ВАТАНДОР
Панчшанбе, 21.11.2024, 08:46
Номгуй

Сабки вуруд

Таквими навидхо
«  Ноябр 2024  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930

Чустучуй

Пайвандон

Омор

Шумо хукуки гуфтан доред
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Муаллиф Д.Атовулло, рохбари чунбиши Ватандор

Мардуми азизи Точикистон!
Эхтиромона хохиш мекунам:
Зимистон наздик меояд. Барку свет баъди 2 сол мешавад.
Газ хам нест.
Дар 20 сол чангалу богхоро буррида тамом кардед.
Хохиш мекунам таппак хушконед.
Одамони шахри!
Мутолигар: 17198 | Сана: 27.09.2012 | Нуфуз: 3.7/31 | Назаргох (61)


Ватандорони ман, инак пешорӯйи шумо ман як манзари дигарро хоҳам нишон дод. Манзараи ханадаолуду хунин, ашкбору девонасароӣ, маҷлиси ҳукумати Эмоми тамоми нотамоми Раҳмонро. 
Раисиҷумҳури «абадуддаҳр»и Тоҷикистон Эмомалӣ рӯзи 28-уми март дар машварати корӣ бо аъзои ҳукумат, ба мақомдорони кишвар дастур дод, барои пешгирии хавфи табиӣ аз қабили обхезиву тармафароӣ ва дигар балоҳои заминиву осмонӣ дар ҳоли омодабош қарор бигиранд. 
Лагандбардоронаш дар ин ҷаласаи кӯтоҳмуддат низ ҳарчӣ ваъдаҳое, ки дар зеҳнашон чун фонди луғавӣ тӯли ин 21 сол боқӣ мондааст, ба раисҷумҳурашон доданд. Аммо пайхас накарданд, ки аз ин офтаҳои табиӣ дида, офату балои дигаре Тоҷикистонро дар муддати 21 сол гулӯгир аст, ки ин ҳам бошад балои ОИЛАИ РАҲМОНИЁН! 
Ӯ кош дастур медод, ки барои рафъи балои раҳмониён омодагӣ бигиранд. Ин бало мисоли зулуку кирмҳои аскарида хуни халқро мемакаду мемакад, мемакаду мемакад ва… Паразит-балоҳои асри 21 ба Тоҷикистони азиз. 
Аммо бо сад афсӯсу надомат ман дар зеҳни ҳеҷ яке аз мансабдорони Тоҷикистон нахондаму надидам, ки фикри аз балои раҳмониён халосӣ ҷустан ҷӯш занад. Зеро онҳо низ ҳамагӣ як клан, як оилаи ваҳшии хунхори даҳшатангезтари махлуқи рӯйи заминанд.
Мутолигар: 3632 | Сана: 30.03.2012 | Нуфуз: 5.0/7 | Назаргох (5)

Додоҷон Атовуллоев, 
Раҳбари ҳаракати мардумии « ВАТАНДОР»

Дустам, дигар аз мардӣ, сухан магӯ!.
Мард будан , номус доштан аст ва агар лозим шавад,барои ҳифзи номуси хеш, ҷон додан аст!
Дӯстам, дигар аз мусулмон буданат ҳарф мазан!
Мусулмонӣ, дар роҳи Ҳақ гом бардоштан ва аз Ҳақ дифоъ кардан ва ба хотири Ҳақ аз ҳама чиз гузашт кардан аст!
Бародари исломӣмаоб! Риё кардан, тамаллуқ, чоплусӣ ва дурӯғ ҳама гуноҳи бузург аст! Дарди миллати мазлуми моро эҳсос накардану нодида гирифтан гуноҳ аст, вале Шумо ҷуз он ки Исломи азимушшаънро «хусусӣ» гардонда, аз номи он авомфаребӣ кардан, кори дигаре накардед, бо Раҳмон пайвастед ва мӯҳлати раёсати ҷумҳурии ӯро тамдид кардед!
Оё баъд аз ин ҳам номуси исломӣ ва шарафи мусулмонӣ дор ... Читать дальше »
Мутолигар: 3679 | Сана: 27.03.2012 | Нуфуз: 3.4/7 | Назаргох (4)

Боз як фоҷиа. Боз як баён кардани норозигӣ. Боз як тан шаҳрванди тоҷик худро аз таъқиби режими раҳмонӣ (аз режими сталинӣ ҳам сангинтар режим дар рӯйи ҷаҳон ин режими Раҳмон аст) тарконд. 
Баъд аз намози пешин дар шафати автовокзали пойтахт таркише садо буланд карду дили ҳазорон нафарро ба ларзиш овард. Худоё! Ҷавонон ба ҷони худ раҳм намекунанд. Ҷавонон маргро аз зиндагии зери султаи зулми Раҳмон авло медонанд. Ҷавоне, ки бо иттиҳоми бардурӯғи экстремизм дар пайгарди қонунҳои ғайриинсонии «made in rahmon» қарор дошт, худро дар ҳузури ҳамагон тарконд. Пораҳои гӯшти баданаш пош хӯрдаву ҳанӯз бӯйи хуни гармаш ба димоғи раҳгузарон мезанад. 
Маълуму равшан гардид, ки Раҳмон аз шаҳрвандони барӯмандаш тратилу маводҳои таркандагии зинда месозад. Тавре халқро аз ҷон сер мекунад, ки худро метарконанд. 
Раҳмон шояд намехост, ки бо омадани меҳмонони хориҷӣ дар Наврӯз ин гуна норизоӣ ба вуқӯъ пайвандад. Аммо ҳар чӣ ки буд аллакай шуд, меҳмонон бо тамоми вуҷудашон ба ҳоли Раҳмон хандиданду гиря карданд. 
Агар сари мавзӯъи байнулмилалӣ шудани Наврӯз гӯем, имрӯз Раҳмон ва ТВ-родюҳои лаббайкгӯяш ҷор мезаннад, ки гӯё ҳукумати Тоҷикистон «бо ибтикори ҷаноби холӣ номӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ба СММ Наврӯзро пешниҳод карда бошанд, ки Наврӯз иди умумиҷаҳонӣ шавад. Гӯши халқро бо ин газофаш пур кардааст. Аслан ... Читать дальше »
Мутолигар: 3798 | Сана: 25.03.2012 | Нуфуз: 3.8/5 | Назаргох (5)

Имрӯз 10 000 нафар пеш як масхарабоз дар зери борон мерақсанду мечарханд. Бузбони Раҳмон ид дорад. Ин гадозода, ки бӯи гадоӣ аз димоғаш нарафтааст, ҳатто барои худнамоӣ аз мардум пул ҷамъ карда, дар кишваре, ки ними мардумаш нони хӯрдани надорад, ҷашну маросимҳои ба ном байналхалқӣ меорояд. Ин бешарофат, ин бехосият, ин аждаҳо гӯё ба мардум пайғом мефиристад: "шумо касе нестед, ман ҳар чизе хоҳам мекунам". Аммо шумо чаро хомӯшед? Ин миллат наход ягон Ковае, Рустаме, Мансуре, сарбаланде, сарфарозе, сарбадоре надорад???? Чаро ҳама аз як пойлучи данғарагӣ ва чор чоплуси вай меҳаросанд? Чаро мардум ин ҳамаро таҳаммул мекунад? Чаро мо ин қадар тарсу шудаем? Магар аз чунин зиндаги марг беҳтар нест? Чаро ҳама мӯҳри хомушӣ бар лаб задаанд? ЧАРО? ЧАРО?? ЧАРО???? ЧАРО????ЧАРО???????

Рахмоноффф як аблаҳи бесавод аст. Ва аз ҳад хармичоз. Шарму ҳаёро ин касифи номусбохта батамом гум кардааст. Чанд рӯз пеш дар вохӯрӣ бо ном зиёиёни торикдил ва торикхирад КАДУШОҲ гоҳ худашро МУЛЛО мегирифт, гоҳ МУАЛЛИМ ва насиҳат мекард ба олиму академику шоирон. Аммо як шоир, олим ё академике, пайдо нашуд, ки гӯяд « ЭЙ ХАРИ ЛАҶОМГУСЕХТА, ТУ ЧИҲО МЕГӮӢ?» . Баръакс, ба ном зиёиҳои тоҷик сар меҷунбонданду каф мезаданд. Як нафаре пайдо нашуд, ки бо туфли бар даҳони ин худобехабар бизанад.
o Бедил, аз хурду бузург он беҳ ки бардорӣ назар,
Мутолигар: 2921 | Сана: 25.03.2012 | Нуфуз: 4.2/5 | Назаргох (2)

Дуруд ба ҳамватанони азиз. Дуруд ба ватандорони ҳушманду арҷмандам! Дуруд ба онҳое, ки аз мову мо аз эшон ин муддати мадиде дар фосила қарор доштем. 

Ҳукумати Раҳмон вақтҳои ахир аз тасмимҳои Кремлин хеле тарс дорад, ки барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик визаро ҷорӣ накунад ва ё худ як қади аҷал аз он метарсад, ки ҳамагӣ (2 милюн муҳоҷирро!) гастарбайтерҳои тоҷикро дар як рӯз депорт накунанд. Ватандорони азизам, мабодо гумон мабаред, ки ин гуна тарсу ба таҳлука афтодан аз боясти ғамхорӣ нисбати раъияти Тоҷикистон аст. Дар телевизиюну родюҳо борҳо алайҳи ягон тасмими манфии Кремлин садо буланд кардани ҳукумати Раҳмон маънии он нест, ки ғами муҳоҷиронро мехӯрад. Онҳо ғами дубури худро мехӯранд. Онҳо ғами фарзандони як кланро мехӯранд. Раҳмон ғами шиками худ ва нӯҳ фарзандашро мехӯрад Боқӣ дигар ҳич чиз. Боз мегӯед чаро? 

Бародарону хоҳарони азизам, охир чашми ибрат агар боз кунӣ, ин тавр нест, ки ба ману ту ТВ ва родюву ҷаридаҳои лаббайкгӯ талаққӣ мекунанд, нишонаи ғамхории ҳукумати Раҳмон нест. Фаразан, агар Кремл дар як рӯз қонуни раводидро ба муҳоҷирони тоҷик раво бинад ва ё ҳамаро дар як соат депорт кунад, барои халқи тоҷик не, барои ҳукумати кунунии Тоҷикистони заҷрдида даҳшату арсаи қиёмат фаро мерасад. 

Зеро, аз 2 милюн муҳоҷир ҳадди аққал 1 милюни ишон афроди соҳибмаълумот ... Читать дальше »

Мутолигар: 3153 | Сана: 23.03.2012 | Нуфуз: 4.5/4 | Назаргох (3)

Safiyloh 30.07.2011 06:45 Guest IP:91.200.217.66 Ду-се сол пеш Шуморо дар фурўдгоҳи Маскав бо миќдори 400 ё 500 ҳазор евро боздошт намуда боз сар доданд. Ин пул аз куҷо буд ва чӣ тавр ба дасти Шумо афтода буд. Ташаккури пешакӣ барои ҷавоб. Сафиюлло, аз Ишкошим

31 Д. А.: Ба ин савол борхо посух гуфтаам. Такрори такрор дилбазан мешавад.

nurullo 30.07.2011 06:45 Аксари журналистоне, ки дар «Чароғи рўз» бо Шумо кор мекарданд, баъди ба Маскав фирорӣ шуданатон аз пасатон рафтанд, аммо зуд аз Шумо ҷудо шуданд. Иллаташро онҳо дар пулдўстдории Шумо шарҳ медиҳанд. Оё ин рост аст. Мард бошед посух диҳед.

32 Д.А.: Мард бошед, гуш кунед))) Ман хама чизе, ки метавонистам дар хакки хамкоронам, миннат нашавад, кардам. Як бурда ноне, ки дар он солхои мудхиш, меёфтам, бо хама таксим мекадам. Тамоми кормандони «Чароги руз» душман эълон шуда буданд ва дар чустучу карор доштанд, мекардам. Агар нафареро аз «Чароги руз» дастгир мекарданд, пуст меканданд. Кодири Рустамро дастгир карданд. Сочидаи Мирзо дар Сибирь пинхон шудааст. Салими Аюбзодро кормандони Хилоли Ахмар либоси духтури пушонда, ба самолет савор кардаанд. Ба хамаи кормандони мо парвандаи чинояти кушода буданд. Хонахои моро горат карданд. Он айём хатто одамонро барои хондани ру ... Читать дальше »

Мутолигар: 12341 | Сана: 09.08.2011 | Нуфуз: 4.4/11 | Назаргох (3)

Вместо пролога: 

В вопросах всегда ищу некие ответы. Поскольку характер вопросов точно передает настроение общества, в них отражается человек. Его мировоззрение, настроение, уровень боли. Искренний вопрос всегда радует – значит, равнодушие поразило не всех. Большое спасибо всем, кто участвовал в этой заочной беседе. Благодарю за умные и интересные вопросы. К ним я вернусь еще не раз. Некоторые из них требуют отдельного разговора или станут темой большой публикации. Были и такие, кто ждал не ответа. Их авторы радовались, что, как они считают, «укусили», «поставили на место». И вам спасибо. Вы не даете нам расслабится. Еще раз прошу прощения за то, что вовремя не ответил. Я был с вами искренен и честен. Но хочу сказать, что самые главные вопросы я задаю себе сам. Они мучительны и трудны. Они заставляют страдать и не позволяют опускать руки.

Я один из вас. В этом поиске истины и справедливости мы с вами попутчики. Доброго пути всем нам!

Носир 30.07.2011 06:45 Guest IP:91.79.183.241 Господин Атовуллоев! Ваш прогноз о политическом будущее Эмомали Рахмона? Где ваша обещанная "фиалковая революция"?

1 Д.А.: - Я считаю, что у Рахмонова есть ... Читать дальше »

Мутолигар: 12666 | Сана: 09.08.2011 | Нуфуз: 3.6/5 | Назаргох (2)

Додситони кулли Тоҷикистон аз давлати Русия хостааст Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолиф ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба "Ватандор"-ро, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кунад.
Шерхон Салимзода рӯзи сешанбеи 12 апрел дар як нишасти матбуъотӣ гуфт, ки оқои Атовулло ҳоло мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад ва мақомоти Русия ҳануз посухе ба ин дархост надодаанд.
Оқои Салимзода иттиҳомоти ворида алайҳи ин рӯзноманигори мухолифро эълом накард, вале худи оқои Атовулло дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон дар гузашта низ чунин талоше карда буданд ва "бори дигар мехоҳанд худро назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ шармсор кунанд."
Ин рӯзноманигори мухолиф, ки солҳои зиёде дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад, мӯътақид аст, ки давлати ин кишвар ба боздошт ва истирдоди вай аз Русия муваффақ нахоҳад шуд:
Оқои Атовулло, ба назаратон, сабаби аслии ин ки Додситонии кулли Тоҷикистон Шуморо таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода, чист?
Ин дасисаи навбатии мақомоти Тоҷикистон дар чорчӯби ягон қонун, дар ягон кишвари ҷаҳон, шояд ба ҷуз Тоҷикистон ва кишварҳое, ки диктотурӣ ҳастанд, намегунҷад.
Ман як рӯзноманигор ҳастам, як сиёсатмадор ҳастам ва барои гуфтани сухани ҳақ, барои гуфтани фикре, ки бо фикри онҳо тафовут дорад, онҳо мехоҳанд маро ба Тоҷикистон биёранд ва зиндонӣ кунанд.
Худи ҳамин дар бораи қонун сухан гуфтани ҳукумате, ки худаш қонунро зери по мекунад, бидуни риъояти қонун ва меъёр ... Читать дальше »
Мутолигар: 9325 | Сана: 18.04.2011 | Нуфуз: 4.5/8 | Назаргох (8)

Инак, ҳукумат боз бар сари хештан балои дигареро овард. Баъд аз он ки имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Кӯлоб Ҳоҷӣ Мирзоро аз вазифаи имоматӣ маъзул кард, баъд аз он ки аҳли динро бо иттиҳоми бофтаву сохтаи террорист ба иҷборан тарошидани ришу кашидани аврат водор сохт, ба намозгоҳи қароргоҳи риёсати ҲНИТ ташриф овард. Дар ин ташрифот намояндаи амният, прокуратура ва кумитаи дин (аз ҳама кумитае, ки фардо рӯзи қиёмат дар ҳузури Худованд пурсишаш сахттару сангинтар аст, ин кумитаи дин аст) ҳузур доштанд. Намозгузорони ин масҷидро маъа имомаш маҷбур карданд, ки минбаъд дар ин масҷид ҷамъ наоянд ва таҳдид кардан, ки масъалаи имоми масҷидро ба додгоҳ хоҳанд бурд. Ин дафъа дар шоҳмотбозӣ ҳукумат ворастатар баромад. Суперчемпионҳои ҷаҳон оид ба шоҳмот-Карпову Каспаровро ҳукумати Тоҷикистон як нӯл зад. Медонад, ки бо иттиҳоми террористӣ аҳли динро муттаҳам карда, бо осонӣ ба ҳабс мекашад, дар ин зимн яқин эҳсос мекунад, ки ҲНИТ ягона ҳизбҳи исломӣ аст ва шояд (!) ба ин кор дахолат кунад. Лизо, пешакӣ таги пояшро ҳукумат руфта тоза кард. Омаду масҷид-хонаи Худоро оташ зад, то наҳзатиён ин корро идомаи кори террористӣ талаққӣ намоянду бо ҳукумат ҳамдастӣ созанд. Аммо як аблаҳии дигар низ дар ин шоҳмотбозӣ аз ҷониби ҳукумат сар зад. Қаблан рӯзи ҷумъа ба масҷид ташрифи бемаънӣ овард, агар бидуни омадан ба кори масҷид дахолат мекард, шояд ин амалро террористӣ унвон намуд. Аммо чашми наҳзатиён дар ин кор хоҳу нохоҳ ба сӯйи ҳукумат ишора мекунад, ки эшон низ ин хонаиХудосӯзиро аз дасти ҳукум ... Читать дальше »
Мутолигар: 4005 | Сана: 24.10.2010 | Нуфуз: 4.2/18 | Назаргох (18)

1 2 3 ... 7 8 »
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz