ВАТАНДОР
Шанбе, 27.04.2024, 03:14
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июл 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июл » 8 » Боз як аҳмақй: Арвоҳи Ҳасан Асадуллозодаро дар суди Ландан дидан мехоҳанд
Боз як аҳмақй: Арвоҳи Ҳасан Асадуллозодаро дар суди Ландан дидан мехоҳанд
20:28

Мурдаҳо ҳам дар назди суд чавоб мегуянд?

 
Интригаи вақтҳои ахир ин мавзуъи Ҳасан аст, ки кулли мардуми баҳуш ҳамеша ва пайваста мехоҳанд аз он донанд. Ҳасан воқеан мурдааст? Ё ин провокатсия? Чаро Амир Эмомалй хон ба ин гуна овозаҳо чавоб намегуяд? Ҳарчанд у сари чунин овозаҳо ва ба ин монанд ҳатто миш-мишҳо сари вақт посух мегуфт. Агар дар ёди хонандаи азиз боқй монда бошад, замоне дар зеҳни ҳама суоли он ки оё воқеан Рустам-писари Эмомалй духтари шодравон Кароматуллоҳи Қурбон-Нозияи Кароматуллоҳро хостгорй шудааст, чанобашон дарҳол мар мачлис бо зиёиён ин нуктаро шарҳ дода буд, ин овозае беш нест. У иброз дошта буд, ки ин: «овозаи мардум аст. Бояд фарзанди ман хонад, донад, кор карда тавонад, баъд зануш метум». Яънге у тавониста буд, ин нуктаро таҳрим намояд.
 
Чаро он лаҳза сари вақт ба чунин миш-миш чавоб гуфта буду ин лаҳза хомушй мегузинад? Чаро у дар иди ғалаба 9 май дар Русия ширкат наварзид? Чун анъана у ҳар сол ба Маскав мерафт дар иди ғалаба. Имсол нарафт. Ба кур ҳам мисли асо маълум буд, ки чаро у маҳз ҳамин сол нарафт. Ягон чойи шарҳу тавзеҳ набудагист. Худову халқи худо ин шармандагиро медонанд.

 

Қабл аз он ки сари масъала оям, ҳафтаи сипарй гашта воқеае маро ба худ кашид, ки дар хотирам дер боз хоҳад монд. Дар ин маврид чизеро бояд руйи коғаз рехт.

Аз навидҳои ҳафтаи сипарй дар хотири ман 68 солагии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев монд. Ҳеч гаҳ зудуда нахоҳад шуд. Уро собиқ сарвари Русия «легендарный президент» номид. Аз чунин номидани у ба ман тинаке фоида нест. Аммо чизи дигаре маро мағшуш медорад. Президенти феълии Русия Дмитрий Медведев дар суҳбат гуфт, ки «Мо Қазоқистонро аз даст доданй нестем, шарики стротежии Русия ин аввалин дарача Қазоқистон маҳсуб мешавад» У Қазоқистонро аз даст доданй нест. Путин «легендарный» хондаш.

2700 солагии «Осотона»-и Э.Раҳмон-Кулоб ба ёдам меояд. Касе аз курсидорони Русиё ин гуна ҳарфро дар самимият ва шахсияти Раҳмон нагуфта буд. Ва намегуяд. Ҳеч гоҳ. Аммо дар 10 солагии Остона тамоми расонаҳои хабарии Русия гузориши вижаи нимсоата намоиш доданд. Гуиё ин иди Русия низ бошад. Лекин дар 2700 солагии Кулоб ягон ломе накафониданд. Чаро ҳам кафонанд? Вақто чанобашон ин кишвари зеборо ба мунчалоби қарзу фасод ғутонидааст. Ба кишвари табориву оилавй табдил додааст, кудоме аз сарварони кишвари ғайр президенти Точикистонро «легендарный» хонад?

 

Ҳамакнун, ки шармандагии қиссаи Рустаму Ҳасан гуши ҳафт офоқро кар кардааст, президент ин нуқтаро намехоҳад тавзеҳ бидиҳад. Мардонавор наметавонад, ки як бор тариқи симо ё садо баромад намуда, гуяд, ки «халқи азизам, дар оилаи ана ҳамин гуна курситалошиву шармандагй шуд, ин нуқта ҳақ асту рост» ва ё агар зинда бошад, як бор «мардакворй» чеҳраи табаррукашро нишон диҳанд, гуянд, ки «ана ин мардак зинда, намурдааст, Рустам парронид аммо намурд, паралит аст, сухан гуфта наметавонад, Таҳмина ҳануз талошгари курсии Ориёнбонк ва ғ.ҳ». Ягон точикистонй хафа намешавад. Аммо ҳайҳот…

 

Ин сирро зовути алюминий мекушояд. Беҳтар ин ки аллакай кушод.

Бо ин ҳама Аваз Назаров, ки даргузашта аввалин ибтикоргар ва аз марг начотдиҳандаи зовути арзизи Точикистон аст, даъвояш то ба гуши суди Ландан расидааст. Эрматов, ки имруз яке симоҳои шинохтаи олами тичорат аст, чанобашон бо тамои тору пуду вучудаш ин фомил ва соҳибашро дидану шунидан намехоҳад. Эрматов дар таъқиби чанобашон қарор дорад. Эрматов маъа Аваз Назаров соли 1994 зовути арзизи точикро комилан аз фатарот ва гили қарз раҳонид. Он вақт ба "чаноби олй» маъқул буд. Вақте чаноби олй диданд, ки писару духтарон калон шуданд, хешу табор аз у вазифа мепурсанд, мачбур шуд, эрматовбаринҳоро яко як аз сари курсй паронад. Ва у ба ин амал муваффақ шуд. Бо ҳамроҳи генпрокурор Бобохонов забон як кард, алайҳи Эрматов парвандаи чиной боз шуд. Гуё у фалону беҳмадон миллион зовутро қарздор ва ба бучаи кишвар фалон миллиарди дигар хисорот овардааст. Гуё хурдааст. Хайр, кй намехурад? Чанобашон? Эрматов?

Касе назири чанобашолн давлатро нахурда буду хурда ҳам наметавонад. Ин аст, ки Эмомалй дар руйхати 100 миллиардери чаҳон шомил шудааст.

Назаров бо назардошти ин печидагй кори зовутро ба суди Ландан супорид. Барои ҳалли қазия ин суд моҳе аз кишвапри Точикистон 130 милюн доллар мехоҳад, ки дар таърихи суд ва адвокат ин аввалин нуқтаи максимум ва рекорд ҳаст. Инак, суд барои ҳалли як нуқтаи муҳим ва асосй шоҳиди асосй-Ҳасан Асадуллозодаро талаб дорад.

Замонаро бинед, ки офтобро бо доман пушида намешвад. Ин туда хостанд, ки ин қиссаро аз чашму гуши ҳама пинҳон доранд. Ва асное даррасида, ки бояд барои ҳалли ин қазия маҳз Асадуллозода бояд биравад. Вагарна Точикистон аз милюнҳо дуллор мемонад. Агар ҳукумат мардонавор иқрор мешуд, ки «бале Ҳасан мурдааст» суди Ландан низ ин нуктаро ба назар мегирифт. Ягон роҳи ҳалли дигарро мечуст. Ин ки оли раҳмониён ин гираҳро махфй медоранд, замоне расид, ки бояд сирро ошкор гуянд. Ё аз баҳри милюнҳо бароянд. Ҳар ду ҳам барои ин туда муҳим ва гарон аст. Аз ҳама нуқтаи муҳим талаби суди Ландан дар муҳлати  ҳозир шудани Ҳасан то 4 июли соли равон буд. Касе нарафт. Чониби Точикистон хост дигареро пешбарй кунад. Аммо минбари суди Ландан, ки мисли судҳои говсуди Точикистон нест, инро набардошт. Суд рад намуд.

Талко ғолиб меояд ё Ансол, ин аст муҳимтарин нуқтаи кашмакаши чониби Точикистон. Ҳарчанд,ки Талко аллакай дар арафаи мағлубият қарор дорад.

Ин албатта аз ҳозиршавии раиси Ориёнбонк вобаста буд. Аммо тир хок хурд… Вале як роҳ: Арвоҳаш ҳозир шавад, суди Ландан чй мегуфта бошад?
Просмотров: 2024 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.0/3 |
Всего комментариев: 2
2 Vatandori Bevatan  
0
Dunyo bevafo ast
Hamaash dardu hamaash ranj ast
Kase ki moli dunyoro ba khud burd
Khudash murdu zanash bo digaron khurd

1 Саид Абдуллои Нури II  
0
Vatandori aziz.
Hasan voqean metavonist Tojikistonro az buhron najot dihad ammo janobi oli uro erkadori namuda az odam hayvoni tappa-tayyor sohta bud. yak hayvon hayvoni digarro kusht. In ast kissai Tojikiston.

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz