Дар Душанбеи азизи ман, як КУРСЙ-е ҳаст, ки дар дигар минтақаҳо Точикистон чунин КУРСЙ вучуд надошту надорад. Замоне ин курсй дар Бухорои шариф буд. Кунун ба ин курсй сарвари паёмбарталош Эмомалй Хон нишаста. (Зеро ҳар сол ба гуфти худашу косалесонаш ба мачлиси милливу мачлиси намоядагон паём мегуяд) Масъулияти ҳафт милюн нафар аҳолии Точикистон ба души уст. Маргу мири муфочо ҳам, дар дами теғу зарбу лати скинхедҳо мурдани муҳочирони точик ҳам, мубталои СПИДаш ҳам, адолативу ноадолатиҳояш ҳам. Фардо у аз пушти ҳафт милюн нафар чавоб хоҳад гуфт. Агар ҳақ аст, пас нушаш бод, агар не, ин галстуки рангаву курсиву писару духтарони эркааш, бонку заводҳои шахсиаш, миллиардҳо дуллор пулаш ҳам, холбачаву аммабачаву дигар ҳамсинфу ҳамхизматҳояш, ки вазифа гирифтаанд, уро ҳеч гоҳ халос карда наметавонад. Аммо ин нуктаро Раҳмон фаҳмидан намехоҳад, мефаҳмад аммо дар вучудаш ҳазм карда наметавонад. Бадбахтии у маҳз дар ҳамин аст, ки миллатро ба дами бадбахтй овардааст.
Ба суханҳои поён чанобашон рузи қиёмат посух гуфта метавониста бошад? Инак мутаваччеҳ бошед ватандорони азиз:
Кучаҳои Душанбе, биноҳои бо ҳашамати қаблан деҳаву алъон пойтахт, утоқҳои кории ҳар коргоҳаш, дарахту гулу гулзорҳои Душанбе ҳазорҳо ханадаро шоҳид гаштаанд, милюнҳо чакиши борону барф, ҳамзамон кучаҳояш аз хуни шаҳидон арғунун гаштааст, ҳамакнун замоне дар ин биноҳо чй маъмуриву чй ғайримаъмурй бародар хуни бародар рехтааст. Ҳазорҳо духтарони баору номуси точик айнан дар қаду бари кучаву паскучаҳояш, дар соҳили дарёчаи шухаш мавриди навозиш қарор гирифтаанд. Набояд фаромуш сохт, ки айнан дар ҳамин маконҳо ҳазорҳо духтарони точикро соли мудҳиши чанги шаҳрвандй ҳар касеву хасе ба тан либоси низомии «Фронти халқй» мепушиду гуё ба ҳама чиз ҳуқуқ дошт, мавриди тачовузи ваҳшиёна қарор додааст. Ҳазорон занону духтарон дар ҳузури падарону бародарон ва шавҳарони хеш тачовуз шудаанд. Коргоҳи пуриқтидоре нест, ки ба хешовандони президент тааллуқ надошта бошад. «Ман» гуфтагй чавонмарде нест, ки зарбу лати Эмомалиро начашида бошад. Аз қиболи Абдумалик Абдуллочонуф, Акбаршо Искандаруф, Муҳаммадрузй Искандаруф, Қувват Султону ҳазорҳо тани дигар. Итминон дорам нафаре ёфт намешавад, ки уро ҳақорати болохонадор надода бошад, ҳатто Ҳасани шурину вузарову кубарояш. Ба вижа ҳамин зимистони пушти сар шуда.
Мардум чонбалаб шуд. Дар зоишгоҳҳои вилояти Хатлон кудакони хис, ки нав аз раҳми модар чудо шуда буданд, аз сабаби нобуди барқу хунукии зоишгоҳҳо чо ба чо мурданд. Ҳатто дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон дояе кудакро аз раҳми модар чудо сохт ва бадани тари уро бо парпече печиду ба ёрии модари навзод давид. Ғофилгир шуд бечора доя. Кудак пас аз ним соати дунё дидан, дунёро билкул падруд гуфт. Кудаки ҳануз соҳиби ном нашуда, мурд. Намедонам рузи қиёмат аз домани Раҳмони ҳафтафаҳм чй гуна мегирифта бошад. Агар аз милюн гуноҳҳои Раҳмон бахшида шавад ҳам, итминон дорам, ки умри зомини ин кудаки ичборан дунёро тарк гуфта, уро аз раҳмати ҳақ дар канор хоҳад кард.
Дар шаҳри Хучанд дар Масчиди Шайх Маслиҳатдин дар фосилаи намози пешин то намози аср 18 нафар, ки аз хунук мурда буданд, чаноза хонда шуд. Ҳатто зане аз маҳаллаи 12-уми шаҳри Хучанд кудаки дар хунукй шахшуда дар гоҳвора мурдаашро ба ҳузури раиси вилояти Суғд бурд, аммо аз чониби милисаҳои дарвозабони ҳукумати вилоят радду ронда шуд. То гуноҳҳои президенташон пушида монад.
Аммо чораи аз худованд пушидани гуноҳ нест.
Яку ним грамми лаъли бадахшон тибқи баъзе фарзияҳо то 16,5 ҳазор дуллори ИМА меистад. Ягон бор ягон нафар муҳаққиқ дар бораи ин лаъл намегуяд. Аз алюминию пахта мегуянд, НБО-ву иншоотҳо телевизионҳо дарборй шабу руз чор мезананд, аммо тули 16 сол боз касе намепурсад, ки лаъли Бадахшон ба кучо меравад? Ҳарчанд, ки замони шуравй ҳама медонистанд, ки Точикистон лаъли аълосифат дорад, ки дар чаҳон чойи дуввумро ишғол мекунад. Ин заводи шахсии президент Раҳмон ҳаст, ки дари иттилоъ барои журналистон ба ҳамешагй баста аст. Лаб во кунаду бинад, ҳамон лаҳза қисмати ун журналист маълум хоҳад буд.
Оҳи сард аз дили пурдард мебароварам. Ба Раҳмон, ки рузи ҳашр ба ҳамаи ин нукта посухе ёфта наметавонад, раҳмам меояд. Чй ҳам кунам, ягона кумаки ман рузи қиёмат ин хоҳад буд, ки аз пову доманаш мегирам, хуни ҳазорон шаҳидонро талаб мекунам, пули миллардҳо ҳаққи миллату халқи Точикистонро, ки бидуни дарди миён муфтакак соҳиб шудааст, қотеъона талаб хоҳам кард. Чони ҳазорон кудакон, ки дар асари бебарқиву бегазии сарди имсол талаф ёфту қисмати зиёдашон аз таъсири ҳамин хунукй як умр инвалид шуданд, уро намегузорад, ки ҳатто аз остонаи биҳишт рузи қиёмат фикр кунад. Гумон накунед, ки дар хунукй мурдагиҳо мурданд, зиндаҳо минбаъд зиндагии хуб хоҳанд дошт. Аз таъсири хунукиву бебарқиву бегазй садҳо ҳазор тан ба иллати муфочои рудаву меъдаву майна гирифтор шудаанд. Ба руйхати клиникаи чумҳуриявии саратоншиносй (ракшиносй) нигаред, он чо чй қадар касалиҳои саратон (рак) пас аз сардй ба қайд гирифта шудааст.
Аммо дари тавба ҳеч гоҳ баста нест. Ҳануз фурсат ҳаст, ҳануз у метавонад, моро бо мо гузорад, моро ба ҳоламон гузорад, ин беҳтарин тавбаи у хоҳад буд. Агар чунин иқдоме кард, бовар дорам, ки дар чиҳил руз ба ҳақ хоҳад расид. Лекин мутаассифона…
Аз китоби «Шарҳи рузи қиёмат»:
Дар рузи қиёмат кулли бошандагони аз аввал то ба охири дунё шоҳиди манзараҳое хоҳанд шуд, ҳеч гаҳ дар хоби шабашон ҳам тасаввур карда наметавонанд. Табақаҳои биҳишт муносиб ба вазъи ичтимой дар дунё табақабандй шудаанд. Паёмбарон табақаи алоҳидаи биҳишт, уламо як биҳишт, фуқаро як биҳишт, шаҳидони роҳи худо биҳишти дигар, шоҳони одил аз ҳама беш ба биҳишти зебои дебо.
Ҳамчунин дузах ҳам табақабандиҳои худро дорад. Кофирон табақаи алоҳида, мунофиқон дузахи дигар, гунаҳкорони муъминон як табақа ва аз ҳама табақаи пуразобу пурмашаққат табақаи дузахи шоҳон будааст. Агар як шоҳи дузахиро аз табақаи махсуси дузахи шоҳон ба дузахи муқаррарй партоянд, у фикр мекардааст, ки ба биҳишт уфтодааст. Ҳатто болои оташи дузахи муқаррарии гунаҳкорон бо тахтапушт хоб кунад ҳам бо масаррат мегуфтааст: «Худоё гуноҳамро омурзидй, ки маро ба биҳишти салқину барҳаво партофтй». Аммо бехабар, ки у ба дузахи муқаррарй афтода.
Намедонам, худованд худ соҳиби ин кавну макон асту донандатрин зот аст. Ин шоҳи мутлақи Точикистон ба чй биҳиште ё чй дузахе «виза» мегирифта бошад. Валлоҳу аълам.
|