ВАТАНДОР
Шанбе, 27.04.2024, 00:17
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июл 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июл » 29 » Точикистон ва дунёи дуруғини Раҳмон
Точикистон ва дунёи дуруғини Раҳмон
08:06

«Точикистон фақир нест» аммо қашшоқтарин кишвар аст

 

Бояд донист, ки Худованд бо зоти ягонагиву покии хеш бачаи очаи мо нест. У ягон чураву ошнои мо нест, ки барояш эркагй кунем. У мисли суду додситониҳои мо нест, ки бо 200 ҳазор доллараш бихарем. У Эмомалй нест, ки бо баҳонаи ҳаммаҳал будан, вазифа ё чойи хуберо дар дунёву охират дарёбем. У фарзанди мо нест, ки бо дасташ шуринро кушему кулли амлоки варо соҳиб шавем.

 

Чанде қабл кумитаи омори давлатии Точикистон аз он ки расонаҳои иттилоотй, ба вижа электронй, ки Точикистонро кишвари фақр зада унвон мекунанд, шадидан интиқод карданд. Масъулини ин кумита сароҳатан иброз медоранд, ки:

 

«Точикистон кишвари дар ҳоли тавсеъа буда ва вазъи иқтисодй ва ичтимоъии мардуми он дар муқоиса бо солҳои чанги дохилии охири қарни гузашта бамаротиб беҳтар шудааст».

 

Гуфтаҳои ин кумитаи дуруғин бо иллати масъулини он нест. Ин иллат аз Раҳмон маншаъ мегирад. Ин мард буд, ки кулли кишварро гул зад. Ин мард буд, ки масъулини кулли соҳот аз Худованд руй тофтанд ва ба у ру оварданд. Ҳатто сардии зимистони гузаштаро аз пешгуйии у дарёфтанд. Ҳатто кушодашавии як мактабаке кучакро бо ғамхории у донистанд. Аз ҳама аламовар дарднок ин ки соли гузашта аз шабакаи аввал гузориши вижа аз Иди Қурбонро тамошо мекарданд. Баранда аз паси фон мегуфт:

 

«Маҳз бо ғамхории президенти муҳтарам, чаноби олй воломақом Эмомалй Раҳмон имруз мардуми кишвар дар ҳавои осудаву осоиштаи чумҳурй дар масочид бемалол намози ид мегузоранд».

 

Ин худотарошй нест? Ин аз худованд руй гардонидан нест? Охир чанобатон ҳам фарзанди мусалмон аст, пас чй гуна у метавонистааст, ки ин дини поку муназзаҳро инкор ва ё мардумро аз намоз наҳй созад? Имруз ҳатто дарёфти ризқро аз «ташаббусу ғамхорй»-и чаноб медонанд.

 

Аммо намегуянд, ки бо маоши миёнаи Точикистон ҳатто дар рестуронҳои Нию Черсй ва Ландан шиками як нафар сер намешавад. Аммо намегуянд, ки кудакони селофанфурушу сипанддудкуни Точикистон то ба ҳануз ба чои нони гандум орди чав мехуранд. Аммо намегуянд, ки дар Точикистон ба чуз оли Раҳмониён дигар табаа дар гили қашшоқй то ба пешонй ғутавар аст. Аммо намегуянд, ки қонунҳои эчодкардаи ин заводи қонун танҳо ба манфиати уву хешовандонаш ҳасту халос. Аммо намегуянд, ки Точикистон оянда надорад, ояндаи ин кишвар торик аст. Намегуянд, ки ин гуна корбарии хешу таборй ва маҳалбозй ояндаи хеле қариби буйи хун мекунад. Аммо намегуянд, ки халқ аз ин тамаллуқу дуруғ безор шудаву рузе мерасад, ки бо зури белу каланд ва бозуи мардона вориди қасри президент мешавад. Намегуянд, ки пеши роҳи мо рушан аст ё торик?  Дардо, ки намегуянд ва боз намегуянд.

 

Худованд ба фикрам ин гуна шармандагиву расвой, қашшоқиву худобехабарй, дуздиву ғоратгарй, дуруғу газофу лофзанй, зинову макидану хуни халқу риёкорй ва ғайра амсоли зишттарин сифатҳое, ки дар чаҳон аст, чун ба сари миллату халқияти Точикистон, ба кишваре дигар нарехтааст. Аминам, ки худованд инсофро агар комилан аз руйи чаҳон бардоштанист, аллакай гоми аввалро аз Точикистон сар кардааст, ки давлатдорони ин давлатаки оғуштаи хешбозиву маҳалбозй мардуми бечораро ба фақри лоятаноҳй ру ба ру сохтаанд.

 

Дилам буғз мекунад, ба ҳоли модари зоре, ки дар фурудгоҳу истгоҳи роҳи оҳан соатҳо фарзанди дар Русиё будаашро мунтазир асту бехбар аз он ки чигарбандашро дар ватани ғайр куштаанд. Дилам ба ҳоли деҳқони долмиён месузад, ки дар ивази як баҳору тобистон кор кардааш, ғузапоя мегираду халос. Дилам ба ҳоли хоҳаре месузад, ки дар тамузи тобистон бо шиками ҳомилаи хеш дар тамокузори Панчакент хишова мекунад, аз ҳуш меравад. Аммо фоидаи ин тамокуро як ду галстукбагардани дигаре мебинаду аз ҳуш рафта зани ҳомила аққал бо доруйи баҳушоранда сарфароз намешавад. Ин аст, ченаки қадрдонии меҳнат дар кишвари азизи ман-Точикистон.

 

«Президент-кафили сулҳу оромй, президент-рамзи ободии кишвар», аз дуруғтарин супердуруғҳоянд, ки ин хоки куҳнаи Замин дар тули умри сари хеш мебинад. Агар у кафили оромй мебуд, табааи хешро намемонд, ки дар таҳхонаҳои заҳзадаи Русиё хобу кор кунанд. Намегузошт, ки як қатра хуни точик дар мулки ғайр бирезаду аҳолй мурдағариб шаванд. Намегузошт, ки курсиҳои аввали кишвар бо ибораи арифметикии «2+3=5 ва 3+2=5» шавад. Намегузошт, ки намегузошт, ба шарте, ки воқеан ҳомии мардум (!) мебуд.

 

Аммо боз у аст, ки мо бо уем. Бадбахтона!!!
Просмотров: 7717 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.1/21 |
Всего комментариев: 201 2 »
20 Шараф  
0
Зинда бошед Чаноби оли МО бо шумо

19 Шохрух  
0
Окибати курнамак ба хайр бод ки ягоруз ба и гапош мекапан рост пеши Гафор Мирзоев (Седой) мебаран

18 иброхим  
0
салом бародарони точик ман як нафар марди холис аз гапи шумо зиг шудам гапа мул накарда корро бисёр кунед аз руи инсоф мешуд

17 султон  
0
бародари азиз агар ту точик бошиву нангу номуси точики дошта боши набояд ба ин хел хатоги рох дихи мард боши аз рохи дур ин хел гап назан гапатонро фикр карда занед .ки нисбати хукумат чихо мегуи . Ба фикрам шири модари ту сиех будааст, ки чуни фарзанди нокисулаклро тарбия кардааст .хайф ба ту барин точик . ! Зинда бод сулху дусти!!

16 VATANDUST  
0
kaseki ami kuntira tarafdori kaday havayoram bgom!!!
e da kunton bgom shumo bari vatandusta!!!

15 VATANDUST  
0
lanat bar tu barin tojik!!!!
kerm da kunut kuntiiiiiiiiiiiii!!!!!!
naxod ami gapora bzani?!
kani ya xdut bgu chi xizmat kaday tojikistonda???
Rahmon goidayta ki ixe megish???
yo kadom uzbaaaaaaaak goidayta ki ixe megiii???
hamai tojiko goyantaaaaaa ba mefami vatandustira!!!

14 Сухроб  
0
Дар мо хама факат наисхат мекунаду тухмат.Ватандорон budjhfyutpbh бас кунему дар и расонахо як пешниходи хуб як проекту лохияхои ойдовар боз кунед намешавад.Дарахти мевадиханда сангсор карда мешавад.ПАС Рахмон хело корхои хуб кардааст ки факат гайбати Рахмон аст.Ватандор уруса парастиша мон .Дар 72 сол урус хеч чиз нкард як туро хурондестай ту ба кади чонут хав хав дори мукобили халки худ.Ку як пешниходи дигар кун як renewable energy df ufqhlf гап зан охир як модели хубуи андозу гумрука гап зан.бовари дорам на путин на медведь кади рахмон намешаважд.хай дододжон бошад хамту куклаи вайхо

13 Storm  
0
Хайфи Ватан хайфи точикони бе хону мон дар гариби дур аз ВАТАН!!!

12 Karomatullo0607  
0
Agar tojiki toza mebudi chunin sukhanhoro ba zabon nameovadi ammo agar belu kaland doshta boshi khudro va bad hamonandhoi khudro zeri khoki garibi karda pushon

11 зайтуна  
0
барои хамаи ин бесару сомонихо худи мо гунахкорем. мо точико кадри худмона намедонем, худмо худмона фиреб мекунем МАН ТАРАФДОРИ ЧАНОБИ ОЛИ ХАСТАМ! БИГЗОР ЗИНДА БОШАНД.

1-10 11-20
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz