Хонандаи арчманди сомонаи Ватандор. Медонам, ки фасодиҳои ин қабиле, ки ба таври силсилааш мехонед, шуморо шояд дилгир ҳам сохта бошад. Бо ин ҳама маъзарат. Дилам мегиряд, нола дар гулуям мешиканад, ба халқи сукутзадаам раҳмам меояд. Инак охиргуфтори ин силсила.
Шоев (алъон Шоҳиён), ки дар найрангбозй устухон надорад, ҳангоми раиси Шурои адлия шудан, як қатор қаҳрамониҳо касношунид нишон дод. Шабу руз сари презиеденти Раҳмонро гаранг сохт, ки дар оянда барои чавлонгоҳи худаш ягон мамониат пеш наояд. Раҳмони гапдаро ҳам дар ҳолати ширакайфй сар чунбониду масъала ҳал шуд: Шоев шоҳи мутлақи судяҳои Точикистон гардид. Аввалин ибтикоре, ки кард, вазифаи судяҳо, ки то даҳ сол бояд бидуни дахолат сурат мегирифт, бо як нул зад. Ҳарчанд судяҳо аз хатогй орй нестанд, Шоев бевосита ба кори кадрҳо бо маслиҳату машварати Абдучаббор машғул гардид.
Қадамҳои нахусти Шоев аз ғалбер гузаронидани кадрҳо шуд. Раиси суди шаҳри Хучанд Сангинов Хуршед, ки ки яке аз босав
...
Читать дальше »