муҳочир берун аз кишвар мубталои гиреҳҳои ногушудании чойи кору пулёбианд, «чаноби олй» Эмомалй ибни Лаққибек вақти хешро ба ҳарзаву ёвагуй сарф мекунад. Дар ҳоле, ки табааи Точикистон дар ғами бебарқиву бегазй аз зимистони дар пеш истода ғутавар аст, ин мардак бошад, кафки даҳонашро ба чор тараф пош дода, рудакисарой мекунад.

 

Ёд дорам, ки дар гушоиши боғчаи бачагона низ у ширкат варзида буд. Бачагонро ояндаи миллат хонд. Аммо у гумон накард, ки дар байни ин кудакон рудакиёни зиёде низ ба воя хоҳанд расид. Бо вучуди он ки агар дар вақти зинда будани Рудакй Раҳмон салтанатронй мекард, савганд ба шири модарам, ки ҳич маҳал ба қадри Одамушшуаро намерасид. Чуноне, ки Бозору Акбар, Буриву Қодир, Салиму Додочону садҳо тани дигарро хор кард, ҳамин гуна Рудакиро низ беватан, хору ҳақир месохт. Арчмандону ватандорони ман, ин ҳарф аз руйи кинаву буғз нест, ин ҳақиқати ҳол аст, ки мо онро дида наметавонем. Чаноби шумоён ҳамин гуна инсон аст.

 

Мебоист Раҳмон ба қадри рудакиёни зинда мерасид. Баъд андар он ҳол арвоҳи Рудакй аз Раҳмон ризо мебуд. Ҳаққо, ки ҳангоми баромади Раҳмон дар назди пайкараи Рудакй руҳи поки Одамушшуаро ба ҳоли рудакиёни зиндаи мо мегирист. Ин чашми 7 милюн аҳолй дида тавонист, аммо лаққишоҳ фаҳмидану дидан наметавонад.

 

Метавон ба хулосае расид, ки аз президент Раҳмон танҳо гуфтан мондаасту бас. Дигар ҳеч чиз. Аз дасти у ягон кор намеояд. Чунин пургуйиҳо замоне ба сари давлати Сомониён низ об рехта буд. Ин боз такрори таърих аст, ҳеч чойи тааччуб нест. Точикистонро аз ҳар канорааш ба фурухтан сар кард. Ба сари Точикистон низ ин мард об рехта истодааст.  Марги тадричии давлатдории точикон. Аз чониби Бадахшон 96 ҳектор ба Чин фурухта шуд. Аз чониби шимоли кишвар ба Қирғизистон анқариб 250 ҳектор ба Қирғизистон дода шуд. Аз канораи чапи Чилликул низ ба Бишкек як чанд таноби дигар туҳфа шуд. Ҳайфам меояд, ки боз ин лаққй аз ҳуввияти миллй ва расидан ба қадри ашъори ноби Рудакй ҳарф мезанад. Бас, бас аст ёвагуй, отвали старик. Дар дили ҳама задй, бо калоғхоният.

 

Раҳмон дар ин баромад гуфт:

 

«Аз он айёме, ки Рудакй зистаасту эчод намудааст, беш аз ёздаҳ аср сипарй шудааст, вале даъватҳои шоир ба хотири баҳрагирй аз тачрибаи рузгор ва илмомузию донишандузй дар асри мо, асри рушди илму техника ва технологияҳои нав, асри глобализатсия бо ҳама ҳусну қубҳаш ниҳоят замонавй ва асоснок садо медиҳанд».

 

Пас чаро аз тачрибаи рузгор баҳра намегирад ин мард? Гуфтаҳояшро бо кирдор яксон намебинам. Арвоҳи Рудакй занадат, лаққй. Ба қадри зинда бирас, он гаҳ мурдагон аз ту шод хоҳанд буд.
Просмотров: 2875 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.1/9 |
Всего комментариев: 191 2 »
19 Ахрори Саидзод  
0
Салом ба хамаи онхое,ки ин мавзуъро мутолиа мекунанд!Бародарони азиз нисбати шох бадгуи кардан дар назди Худованд дуруст нест!Амри шох вочиб аст мегуянд!А.Абдуллочонов модоме ки бо як кисааш тамоми Точикистониёнро мехуронидааст,барои чи вакте дар чумхури чанг мерафт,чаро мардумро боз дошта натавонист чаро нагуфт ки эй хамватанон барои замину пулу мол чанг накунед,ман шуморо мехуронам,чаро чунин накард?Он пуле ки доштааст,хамаи он аз кучост,ин пули халк буд ки он барои худ захира карда буд!Чаро дар вакти тинч будани давлатхо накшаи тунели Анзобро ё Шахристонро накашид,чаро геси Рогуну Норакро насохт?Имруз берун аз марзи чумхури уро таърифу тавсиф ягон маъно надорад!Эмомали Рахмон мардумро мухочир накардааст инро хамон шахсоне карданд ки пули халкро гирифта рафтанд ва мардум аз ноилочи чангро пешаи худ карданд ва барои замин чанг мекарданд!Боз ин чангро ки тинч кунонид,хамон марди кухистоние ки дар дили санг умр ба сар мебурд ин Эмомали Рахмон буд!Шумо галастукдорхо хуни миллати худро макида рафтед,мардумро бехонумон кардед,боз инро ба сари Эмомали Рахмон бор карданиед!Фардо вакте мемиред Худованд хамаи он мусибатхои болои миллат омадаро аз шумо мепурсад!Решаи чанг аз шумоён хест тамоми мусибати халк то ба имруза мухочират дар гардани шумост,бехуда Эмомали Рахмонро паст назанед,вай мард майдон аст,зинда бошад Худованд умрашро дароз гардонад Омин!

18 NO MA;LUM  
0
baroi inki prizdent Rahmon yak kussi zanay yak khoini be ma;noii voghiiyay yak diktaturay yak kasi hast ki manof;ii millira dar jibi khudash va khonavodash mezanad yak kase hast ki hamai tojikiston khunavodaash ro ser nakardaast baroi hamin
nakhod ki dar hamai joi tjk hamai chiz az dukhtar va khusur bachai prizident boshad ? basay be aghli basay ahmaki ey millat agar shumo dar zindagi khudaton va dar sarnavishti khudaton digar guni ejod nkuned khudo zindagi chumora taghir nmetiyad charo ? chun ki khudo be hamai milat ho aklu shu;uru fahm dodagiyay agar shumo in hora ba kor nabaren ghulomi digaro khohen shud ki ina dorem mebinem

17 Муродали  
0
Азизчон!

Касе дар бораи президенти ту харзагуиро раво надидааст, бародарчон. Биё як бор андеша кунем, ки президенти ту дар 17 сол чи кор кард? Чи кори хубе кард, ки зиёда аз ду миллион (!) точик аз 7 миллион нафар ахолии як мамлакат (!) барои кути лоямут ба Русияи неофашисти ва точиккуш рафта, садхо чони худро аз даст медиханд? Агар математикаро дони, 2 миллион аз 7 миллион чанд фоиз мешавад? Ин боз хисоби расми не. Масалан, ман бо мошин ба Хоруг рафтам, аз дараи Рашт шуруъ карда то маркази Бадахшон дар кишлокхо на факат мардро намебини, балки худи одамон нест, яъне кишлокхо такрибан холи. Ин чи хел президенти ту будааст, ки одамон аз махали доимии зисташон гурехта ба кучое рафтаанд?!
1 кг картошка, 1 кг бодаринг, 1 кг помидор то ба 1 доллар расидааст ё 1 кг биринч то ба 3 доллар дакка мехурад?!
Азизчон, бародар! Як ба Интернет назар афкан, имруз 1 кг картошка, масалан, дар Ню-Йорк ё Дехли ё Дубай ё Техрон чанд пул меистад? Дар Ню-Йорк дар фурушгохи меваву сабзавотфурушии Квинс, ки аз бародарони яхудии бухороии Душанбе мебошанд, 1 кг картошка 30 сент, яъне бо Душанбе мукоиса намои 2-3 маротиба арзон. Маоши амрикоихоро бину маоши точикистонихоро?! Чаро ин тавр?
Азизчон, чаро президенти ту дар тули 11 соли баъди чанг ягон масъалаи иктисоди ё ичтимоиро хал накард? Факат ваъда медихад, ки 2 сол токат куненд, хар сол хамин гап пеш аз зимистону дар давраи зимистон такрор меёбад.
Ту, бародар акнун, ба шахри Астана нигар, дар 10 сол як шахри азиме сохта шуд, ки пойтахти як кишвари обруманд гашт! Дар 11 сол факат ваъдахои дуругин ва кисапуркунии оилаи худаш, дигар хеч чиз нест. Дар пойтахти як давлат оби гарм он су истад, оби хунук нест. Дар бораи барку газ гап хам нест, бародар!


16 barodar  
0
ALIK BA BOZOR SOBIR FAQAT BA ISTEFO RAFTANASH QAHRAMONI AST

DAR TOJIKISTONI IMRUZA JOI NAEFTANASH QAHRAMONI AST

RUDAKIRO KI DAR CHASHMONASH NIL KASHID......KHOJAGONI TU

RUZE MESHAVAD KI SHUMO AZ IN KORHOYATON PUSHAIMON MESHAVED

LEKIN ALLAKAI ASPU AROBA GUZASHTAGI


15 азиз  
0
Намедонам барои чи шумо президентро харзагуи мекунед?

14 1  
0
Факт есть факт. Сегодня нет в Таджикистане никакого развития.

13 Gift  
0
In boz yak sagbachae bo nomi Alik az kujoe paido shudaast ki hato lakabashro misli hamon alkashhoi rus mondaast. Ki guft dar dehahoi Tojikistoni azizamon mard namondaast? Bale dar onjo mardon biserand va boz bisertar meshavand az dasti Rahmoni padarnalati noudaburro va misli Alik labaiguyakonash. Dar Chin holo boz 1 milliard mard ast, ki agar yak dehahaki in mamlakat ba Tojikiston ravon shavand nomu nishoni halki Tojik nest meshavad. Az kujo intavr besavodon misli Alik in chizhoro medonand? Nest bod Rahmoni kala kadu. Tamomi mardikoroni Tojik boyand ba vatani hud bargardand va namonand, ki zanhoi Tojik az majburi bomardhoi digar mamlakatho oila sozand. Albata agar mo hohem, ki dar oyanda Tojikiston az haritai umumijahoni nobud nashavad.

12 lok  
0
He kakoy takoy emomali-pemomali eto petukh poganniy

11 Дурандеш  
0
Хак бар чониби бародар Карим аст. Бале бародар Карими чон ин хакикат ва доги руз аст аммо ин бародари мо Алик хамаи инро нодида мегирад ба фикрам дар хонааш ГЭС-и Хитои дорад ва дар зимистон бегохихо 2-3 соат телевизор тамошо мекунаду халос ва дар курпахои гафс печида хоб мекунад...

10 Карим  
0
Алик, бародар! 17 сол чи кор карди? Ягон пешрави ва ягон кас аз хамин режим рози хаст ё не? Ду миллион точикро ба мардикори фиристоди, як миллион дар хорича гурехта рафтанд, ки монд дар дохил. Чи иктисод дори? Дар кишлокот ягон мард намондааст. Одам агар мурад, дар кишлок мард нест, ки тобутро бардорад. Зимистон хонаат гарм буд? Свет дори, газ дори, оби гарм дори, акалан об дори? Мактаб дори, муаллим дори, духтур дори?
Айбу шарм хам чизи хуб, бародар! Чашматро кушо, дар асри 21 хамин хел зиндаги ва хамин хел рахбари кардан мумкин аст, ки мардум аз хунукиву нимгушнаги дар тарсу вахм зиндаги кунад?

1-10 11-19
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz