ВАТАНДОР
Шанбе, 20.04.2024, 16:42
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июн » 5 » Бозгашти Ҳасан Асадуллозода аз он дунё
Бозгашти Ҳасан Асадуллозода аз он дунё
15:42

Эй худо ин навдавлатонро бар сари харшон нишон!

 

Дар Точикистон ҳар кор шуданаш мумкин. Ду ё се ва ҳатто даҳ бор пайиҳам интихоб шудани як нафар ба маснади президентй, чаҳоргона таваллуд кардани гове бо ташаббуси президенти ин кишвар, рост омадани вазъи ҳавои сардтарини зимистони имсол ба пешгуйии президент Раҳмон ва ғайраву ҳоказо. Хоҳ бовар кунед хоҳ не, замоне Гитлерро дар 102 солагиаш дар Перу дида буданд. Инак Гитлери точик Ҳасани Асадуллозода-шурини кишвар аз он дунё баргашт.

 

Телевизиони лаббайкгуйи ҳукумат Шабакаи Аввал дар пахши гузориши хеш аз ифтитоҳи корҳои сохтмонии НБО Роғун, ки чеҳраи Ҳасан Асадуллозодо расо се сония (!) намоиш дод, кулли бошандагони Точикистон ва хоссатан расонаҳои ахбории хоричй ба ин манзараи се сониягй мутаваччеҳ шуданд. «Ҳасан зинда шуд», «У намурдааст», «Аз зиндаҳо ҳам зиндатар».

Аммо аз ҳама тааччубовар ин буд, ки чаро се сония? Чаро пештар чеҳраи уро «крупный план»  на кам аз 5 дақиқа нишон медоданд, ин лаҳза бошад чеҳраи ИКС-монанди «Асадуллоҳзода» бо чунин фосилаи кам намоиш дода шуд? Оё воқеан ун мард ба Ҳасани монанд буд ё худи у аз он дунё баргашта?

Ба назар чунин мерасад, ки симои шишагии беҳиси у (ҳарчанд аз ин пеш ба язнааш дар тамоми чорабиниҳо пичинг мепарронид, ин лаҳза бошад хомуш аст) ё зоҳиран уву ботинан у нест?

Дар сомонаи «Ориёнбонк» ва хабаргузории «Ховар» хабаре пахш гардид, ки тибқи он, Ҳасан таййи се ҳафтаи ахир бо роҳбарони созмонҳои давлативу байнулмилалй, сохторҳои тичоратии мизочи бонк мулоқотҳо анчом додааст. Ана ин мулоқот аст, ки бидуни ягон таваққуф баҳри пешрафти фардои Точикистон се ҳафтаи том кор кардааст. Қандаша занад. Муҳаббат ба ватанро бинед, ки аз он дунё чавоб гирифта омада кор мекунад. Мо зиндаҳо бошем аққалан дар зиндагиямон ягон кор намекунем. Садоқат ба ватанро аз Ҳасан омузед.

 

Бархе таҳлилгарон бар онанд, ки парронидани шудани Ҳасан аз чониби чиянаш Рустам ҳақ асту рост. Аммо у намурдааст. Тибқи гуфти яке аз масъули ҳукуматй, ки аз воқеаҳои ҳукумат он қадар ҳам огоҳ нест, гуё Ҳасан пас аз муддати тулонии бистарй буданаш, Эмомалй мачбур шудааст, ки аққалан шуринаш дар ин ифтитоҳ иштирок кунад. Бигзор мардум тариқи телевизион Ҳасанро бинанд, бигзор бовар кунанд, ки Ҳасан намурдааст. Аз руйи гуфти ин мард Ҳасан воқеан тир хурдаву аммо намурдааст.

Аммо яке аз чондорони Таҳмина, ки чосуси СРУ-и амрикост, ин намоиши телевизиониро ба он унвон кардааст, ки ин макете беш нест. Яъне ин ДУГОНИКИ Ҳасан будааст. Фақат хонандагони азиз зери маҳуми «дугоник» Ҳусейнро гумон накунед. Ин тарҳи руйи чарроҳй шудаест, ки ба хотири фиреби назари мардуми Точикистон ба чунин амал мачбур шудаанд.

Ин ҳам фарзия аст, ун ҳам. Аммо фарзия ва ҳатто дуруғ ҳам аз уқёнуси ҲАҚИҚАТ об  мехурад.

Ҳар чизе ҳаст бигзор чунин бошад. Агар Ҳасан намурдааст, пас чаро мақомоти расмии кишвар як бор алайҳи чунин овозаҳо худи Ҳасанро бо мардум ру ба ру намекунанд. Ё мусоҳибаи уро тариқи телевизион намоиш намедиҳанд? Ҳарчанд, ки Ҳасан тариқи ВАО рекламаи чеҳраи худро дуст медошт, Хеле дуст медошт, ки ҳар ҳафта аз нашрияҳои давр ақалл яке номи уро дар сафҳаҳояшон чой бидиҳад. Аммо чаро ба ин овозаҳо вокуниши чиддй нишон надод? Агар ба шарте, ки зинда аст.

Пайдост, ки ҳукумат бо сарварии Раҳмон халқро кур мепиндоранд, ба гумони эшон гуши мардум кар асту забонашон лол. Ин спектаклро ҳатто дарк карда наметавонанд. Ба пиндошти сулолаи Раҳмониён ин се сонияе, ки гуё тақдири мурдан ё зинда будани Ҳасанро ҳал кард, минбаъд Точикистон дар ин бобат даҳонашро хоҳад баст. Хобатро ба об гуй, пири ношуд!

Оғози солҳои навадуми асри мозй мафкураи демокративу руҳияи ошкорбаёние, ки Точикистон дошт, ҳатто дар Русиё ин гуна руҳия набуд. Бедории миллй ба авчи аълояш расида буд. Аммо сулолаи Раҳмон бо як шева доруи хоби марговарро ба халқ дод, ки аз ин ба баъд ҳама гуё хобанд. Ҳеч чизро намешунаванду намебинанд. Танҳо чун сурати ишқ ҳар чизе, ки ин диктатор дикта мекунад, бо як ишора «лаббайк» мегуянд. Ба вижа тудаи косалесонаш.

Бигзор Раҳмон ба чояш Раҳмон II-Рустами замонро омода карда истода бошад. Бигзор гумон кунад, ки парронидани тағо аз чониби чияни эркаи нашъаманд ба коми гил фуру равад ва ҳеч кас аз он воқиф нашаванд ва барои дар оянда президентии оилавиро ба роҳ мондан садде эчод нагардад. Аммо ин орзуи хоме беш нест. Ватандорони арчманд намегузоранд, ки бо ин гуна спектаклҳову дугоникҳо боз ин харони чавмаст киштзори сабзи миллатро помол созанд.
Просмотров: 3661 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.2/14 |
Всего комментариев: 9
9 муъмин  
0
нест бод хонаводаи хунмаки рахмонови

8 firdaws  
0
tu hamu gitlery 102 sola nesty ki vazi tojikistona digar gun kardany tu buhohy nahoy mo pesh merem inshoalloh mo tu borin yahudira ba dasty hydyt maglub mekunum

7 garib  
0
Бародар Юсуфи Сармат!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Аз ахмакхо хам ахмактар будаи.
Чумхурият ва Минбари халк ичоза медиханд ки чунин маколахо чоп шаванд?
Ана чунин аст вазъи 90 фи сади мардуми точик. ин гуна мардум садкаи хакку хакикат шаванд.
ва дар зери к...ри рахмон ва хонаводааш мурда хоб раванд.
ватандори мухтарам! ин мардум некии захматишуморо наметавонанд бубинанд. монед ки хама мурда раванд.

6 Хайрандеш  
0
Мехри Вафои гироми! Аз зинда будан ё набудани Хасан ба миллат ва ватан,кадомаш бехтар аст, ин масъалаест бахсталаб,аммо барои исботи ин кифоя аст,ки аккалан агар худаш вакт надошта бошад, занаш дар телевизион баромад карда гуяд ,ки вай зиндааст ва бо мост.Чун давлати мо пур аз сохибкорони лаёкатманду сиёсатмадорони донову Хомиёни асил будааст,пас чаро мо пастиву кашшоки зиндаги мекунем? Агар шумо(Юсуфи Сармастро низ дар назар дорам) зиндагии имрузаи Точикро нисбат ба рафти чомеъа муътадил хисоб кунед,пас ман фикр мекунам ки шумо пеш зиндагии кашоконае доштает, хам аз чихати ичтимои ва хам аз маънавиёт ва зиндагии имрузаро зиндагии шохона мехисобед.

5 Алишер  
0
Хасан хак хонет сузад - дуои хабаш

4 Ватанпараст  
0
Худоё тахти ин навдавлатонро вожгун кун!
Ахсант ба ту Ватандор, ки чехрахои манфури ин чавфурушони гандунаморо ба мо маълум месози.

3 Haarun  
0
Мехри Вафои гиромй. 27 июн Хасан чй маъракае дорад? Маъракаи дубора чон ёфтанашро?

2 Мехри Вафо  
0
Агар Хасанро дидан хохи, рузи 27 июн ба Кургонтеппа биё, он чо маърака аст, ки Хасан барпо мекунад ва он гох бо чашми сар хохи дид, ки Хасан зинда аст ё не? Чаро хангома мекунед ва бозори гапу калочаю бадхохии узбакхоро гарм мекунед? Чаро як хамватани худро санг мезанед, чаро бадхохед, чаро Точикистонро чашми дидан надоред? барои Шумо хама баданд, хуб шумоед, метарсам, ки фардо дар гур хам игво мекунеду менолед, ки гур бароятон танг аст. Окилон чуни рафтор намекунанд.

1 Юсуфи Сармат  
0
Ту худат кисти? Медони ки Раиси Орёнбонк агар дорат чи корат мекунад? Хар кас метавонад берун аз ватан ба Точикистон санг хаво дихад. Дар хакки як сохибкори шинохта ин кадар бадгуи кардан хуб нест ба фикрам. агар марди маколатхои бухтонангезата дар нашрияхои сертеъдоди "Чумхурият"-у "Минбари халк" чоп кун! Наметони чунки вайхо хакиката мегун мардум рухан зинда медоранд. Ту игво мекуни. Панохат ба худо аммо .... зинда бошу дар Ватан вохурем.

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz