ВАТАНДОР
Чумъа, 26.04.2024, 14:16
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Август 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Август » 26 » Абдумалик Абдуллочонов кучо шуд?
Абдумалик Абдуллочонов кучо шуд?
00:56

Навиштаи ақрабои Раҳмон ба Ватандор

 

Гумон накунед, ки танҳо ба руйи коғаз аз «кардаву нокардаҳо»-и Раҳмон ва муқаррабонаш менависанд, замоне дар мерасад, ки ба дарвозаи масчид низ хати чанозаи афроди ҳукумат ва ё худи Раҳмон низ пайдо хоҳад шуд. Бо он ки ин туда аз Худо ёде намекунанд.

 

Қабл аз он ки матлаби ин нафарро руйи коғаз биёварем, мехостам ба нуктае дам бигирам. Нафаре бо номи Аlik менависад, ки ин сафҳа сафсатаи беватани дур аз Ватани бо ёди Ватан аст. Ва ҳар қимативу қаҳтиву бенониву бемошиву беошй аз Раҳмон вобаста нест. Ин бародар «Алик»  рост мегуяд. Аз Раҳмон вобаста нест, чунки Раҳмон вобаставу побастаи ду мафияи бузург аст. У ҳайкале беш нест, у байрақе беш нест. Шояд рузе расад, ки Раҳмонро низ ба қатл расонанд ва ин куҳнааппарати кайҳо корношоями гуруҳаш мисли марги Ҳасан марги Раҳмонро низ пинҳон доранд. Шаке нест. Алик ба нони дар даҳонаш буда, ки қисмати зиёди онро Рустаму Таҳмина чангол зада гирифтаанд, чоплусона шукргузорй менамояд. Зинда бошй, Алик. Мехостам, матлаби ҳамсангаратро барои ин навиштаи ту чун посух биёварам. Гуш фаро хон, зеҳн мон, фаромуш кун, ки ту дар даврони оромй зист дорй. Ва инак: (албатта бо каме таҳрир)

 

«Ватандори гиромй, хонандагони сершумори ин сафҳа. Бисёр мехостам, ин матлаби ман барои мардум дастрас бошад. Илтимос ин навиштаи маро ба канорае нагузоред.

 

Он чй ки дар Точикистон ва қасри президент мегузарад, шояд аз ҳазорҳо ним тоашро точикистониён фаҳманд. Ман корманди умури коргузории яке аз мақомотҳои фишангдори кишвар будам, ки аксарияти ҳуччатҳо аз зери дасти ман мегузашт. Дар бисёре аз ҳуччатгузорй, ки Раҳмон имзои табарруки худро гузоштааст, аз ростй гумон мекунй, пойи мурғи, ки ба гиле даромада руйи роҳи асфалт баромада бошад, ё хати хитоиро мемонад. Ман дар бобати бесаводии у намегуям. Зеро ҳафт офоқ медонад, ки дар дунё ду бесаводи кунди аблаҳи қаллобу таррори гузаро бошад, якеаш гови дар оғил будаи хонаи ҳамсояаам, дигаре чаноби олй аст. Муболиға намекунам. Ман аз давраи Қаҳҳор Маҳкамов ин чониб танҳо дар курсиҳои ҳуччатгузорй умрамро гузаронидаам. Тамоми сиру асрори Раҳмонро қариб, ки медонам.

 

Чанде қабл ба нафақа баромадам, шукр мегуям, ки аз ин вазифа намурда ба нафақа баромадам. Зеро чаноби олй, кам воқеъ шудааст, ки нафаре аз ҳукуматиёнро бидуни марги муофочо ба нафақа бароварда бошад. Зеро, аксарият пеш аз нафақа баромадан ё гуреза мешаванд, ё ичборан мемиранд, ё ҳич набошад дар хурокашон заҳр партофта мешавад. Ман итминон дорам, ки касе имруз ба ин ҳарфҳо бовар кардан он су истад, ҳатто гуш андохтан намехоҳад. Аммо медонам, ки пас аз 15-20 сол ҳамаи ин аъмоли баду сиёҳи оилдаи Раҳмон чун хас руйи коғаз хоҳад баромад.

 

Абдумалик Абдуллочонов, ки қаблан дар рузномаҳои пасошуравй чун «наҳанги чумҳурй» маъруф буд, аслан шахси бад набуд. Ба чаноби олй, ки аввалҳои соли 1993 чун буқаи лоғар дар долони қасри президент раҳ мегаштанду хурданашон низ мисли йемхурии гусола буд, маҳз ҳамин Абдумалик Абдуллочонов шеваи роҳ рафтани президентиро омузонид. Ҳатто чаноб галстукро баста наметавонистанд.

Ёд дорам, боре, ҳатто тугмаи костюмро боло-поён гузаронида буда, пеши намояндагони СММ баромадабуданд.

 

Агар Раҳмон дар аввалҳои ҳукуматдорияш тарсутарин нафари Точикистон бошад, агар президент дар аввалҳои соли 1993 ҳар руз аз қумондонҳои саҳрой, ки бо номи «Фронти халқй» (бале, ин афрод бо халқи бегуноҳи беяроқ фронт карданд, хуни халқро на фақат рехтанд, ҳатто макиданд) машҳур буданд, ҳар руз шатта мехурд, агар Раҳмон аввалҳо ба муйи сараш худаш шона мезад, агар Раҳмон дар нахустин рузҳои курсинишинияш бе маслиҳати Сангаки золим кор намекард, лекин кунун замоне расида, ки у ҳатто хоҳиши ба фариштаҳои осмонй фармон карданро дорад.

 

Соли 1993 . Чанги беамони бародаркушй дар авч буд. Қумондонҳо аз ҳисоби кишвар соҳиби мошину хона, автомату миномёт ва ҳатто танку вертолёт мешуданд, рузе ман бевосита шоҳиди он шудам, ки Абдумалик Абдуллочонов чун ноиби президент ба Раҳмон гапро аъқул кунониданй шуд. Хост фаҳмонад, ки ин яктарафнигарй оқибати бад дорад, бояд сарвар чун сарвар чонибдори як сангар набошад, у муваззаф аст, ки ба ҳар ду сангари даргир чун фарзанди хештан нигоҳ кунад. Аммо президент, он вақт, ки нав ғарраи нони серравған буд, бо дуғ гуфта буд, ки ҳеч гоҳ аз ёдам намеравад: «шумо будико Точикистонда риден, бумонен, ки мо кор кнем, и мардуми Кулоб ай пага сар када миёрум, тамоми кадрои ленинобода мачақшона мебурора, оли бест, ту».

 

Ва ин буд, оғози дилмондагии Абдумалик Абдуллочонови серу пурдида, ки он вақт у бемалол метавонист, кулли Точикистонро бо чанги як кисаааш бихарад.

Аммо Раҳмон ба гапиу иғвои Нарзулло Дустову дигар ақарабояш гуш кард. Ин буд, ки аз он руз сар карда, аз миёни Раҳмон Абдуллочонов гурбаи сиёҳ гузашт.

Абдуллочнов соли 1994 номзадияшро ба маснади президентй пешниҳод сохт. Қасам ба номи худо, ки Абдуллочонов 94,6 фисад соҳиби овоз шуд. Раҳмон бошад, бо қисмати ночиз президент шуд. «Падар»-и раҳматияш чаноби Борис Елтсин дар ин бозй роли ҳалкунандаро бозид. Абдуллочонов бохт. Минбаъд у дар чустучуйи интерпол қарор дорад. Раҳмон ҳануз бо шунидани номи Абдумалик як қад чаҳида аз чояш мехезад. Зеро тағоиҳои Абдуллочонов он вақт яке аз 11 миллиардери чаҳон дар Изроил буд ва алъон низ ҳаст. У аз пулҳои Абдумалик метарсад, ки рузе на фақат Точикистонро, балки худи Раҳмонро мехарад.

 

Ман дар ин бора намегуям. Гап дар сари ин ки аллакай дар сатҳи худи ҳукумат овоза ҳаст, ки гуё президент то авохири декабри соли равон истеъфо медиҳад. Ин нуктаро худи вазирону чазирон хубакак медонанд, аммо ин ҳарфро ҳатто ба занашон ҳам намегуянд. Зеро президент рафт, дилу мадори ин турфа низ. Президент барои ин туда зарур аст. Бешак президент бемори вазнин аст. Майнааш сакта гирифтааст. Рузе нест, ки чор-панч шиша шароб нахурад. У бо ин роҳ худро ором мекунаду халос. Вагарна…

 

У феълан ягон кори давлатдориро намекунад. Ҳарчанд, ки аз ин пештар низ намекард. Чунки наметавонад. Тули 16 соли даврронияш малакаи президентиро омухта натавонист. Мегуянд, ку «камбағал нони сериро набинад, чунки ба осмон туф мекардааст», айнан Эмомалй камбағале, ки буд, ки буридаи нони зиёдатие надошт. Ва ин камбағали нодор имруз яке чеҳраҳои саршиноси олами пул аст. Яке аз миллиардери чаҳон аст. Яке аз мафиозҳои пурқуввати кишвар мебошад. Кунун, ки баъди бебарқиҳои зимистони гузашта ноуҳдаброии Раҳмон комилан маълум гардид, у тасмим гирифтааст, ки ин моҳи декабр бо баҳонаи вазнин будани саломатиаш истеъфо диҳад. Оре, у бе баҳс ин гуна мақсадро пешаш гузоштааст.

 

Аз ин пештар солҳои чанги бародаркушй у ҳар руз омодаи аз вазифа рафтан буд. Аммо Сангакиён намемонданд, мегуфтанд, ки «ҳей Эмом, пахтара ай гушут бкаш, ҳаму рузе, ки рафтй, сарта ай танут чудо менем». У метарсид он вақт. Акнун аз Худо низ наметарсад. У Фиръавни асри 21 шудааст. Метарсам, ки то замони мурданаш даъвои худогй накунад.

 

Бо вучуди ин Раҳмон то соли 2009 шояд аз дасти писар ё чиянҳояш ба балое гирифтор шавад. Шояд ин дастгоҳ, ки ҳамсари шайтон алайҳиллаъна-Амиршо Миралиев сарварй мекунад, ин сирро пинҳон доранд. Баъд бардуруғ гуянд, ки президент зинда аст. Ман ин маслиҳатро аз даҳони нафаре шунидам, ки номашро орам, дарҳол мефаҳмад, ки ман кистам. Аз ин хотир намегуям, Шояд ин дуруғ буд. Аммо дилам гувоҳй медиҳад, ки ин нохурдаву нодида мурад ҳам аз вазифа намеравад. У нав ба хурдани кишвар сар кард.

 

Точикистони азиз, ёдат ба хайр (зеро ту кайҳо руҳан мурдай), бояд 13 соли дигар тоқат кунй, ки Раҳмон кай ба нафақа барояду гусолаи дигар-Рустами Раҳмон сари салтанат биншинад.

 

Ва ман то ҳол ба худ суол медиҳам, ки чаро Абдумалик Абдуллочонов ба Точикистон намеояд.

 

Бо эҳтиром Д.Э»
Просмотров: 6665 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 3.7/12 |
Всего комментариев: 161 2 »
16 донишчуи камбагал  
0
Чи хеле ки набошад мардак имруз президенту сохибвазифа аст! апз дасти мову шумо дигар ягон кор намеояд. барои хамин аз паси ин гапу калочахо шуда , аз кор мемони. кадом касе ки набошад шукр хози чанг несту тинчи шукри хаминрокардан лозим бародарони азизи ватандору беватан.

15 рустам,колхозчии бригада 12  
0
Низомхон Хайдарович кучо набоши обод бош,мардумоне хаст ки туро тарафдори мекунад,хамкишлокии ту Неъмат Олимови арканок дузд нест,то хаси колхоза медуздад,Шаропов Бадри дузд нест,ки тамоми заминхоро фурухт кани президент гурухи таытишоти ташкил кунед дар кучо коррупсия е шумо низ ба ин гурух хамрохми,ба фикрам шумо инсони бузургед,ки точикистонро аз чанги хонамонсуз озод карда сулх овардед,ед дорам ки мардуми гурезаро аз хоки Афгон баргардонидед,барои он ки Исфараро ба тартиб оред аввал аз чамоати Чоркух аз ин авлоди Шароповхо ва Олимовх сар кунед онхо хамам дузду харомхуранд,рафта акз халк пурсед огох мешавед Низомхонро онхо тухмат кардв душмани халк нишон доданд баракс онхо душмананд бо сардории милисахо

14 sofido  
0
Акаи Низомхон,
хар кучое бошед,зинда бошед!!!
Ононе, ки ба Шумо номарди карданд,ононро Худои бузург мезанад!!!
Он чиеки аз дастатон меояд,хамонро кунед!!!!
Он хамкишлокихои худатон,ки ба Шумо номарди карданд,он турмоку хояхое,ки дар вакташ кератонро мехурдан,хамаашонро бояд Шумо ьояд занашон ва худашонро ГОЕД.

13 Дуогу  
0
Джураеву Низом Хайдаровичу

Акаи Низомхон аз беахамиятии худатон Исфарагихо шуморо ба ин руз гирифтор карданд. Хусейн Хакимов, Хайдар Суванов, Амир - зам прокурор, сардори КГБ солиёни дароз зери дасти Шумо, вале бар зидди Шумо мубориза мебурданд


12 Софидо  
0
Джураеву Низому Хайдаровичу

Акаи Низомхон мо дуогуи Шумо хастем!!!
Хар кучое бошед,Худо дар панохаш нигох дорад Шуморо!!!
Нимат Олимов ва дигароне ки ба Шумо номарди карданд ва ба рузи сахти Шумо хандида истодаанд, ононро Худо хохад зад!!!


11 Гумрохзада  
0
Мухатарам Ватандор: Ба фикрам навишти 10.Али рост хаст

10 Али  
0
Аз руи ин ки Аликхо ин чо бемалол хакорату дашном ва ахлоки худро нишон дода истодаанд, маълум мешавад, ки ин сайти Додочон набуда, ин сайти КГБ аз номи Додочон аст, ки лакайхои Дангара ташкил караанд.
Бародарон, аз шумо хохиш ба ин сайт чизе нанависед, ки КГБи Дангара ташкилкунандаи ин сайт барои муайян кадани тарафдорони Додочон аст.

9 Alik  
0
Куруш, тфу бар туву бар хаммаслаконат! Шукри Худо мекунам, ки ту барин гариби беватани кафангадо фарсаххо аз Точикистони азизи ман дуриву нахсиву касофатият бар мулки нозанини ман намерасад. Хазорон шукри Аллохи бузург!

8 Куруш  
0
Маданиятро бин! Бо хамин "Алику лоликхо" Точикистонро обод кардани хастетон? Забони гализашро бин, хакорату дашноми дангарагиашро бин!
Аксари ин гуломмиллат хаминхо "Алику лоликхо" хастанд, ки дар бозорхо киморбози мекунанд.

Ватанат кайхо мурдааст, Додочон! Ватанат дар дасти "аликхо лоликхо", бародар!


7 Далер  
0
Аз хамин сайт мефахми точик дар кадом сатх аст.

Агар дар бораи мавзуъи ин сахифа сухан кунем, Абдуллочонов аслан ба он дарачае рахбар ё шасияти бузурге нест, ки мо дар борааш фикр мекунем. У як сиёсатмадор буд, мутассифона, дар гузашта.
Феълан кадом шахсияти бузурге хам бошад, мардуми Точикистон аз пасаш намеравад, зеро дар 17 соли хукмронии режими хонаводагии Рахмон як насли аве ба воя расид, ки айнан мисли хамин хонавода ва хамин хукумат фикр ва рафтор мекунад.
Аз ин хотир, ба назари мо, такя ба ин мардум, дурусттараш, издихоми гулом такя кардан ва ё ба он умед бастан, хатои махз аст.


1-10 11-16
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz