ВАТАНДОР
Чумъа, 26.04.2024, 21:15
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Октябр 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Октябр » 15 » Руйи хуни куштаҳои муҳочирони точик кй рақс мекунад? Президент? Сарвазир? Порлумони ниммурда ва ё…?
Руйи хуни куштаҳои муҳочирони точик кй рақс мекунад? Президент? Сарвазир? Порлумони ниммурда ва ё…?
22:45

Боз як даҳшати дигар. Хуни модари точик дар кучаҳои Маскав боз рехт. Хуни муҳочирон, парандаҳои мусофири точик боз нақши кучаҳои Маскав шуд. Боз як модари точик, ки ҳамроҳи шавҳар баҳри дарёфти қути лоямут раҳ суйи ғарибй гирифта буд, бо ҳазор ормону умед бо чашмони нимавои ба дунё дилкашол марги ичбориро дар мусофират пешвоз гирифт.

 
15 октябр, соати 15-у 30 дақиқа бо вақти Маскав, дар кучаи Бутлеров (тарафи чанубу ғарбии Маскав, дар шафати гузаргоҳи Иттифоқи касабаи ФР) аз чониби нохалафе суйи зану шавҳари точик, ки муҳочирони меҳнатй буданд, тир холй шуд. Зан чо ба чо дунёро бидруд гуфт, шавҳар дар бемористон бистарй гардид. Бечора шавҳар ҳануз ба худ наёмадааст ва намедонад, ки ҳамсараш аллакай дар мурдахонаи марказй қарор дорад.
 
Падару модар пеш аз ба мусофирати ичборй баромадан, чучаякон-фарзандони дуструяки худро дар ватан гузошт, ишонро насиҳат дода буд, ки бобову бибяшонро ғам надиҳанд, барояшон аз Маскав ҳадяҳо хоҳад овард. Фарзанди калонй-духтараш, ки барқад шудаву лоиқи арусй шудааст, ба хотири чамъ кардани сармоя ва бо номи нек хонадор намуданаш, модари зор аз ватане, ки барои табаааш як тин ҳам ёфта дода наметавонад, берун шуда, тули 8 моҳ буд, ки заҳри беватанй мекашид. Инак, қасди ба ватан баргаштан дошт, аммо тири нохалаф…
 
Ҳаммиҳанони азизи ман! Ҳамхунони арчманд, ватандорони гиромй!
Боз Точикистон ва ҳукумати бешарму беҳаёи ин кишвар «Груз 200» қабул хоҳад кард. Ин ки табааашро чунин ҳукумати комилан фарсудаву аблаҳсито сариштаву нон дода наметавонад, ҳич чойи баҳс нест.
 
Аз бобати президент Раҳмон ҳама медонанд, чойи гилае аз у нест. Ҳатто рузи 10 октябр дар Саммит дар вохурй бо ҳамтояш Медведев масъалаи муҳочирон ва тарзи дифоъи ҳуқуқи ишон гуфта натавонист. Гуфта тавонистан он су истад, у ҳангоми вохурй ҳатто ба сараш назад, ки дар кишвари у «муҳочирони ичбории меҳанатй» гуфтанй қишри зиёди чомеае ҳаст, ки у-яъне Раҳмон аз уҳдаи пушонидану хуронидан намебарояд. У ҳатто ба хотир овардан намехоҳад, ки фисади зиёди даромади бучаи кишвар аз ҳисоби муҳочирон аст. У намедонад, намедонад ва намедонад, ки намедонад ва ҳамин гуна надониста рузе дунёро бидруд мегуяд. Пас оё мешавад, ки хуни шуҳадои точикон дар Маскавро ба гардани Раҳмон барин нафари «пешво» таҳмил сохт? Ҳич гаҳ!!! Аҳволи Раҳмон ба ҳама маълуму равшан.
 
Сарвазир. Муҳтарам хомуштарин хомушаки ҳукумати Точикистон-Оқил Ғайбуллоевич! Тарсутарин марди точик, сустэмонтарин ҳукуматдори точик, бемасъулияттарин чоплус! Садруятарин чаласавод. Ҳатто наметавонад, бидонад, ки дар чй курсие нишастааст. Ҳатто ба жарфнои мадраки у андешае намезанад, ки курсии сарвазирй курсиест, ки ҳампаҳлуйи президентист. Намедонад, ки дар дигар мамолик сарвазирон алайҳи президенташон ҳар гуна вокунишеро гуфта метавонанд. Оқил Оқилов, надонист, ки надонист! Оқил (хубтараш на Оқил, балки Чоҳил) Ғайбуллоевич ҳатто «вазн» -и вазифа ва масъулияти худро дар ҳузури халқи азиятдидаи Точикистон намедонад, ки намедонад. Пас магар баъд аз ландаҳуру аблаҳи калонй, ба гардани Оқил Ғайбуллоевич барин «мард» хуни рехтаи модари зорро метавон бор кард? Ҳаргиз на!
 
Порлумони точик! Мурдатарин, гажддидатарин об, ганддидатарин порлумон дар руйи чаҳон. Шалақтарин ароба дар дунё. Магар мешавад, ки хуни рехтаи парандагони мусофири точик дар Маскавро аз домани нопоки чунин порлумон донист? Ҳаргиз ва ҳаргиз! Ин чурми порлумон набуду нест.
 
Ин чурми президент Раҳмон набуду нест. Ин тақсиру айби Оқил Ғайбуллоевич нест, ки нест.
Ин айби мост, ки мурда-мурда гургоштй (таъбири шодравон Лоиқ) дар Точикистон бо чунин президенту ҳукумату сарвазиру вазиру чазиру порлумон зист ба сар дорем. Ин сазои сари мост, ки хомушй пешаи мост. Мо аллакай тули 17 сол одат кардем, ки ҳар руз аз фурудгоҳ тобути ғарқи хун-«Груз 200» қабул кунем. Агар як руз ҳам чунин тобут аз Русиё ба Точикистон наояд, ин ҳукумату президент, порлумону вазиру сарвазиру сарчазир дилашон хавотир мешавад, ки чаро мурда наомад? Ин тудаи ҳукуматдорон низ одат кардаанд, ки руйи хуни муҳочирон рақс бикунад. Пас мо хомушон ба ин рақси ишон бояд кафкубй намоем?
 

Ватандори шумоён мегиряд, аз чашм хун мегиряд. Модари Ватандори шумоён низ замоне аз дасти ин ҳукумат ба дорулбақо реҳлат карда буд. Ватандори шумоён ҳамраҳи фарзандони синабирёни ин модари зори гулгункафан мегиряд. Рузе мерасад, ки ҳамаи мо баробар хоҳем гирист. Ҳатто ин ҳукумат низ!!!

Просмотров: 3957 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.3/12 |
Всего комментариев: 181 2 »
18 SergWon  
0
<a href=http://zmkshop.ru/uslugi/>изготовление металлоконструкций в димитровграде</a>

17 Чахонгир  
0
Намедонам, ки муаллифи ин"Макола" на макола не "Хусумат аз АБЛАХИ" ки ва ё чи аст. Ин кадар ки бо эхсосотдар хусуси мурдаи модари точик сухан гуфтиву суфти пас чарост, ки чунин шикоятатро хамчун шахрванд ба намояндагии Точикистон дар Москав ирсол намои. Ва инкадар миллататро ба пасти оварди, кинамедонам инро чи сабаб аст. Агар ки нафари солимакл мебуди хаводиси чомеаи чахонирояк дар риштаи тахлил кашида бин ки баробари ончи мешавад.
Дигар инки мухочират на хос ба Точикистон аст. Балки кулли кишвархои сайёра мухочир кабул мекунанду ба мухочират равона мекунанд. Вале гуфтахои бе асосат, ки бучаи Точикистон аз хисоби мухочирон аст коммилан галат мекуни.
Вакте ки дар гариби дар холати тасодуфи як ва ё якчанд нафар ба халокат мерасанд ин маънои онро надорад, ки Вазиру сарвазирва рохбари давлат гунахгор аст. Дар ин масъала кош дар ру буруям мебуди як сухбат мекардему то ба кадом андоза аблах буданатро собит мекардам.
Он "Груз 200" ки номбар карди мах натичаи аблахии ту барин нафарон аст, ки мурдаи дар гурбат точик аз дасти точик мемирад. Пас дар ин сурат хам вазиру сарвазир ва рохбари давлат хеста миллаташро тахти тозиёнаи дашномхои бешумор карор дихад. Мур ба хаму рузат ту барин Ватандори беватан. Аз дур истода миллату кавматро тахкир мекуни. Ин дилсузии ту на ватандори аст. Балки Ватанбадбини аст.
Дар хусуси мухочирату гурда накардани Рахмоновро дар хусуси дифоъ аз хукуки мухочирон гуфти. Оё ту намедони ки дар ин сам чи кадар чанчолхову гуфтушунидхо буд. Агар ки дарки андеша медошти пайхас мекарди, ки дар ин самт чи корхое ба сомон расонида шудааст. Агар ки он гуфтушунидхо намебуд ту барин шабушхои зеро гилем дар мухочират буда наметавонисти.
Ва дар хусуси Рохбарони Точикистон сухан карди Оё чун инсон маротибае, андеша карди дар дар ин кишвар Бародар бо бародар даст ба гиребон дуду падар писаррову писар падарро мекушт. Анап хамон нафароне, ки метанкидияшон махз хамонхо буданд, ки Точикистонро аз косаи хун шудан рахонидаанд.
Шояд ки то чойе ту хам ба гуфтахоят содик боши. Вале бародар дониста бош, ки "Шараф чизи тачовузнопазир аст".
Аз дур истода суханхои пардапушонаи тахкиромузонаро гуфтаносон аст. Вале осонтар аз хама резонидани обруйи нафареву шахсияте. Вале дониста бош, Бе розигии худованд коре ба сомон намерасад.
Шояд андеша куни ки ман аз хукумати кунуни манфиате дидаам. Агар чунинандеши куллан хато мекуни. Ман дар созмони байналмиллали кор мекунам. Вазъияти кунунии Точикистон нисбат ба дигар кишвархо сад дар сад боло аст. Хатто нафареро ки зери тозиёнаи Танкид карор медихи (Э. Рахмонро) халкаш аз вай рози асту хар як гуфтаашро бе чуну чаро ичро карда истодааст. Ин маънои онро дорад рохбар халкровау халк рохбарашро эхтиром дорад. Чунин муносибюати дучонибаро на хар нафар сохиб шуда метавонад.
Боки хуб андеша кун ва дониста бош, ки хар нафаре вичдон дорад. Пас аз кирдоре хатточиноткорро вичдонаш таконе медихад. Ту хам дониста бош, ки замоне агар ки дар назди халк хам набошад дар назди вичдонат чавобгари.
Ман ба иззати нафси нафаре расидани неста. Вале ин навиштаро хонда як нафареро дар симои муаллифи он дидам, ки ба чуз аз хоин дигар касе нест.

16 rustam  
0
ba umedi onruziki khabari margi podshohi zolim istodaem...

15 ЗАВКИБЕК  
0
normas-Ту аблахтарин точики ту нисбати марги шахрвандони мо дар Руссия боре вокунише нишон додай????? Лекин ин мо будем,ки баъди марги С.Азизов дар рузномахо вокуниш нишон додем ин хам дар Точикистон бо НОМУ насаби худамон .На ранги шумо чун РУБОХИ гойдашудае аз дур. Ту медонед,ки чи кадар точик хар сол др Руссия мемиранд????намедони АБЛАХ!!!!!!! дили ту намесузад ба МИЛЛАТ агар марди худатро аниктар шинос намо баъд сухбат мекунем. Бори дигар мегуям,ки ту АБЛАХИ АБЛАХ номатро бо почтаат навис ман медонам бо ту чи кунам ЗАНАКЧАИ ТАРСУ!!!! ........normas.........Ман харкиро,ки чун ту аз дур худро ВАТАНДОР меномад Г.........М

14 normas  
0
кабир. саид. завкибек- куна ба русхо додаанд.

13 кабир  
0
пошел нахуй ба хамун ватандорат

12 саид  
0
Шумо бародар бисёр игвогар будаед. Наход боз мехохед ба сари миллат и точик як фочиаи дигар ояд, бас будагист хамин кадар фитнабозию фитнасози. Шумо аз ин чи фоида мебинед, медонам грантхои бисёр ба даст меореду халос

11 ЗАВКИБЕК  
0
Шумо аз миллати гамзадаи ТОЧИК чи мехохед хун? мардумро ба митинг даъват накунеду тарсу нагуйд чавоноро зиндаги оинаро мухточи хокистар кунад. Агар шумо ватанпарастед биёйд Точикистон баъд ВОХИМА кунед.

10 Абусаид  
0
Лоик ки окил буд, чони худро халос карду рафт, .. Лоик видоят карду рафт...
Аммо мо ки бояд зиндаги кунем, чи кунем, Хама доди ватандори зананд, аммо намедонам.. Ватанхохи ба гуфтор аст, ё кирдор ё хар ду.
Мо ки парер шохиди хакорати як зани точик будем, ки натавонистем корре кунем, президенту консулу сафираш ку

9 GHARIB  
0
PORADIL..........................................................

AGAR MUSULMON HAM BOSHI SODA BUDAI...........................................

MARDUME KI AZ TAMOMI QISMATI BADANASHON BUI KHUN MEOYAD BA DUO NE..............................

BALKI BO HAMON VASILAE KI BA SARI DAVLAT OMADAAND IKHROJ MESHAVAND.................................

RASULULLOHI AKRAM 13 SOL DAR MAKKA BO KHUBI DAVAT KARD VALE DAVATASHRO FAQAT

OQILON FAHMIDAND NA MAGHRURONU JOHPARASTON............................................................

VALE ZAMONE KI RASULULLOH MADIN OMADA DAVLATI ISLOMRO TASHKIL KARD

MAKKARO BO QUVVQI 10 000 MUJOHID FATH KARD

CHARO RASULULOH DAR MADINA DUO KARDA NASHISHT???????????????????????????????????


1-10 11-18
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz