Ҳар нафаре мағлубнашаванда шуд, ин амри табиист, ки дар дунё нафароне низ ҳастанд, ки воқеан мағлуб ношуда мемонананд. Ба маснаду мақоме дастёб мегарданд, ки ҳич касе имконияти чаппа кардани эшонро надорад. Ва таърих чунин нест, ки чунин афрод ҳамин гуна мағлубнашаванда мемиранд. На, ватандорони азизу нури дидаи ман, ҳатман рузе мағлуб хоҳанд шуд. Агар аз дасти фарзанди худ ба қатл нарасиданд, пас аз дасти наздиктар нафарон, ки замоне косалесу табақшуяшон буд, ба дами шармандагиву залолат хоҳанд расид. Президент Раҳмон низ.
Дусте бо номи Манучеҳр менависад, ки Салому Саидшоҳо, ки қаблан Раҳмонро дастгир буданд, итминон ҳаст, ки Раҳмонро чаппа кунанд, на мардуми майдонниншин. Ҳақ ба чониби бародар-Манучеҳр аст. Ва ин хавфи у аз он ки сари курсии президентй нафаре боз хоҳад омад, масали «ду понздаҳ як сй» аст, то андозае ин хавфи на Манучеҳр, балки кулли кишвар аст. Ҳарчанд, ки Саламу Саидшо низ ба кишвар як тини сиёҳ ҳам даромаду як зарра низ сулҳро кафил шуда наметавонанд, бо вучуди ин муҳимияти ин масъала он аст, ки
...
Читать дальше »