ВАТАНДОР
Чоршанбе, 22.11.2017, 17:42
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Март 2012  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1664

Главная » 2012 » Март » 30 » Аз тарма ҳам бадтар балои азими Тоҷикистон
Аз тарма ҳам бадтар балои азими Тоҷикистон
10:30

Ватандорони ман, инак пешорӯйи шумо ман як манзари дигарро хоҳам нишон дод. Манзараи ханадаолуду хунин, ашкбору девонасароӣ, маҷлиси ҳукумати Эмоми тамоми нотамоми Раҳмонро. 
Раисиҷумҳури «абадуддаҳр»и Тоҷикистон Эмомалӣ рӯзи 28-уми март дар машварати корӣ бо аъзои ҳукумат, ба мақомдорони кишвар дастур дод, барои пешгирии хавфи табиӣ аз қабили обхезиву тармафароӣ ва дигар балоҳои заминиву осмонӣ дар ҳоли омодабош қарор бигиранд. 
Лагандбардоронаш дар ин ҷаласаи кӯтоҳмуддат низ ҳарчӣ ваъдаҳое, ки дар зеҳнашон чун фонди луғавӣ тӯли ин 21 сол боқӣ мондааст, ба раисҷумҳурашон доданд. Аммо пайхас накарданд, ки аз ин офтаҳои табиӣ дида, офату балои дигаре Тоҷикистонро дар муддати 21 сол гулӯгир аст, ки ин ҳам бошад балои ОИЛАИ РАҲМОНИЁН! 
Ӯ кош дастур медод, ки барои рафъи балои раҳмониён омодагӣ бигиранд. Ин бало мисоли зулуку кирмҳои аскарида хуни халқро мемакаду мемакад, мемакаду мемакад ва… Паразит-балоҳои асри 21 ба Тоҷикистони азиз. 
Аммо бо сад афсӯсу надомат ман дар зеҳни ҳеҷ яке аз мансабдорони Тоҷикистон нахондаму надидам, ки фикри аз балои раҳмониён халосӣ ҷустан ҷӯш занад. Зеро онҳо низ ҳамагӣ як клан, як оилаи ваҳшии хунхори даҳшатангезтари махлуқи рӯйи заминанд.
Тоҷикистон ин солҳо аз бебарқӣ азоби гӯр мекашад. Аммо ин тӯдаи раҳмониён ҳеҷ дар фикри беҳбуд науфтодаст. Бо ибтидои баҳори деринтизори барфолуда маҳдудияти қувваи барқ боз шадидтару сангинтар шуду мардум ҳанӯз дар зимистон умед доштанд, ки бо фаро расидани моҳи март вазъи барқ беҳбудӣ хоҳад ёфт. Аммо надомато, ки чунин омоли халқ ба хок яксон шуд. 
Клани Раҳмон дар фикри фурӯши барқ, бизнесҳои сиёҳи худ. Эмом дар тамоми ҷо ҷор зад, ки ба Афғонистону Покистон омода аст, ки барқ бифрӯшад. Аммо ба мардуми азизи Тоҷикистон бардурӯғ эълом дошт, ки об дар сарбандҳо кам шудааст. Бо ин баҳона даҳони халқро муҳкам кард. Мардум низ дигар ба сафсатаҳои пири сафсата-Эмом одат карданду ба дурӯғҳои ӯ хӯ гирифтаанд. Ҳамоно бизнеси сиёҳи барқфурӯши як лагери хунхор бидуни таваққуф идома дорад. 
Гумон мекунед, ки муносибати Эмом бо ҳамсоякишвар бад аст? На азизонам, ин як сенарияи сохтаи ӯст. Каримов низ аз ин сенарияи Эмом бехабар ва намедонад,ки худи Раҳмон бо зердастони ӯ дар бизнеси барқ ва қочоқи дигари энержӣ ҳамто надорад. Садҳо шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии Ӯзбакистон тавассути клани Раҳмон ба заводу фабрикаҳои хусусиашон дар бадали маблағҳои ҳангуфт барқро пинҳонӣ харидорӣ менамоянд. Аммо ҳамоно муносибати Эмом бо ҳукумати Ӯзбакстон бад аст гӯё. Воқеан аз ин чиз Каримов огоҳ нест. Ҳамоно боз тоҷик бебарқ аст.
Дар ин радиф бисёре аз шаҳру навоҳии Қирғизистону Афғонистон низ ба ин зайл ба корхонаҳои хусусии худ барқро дар ивази милюнҳо доллар ба тариқи қочоқ харидорӣ менамоянд, ки аз ин танҳо оилаи Эмом ва клани хунхору хуношомаш манфиат мебараду халос. Боз ҳамоно халқи бечораи тоҷик бебарқу бегоз умри тору сард ба сар мебарад. 
Боре дар Қандаҳори Афғонистон бо яке аз дӯстонам сӯҳбате доштам ва ӯ ба ман бо ҳавас иброз дошт, ки Тоҷикистон аз лиҳози барқ хеле пешрафта аст. Дар посух гуфтам, ки чӣ гуна пеш рафта, мо ки худ барқ надорем барои зистамон истифода барем. Ӯ ду бародари худро ном бурд, ки ширкатҳои хусусии хеле бузург доранду аз марзи Тоҷикистон барқро харидорӣ менамоянд. Воқеан ба коргоҳи бародаронаш рафтем ва аз забони бародараш низ ин ҳарфҳо тасдиқи худро ёфт 
Бармеояд, ки ин гуна коргоҳҳои ҳамсоякишвар ягону дугон нест, милюнҳо коргоҳест, ки аз ҳисоби барқи Тоҷикистон фаъолияти босамар доранду маблағи истифодаи барқ бошад ба суратҳисоби шахсии зимомдорони клани Эмом ба бонкҳои кишвари Швейтсор интиқол мешавад. Боз ҳамоно миллати тоҷик бебарқ зода мешаваду бе барқ мемирад. 
Қирғизистон низ бо вуҷуди оби саршору барқи бешумор доштанаш, дар марзу буми назди Тоҷикистон ширкатҳои бузурги як ду каллаҷунбоне дорад, ки аз ҳисоби барқи Тоҷикистон даромади ҳангуфт дорад. Аммо боз пули истифодаи барқ ба кисаи Эмому халқи бечораии Тоҷикистон бебарқ дар хонаҳои сарду торик зиндагии сагона дорад. 
Боз Эмом тариқи телевизиону родю эълом медорад, ки «халқи азизам, ду зимистони дигар бардошт кунед, иншооллоҳ аз зимистони соли саввум ҳамааш хуб мешавад». Аммо ин ваъдаҳои «ду соли дигар»-и шоҳи дурӯғин ҳеҷ не , ки поён ёбаду мардум рӯзи рӯшанро бубинад. Ҳар зимистон ваъда якто: «баъди ду сол Тоҷикистон рӯшану пурбарқ мешавад». 
Аммо нафси Эмому кланаш ҳеҷ не ки сер шавад. Боз ин балоҳои азими заминӣ мардумро ҳӯшдор медиҳанд, ки аз фаромадани тармаву ярчу обхезиҳои имсол дар ҳоли омодабош бошанд. 
Бо тамоми масъулият мегӯям, дар ҳузури виҷдони инсонву мусалмониям назди Худовандам савганд мехӯрам, ки ҳеҷ балое азимтар барои халқи тоҷик аз Эмом дида дигартару бадтар нест!!!! Ваъдаи дурӯғини ӯ якто: «Ду соли дигар бардошт кунед….»


Просмотров: 2741 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 5.0/7 |
Всего комментариев: 5
5  
Musalmon kasest,ki digar nafar az vay tahqeru badkhohi nabinad, Turo Khudo mezanad oqoi Atovulloi BESAVOD ! Tu SAVOD NADORI, misli tu opazitsiya ziyod, ammo savod,ki dorand, tahqiq namekunand, tu KHUDOZADA MESHAVI !

4  
kusi zan Rahmnov, man Tahminaya goyidagium fahmidi

3  
Спасибо.Выручили.

2  
inka gapa az kujo yofta menavisand aaa

1  
Мехмони вебсайти мо хам бошед. Ин сайт дар бораи фарханги муштараки ду кишвари дуст
ва хамзабон, Эрону Точикистон мебошад. www.irantajik.org

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2017
Сайт управляется системой uCoz