Ифтитоҳи як хобгоҳчаи донишгоҳи олй дар Душанбе бори дигар исбот кард, ки билкулл ҳукуматдории кишвар ва зердастони ин ҳукумат ҳамагй ба чуз тамаллуқу худотарошй аз чисми хокй дигар коре надорад. Ҳануз ба худ суол медиҳам, ки оё воқеан точикону точикистониён бешарафанд ва ё шарафманди сукутзадаву тарсу? Дар таърихи 24 октябр намунаи беҳтарини мазҳакаи ашколуди Точикистонро чаноби Раҳмон ба чаҳониён нишон дод.
Субҳгоҳй донишчуяконро масъулини донишгоҳ водор карданд, ки каридори зинда бишаванд. Аз соати 6-и субҳ роҳҳои мошингард ба суйи донишгоҳ баста буд. Аз ин хотир муаллимони бешараф низ аз донишчуён чор руз қабл талаб карданд, ки соати 6-и расо ҳузури донишгоҳ саф ороянд. Духтарони бечораро мачбур карданд, ки танҳо бо як курта бо гулу гулдаставу нону намак (ин тударо нону намаки миллат бизанад) дар субҳе, ки шамолу борони хунукро руйро мелесид, каридори зинда созанд.
Тибқи фармудаи устодон ва ҳатман талабу дархости кадушоҳи дигар-вазири маориф Абдучаббор Раҳмонов ҳама аз субҳ президентро мунтазир шуданд. Бояд аз руйи барнома «чаноби олй» соати 8:30 меомад. Аммо ҳайҳот… У расо соати 9:55 дақиқа ба гушойиши хобгоҳ ҳозир шуд. Чаҳор соати расо анқариб 1000 донишчуй дар зери борону шамоли хунуки тирамоҳй мунтазири воломақом шуданд. Аз ин ҳазор нафар ҳадди ақалл 800 нафари эшон шамол хурданд.
Пурсишҳои аз ҳама калидй ин аст: Ба ифтитоҳи як хобгоҳча ин гуна тамаллуқи соҳаи маориф чиро нишон медиҳад? Оё кадушоҳ-Абдучаббор аз ин омадани президенташ дар ҳузури худову халқи худой ягон мартабаи баландро соҳиб шуд? Худ даруни мошини хидматияш гармакаку нармакак Раҳмонро ҳамроҳй кард, аз шамолу борон эмин монд. Кош нафаре он лаҳза пайдо мешуду уро мурданворй мисли хар андаруни издиҳоми донишчуён лату куб мекард. Кош ба лойу хок оғуштааш мекард, пас ба фарзанди мардум бо чашми тараҳҳум менигарист, минбаъд ин гуна аҳмақиро фаромуш мекард.
Дигар, чанобашон ҳам «ба туф маҳтал». Агар руйи мизи кориаш даъватномаеро бубинад, ки ба ифтитоҳи ҳатто мабразаке дар ягон ноҳия аст, дарҳол парида меравад. Ва он мабразро низ ИНШООТИ АСР мехонад. У дуст медорад гуфтанро, танҳо гуфтанро, ёвагуйиро мепарастад.
Бо он ки аҳмақии ҳукумати раҳмониён қабзаи муштамро фишурдатар мекард, як чи боиси масарррат ва ҳам ашки ман гардид. Ватандорони ман ба бахши охири ин гуфтор гуш фаро хонед:
Як марди ба ору номус дар паҳлуи чапи ин хобгоҳ худи ҳамон шаб (8 соат пеш аз омадани президент Раҳмон) бо ранги сурхи баланд чунин навишт: «Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромуш намешавад, марги Ҳасан Асадуллозода низ». Ҳадаҳа субҳидам онро тоза карданд. Масъулини амният, ки як ҳафта пештар ба инчоро охурча кардаву пешакй амнияти президенташонро таъмин мекарданд, аз ин амали мардона бехабар монданд. Аммо ҳайҳот, ки субҳидам он навиштачоти мардонаву озодандешонаро ҳамранги девор аз нав рангмолй карданд. Сири хунхории чанобашон агар зери ранг пинҳон шуд, Худованд ва халқи худой кур нестанд, на танҳо ранг, ҳатто хоку сангу оҳанро чашмони ҳақбин шикоф хоҳад кард. Он марди воқеан МАРД дастгир гардид. Зеро марги асрорангези Ҳасан Асадуллозодаро хубакак медонист. Баъди ин ҳодиса мо хомуш биншинем?
|