ВАТАНДОР
Душанбе, 29.04.2024, 13:57
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июн » 28 » Сулҳи нокомил ва дастоварди яктарафаи Точикистон
Сулҳи нокомил ва дастоварди яктарафаи Точикистон
06:24

27 июн рузи бадтарин сулҳи башарият

 

Таърихи башарият рузе исбот хоҳад кард, ки 27 июн-сулҳи деринтизор ва ё худ Иди ваҳдати миллй бадтарин сулҳ ва нокомтарин дастоварди точикон буду мемонад. Таърих исбот хоҳад кард, ки тули 11 соли ваҳдат ва ҳамгирой президент Раҳмон беш аз 700 нафарро, ки собиқ қумондонҳо саҳроии опозитсиюн буданд ба шиканча гирифтор кард, беш аз 700 нафарро мачбур сохт, ки аз ватан беватан шаванд. Чеҳраҳои саршинос ва воқеан сарсупурдаи миллат, ки (теъдодашон аз 400 мегузарад) ба миллату давлат метавонистанд, хидмат букунанд, имрузҳо дар дигар мамолик хидмати дигар халқу миллати ғайрро ба хотири амнияти хеш ва дуртар будан аз чанголи Раҳмон карда истодаанд. Таҳқиқотҳо бозгуйи онанд, ки кишвар тули ин 11 сол аз  давраи чанги шаҳрвандй дида ҳам бештар ба гили ришваву фасод ғутидаааст. Ин аст, ки гузоришгари Маркази таҳқиқоти мардумшиносии Бритониё хонум Марго Градерян Точикистонро якумин ва ягона кишваре хонд, ки дар он коррупсия ва бедодгарй ба авчи аълояш расида будааст. Ҳамзамон дар гузориши худ менависад, ки тули 11 сол беш аз 800 тан афроди собиқ опозитсиюн дар маҳбасҳо қарор доранду қисмати аъзами эшон беному нишон кушта шуда, ҳануз ба хонаводаҳои эшон хабаре аз марги эшонро давлати раҳмонуфй нагуфтааст ва намегуяд. Ҳарчанд, ҳини созишномаи сулҳ Раҳмон авфи куллро худаш пешниҳод ва шурути вуруди оппозитсиюн ва таъмини амнияти ишонро кафолат дода буд.

Ватандорони ман, бубинед Раҳмон ба ваъдааш чй тур вафо кард. Бо ҳилаву найранг мухолифинро ба Точикистон ворид намуд, мисли харгуш ҳар руз яке аз эшонро майли шикор кардан дорад. Ва шаке нест, ки то рафт аз сари роҳаш кулли ишонро дур бикунад.

Кулли дастоварди Точикистон гуё аз уст, сулҳ низ, ваҳдат низ, пешравй низ. Агар чунин аст, чаро 2 миллиард муҳочир, ки дар кишвар чавлон зада нони дурусте ёфта наметавонанд, ин нуқтаро Раҳмон ба гардан намегирад, ки ин касофатй низ аз уст?. Чаро хуни 2680 нафар муҳочири точик, ки дар Русиё аз чониби сартарошидаҳо кушта шуданд, Раҳмон ин нанггро аз ноуҳдаброии худ намедонад? Чаро афроди ҳукуматй Раҳмонро мисли кудак эрка намудаанд, ки дар ҳузураш аз у пайғамбари замон метарошанд, дар ҳар нишасту хесташон, ҳатто вақти хурокхури ба чойи бисмиллоҳ номи чанобашонро меоваранд, хуни 2680 шаҳиди роҳи нонёбй дар муҳочират  ва шаҳиди мамлакатдории фартути Раҳмонро ба ёд овардан намехоҳанд? Чаро?

Чаро боре президент ваъдаи мардонаи худаш, ки сй дар садй дар курсиҳои ҳукуматй бояд аз чониби мухолифин низ кор бикунанд, чаро ин аҳдашро шикастааст? Имруз у даҳони кулли кишвар ва собиқ мухолифинро бастааст: «Дар Точикистон мухолиф вучуд надорад». Ин шиору пучу дуруғин буд, ки собиқ ҳайъати мухолифин низ сар фуру нишонданд ва талаби курсиҳоро надоранд. Ҳарчанд талаб ҳам кунанд, чанобашон ба чуз нарангушташ, ки бо ишораи ҳақорат аст, дигар чизеро ба мухолифинаш нишон намедиҳад. «Мана бар шумо».

Кулли вазоратҳо дар зери дасти косалесонаш, калидҳои пулдортарини дарвозаҳои ҳукуматй дар дасти пайвандону фарзандону хешонаш. Раисони шаҳру навоҳй ва вилоёти кишвар ғуломони ҳалқа бар гуши чанобашон ҳастанд. Дар вучуди ҳар яки ишон мафҳуми «хидмат ба халқу миллат» не, баръакс «хидмати ғуломворй ба чаноби олй» чойгир шудааст. Воқеан, ин раисон ҳама руза як коре мекунанд, ки бояд ба табъи чаноби олияшон маъқул шавад. Вагарна курсиро хайрбод хоҳанд гуфт. Касе аз имруза раисони шаҳру навоҳй мисли Мақсуд Икромов (ёдат ба хайр дусти азиз) шудаву буда наметавонанд. Зеро у ғами миллату халқро мехурд. У аз ғами президентҳо ягон ташвише надошт. Кушиш ҳам намекард, ки ба президент маъқул шавад. Аммо, дардо, ки ин гуна раисон дар Точистон алъон комилан нестанд. Ин тудаи тамаллуқкору хушомадгу танҳо дар хизмати чанобашон камар бастааанд.

Тавре ватандорони азиз мушоҳида кардед, тачлили иди ваҳдат ҳамсони дигар рузҳои муқаррарии истироҳатй гузашт. Ҳукумат дар чеҳраи мардум ягон суруру шодмоние эҳсос нанамуд. Мардум дилгир шудаанд. Баръакс дар симои мардуми азиятдидаву сарсону саргардону беҳуқуқи точик аз пештара бештар нишонаи яъсу ноумедй ҳувайдо буд. Ба вижа сафари чанобашон ба Қурғонтеппа кулминатсияи ин нуқтаро далел аст. Шиорҳои бемаънии «подшоҳ» «шоҳи одил» «шоҳаншоҳ» «чаноби олй», ки ба президент Раҳмон ва афроди ҳукуматй басо маъқул аст, аз пештара бештар дар гушҳо садо дод. Аморати Точикистон!?

Ин сулҳ гуиё танҳо дастовард ва кушишу заҳмати Раҳмон аст. Чаро Раҳмон аз руйи инсоф ҳатто як бор зимни сафараш аз Сайид Абдуллоҳи Нурй ёдовар нашуд. Ҳарчанд ин абармард хидматҳои зиёде ба хотири чангбасу сулҳ ва иттиҳод байни точикон кардааст.

Ин гуна корбарй руз то руз косаи сабри мардумро лабрез сохтааст. Аммо ҳукумат намефаҳмад, ки ин сукути пеш аз туфони мардум ғулғулаву шуру исёнро ба дунбол хоҳад дошт. Ин ҳукумат дарк намекунад, ки қасри худро руйи ях барпо кардааст, ки бо тобишҳои аввалин нурҳои офтоби ҳақиқат об шуда аз ҳам фурупош мешавад.

Ин ҳукумат то андозае хуни мардумро макидан дорад, ки қарзҳои гирифтааш зиёда аз 3 миллиард аст. (дар нишондодҳои давлатй ин рақамро бардуруғ 1,5 миллиард мегуянд). Ҳамаи ин қарзҳои гирифта ба харчи сохтмонҳо қасру кушки Раҳмон ва духтарони у тақсим шудаанд. Аммо ҳар нафари точикистонй дар ҳузури мамолики қарздода аз ин 3 миллиард гуиё 300 дуллорй қарздоранд. Ҳатто кудаке, ки ҳануз аз раҳми модар чудо шуда бошад ҳам.

Ҳануз фурсат ҳаст, чанобашонро маъа қавмашон бояд аз Точикистон берун кард, вагарна кишвари азизро ба 3 триллиардл қарз хоҳад расонид.

Эй он нафроне, ки мехоҳанд Точикистонро аз қарзу СПИДу балову батар начот додан мехоҳанд, шумо алайҳи гуна зуҳурот беҳуда мубориза мебаред. Танҳо як калид пеши шумост: Аз тахт барканор кардани чаноби олии худхоҳу худкома, ягона ва муҳимтарин аз бунбасти коммуникатсионй ва аз гили қарзу муҳочират баромадани Точикистон аст. Калид ин чост! Беҳуда лоиҳаву поиҳа навишта нагардед. Барканории чаноби олй  беҳтарин лоиҳаи мо хоҳад буд. Итминон дорам.
Просмотров: 1353 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 5.0/3 |
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz