ВАТАНДОР
Чоршанбе, 13.12.2017, 17:45
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1664

Главная » 2008 » Июн » 14 » Маҳмадсаид Убайдуллоев сири кушторҳои ваҳшиёнаи Раҳмонро фош сохтанй буд, аммо…
Маҳмадсаид Убайдуллоев сири кушторҳои ваҳшиёнаи Раҳмонро фош сохтанй буд, аммо…
17:50

Мулоқоти президент Раҳмон бо ҳокимони шаҳру навоҳй ва вилоёти кишвар, ки қаблан сурат гирифта буд, аслан на чаласа ва ё вохурй буд, балки «чй кунаму худ хушк бароям» буд. Аслан ин чаласаи фош кардани сири ҳамдигар ва кушторҳои ваҳшиёнаи ҳукуматдорони Раҳмон аст, ки дар инъикоси воқеъбинонаи он бо хидмати хирсона симои Шабакаи аввал ба чашми халқу миллат хок пошид. Зеро чавҳари асосии ин чаласа ҳангоми таҳрири пеш аз пахш «қайчй» зада шуд. Агар «қайчй» зада намешуд, валлоҳ, ки кулли Точикистон ва чаҳон аз кушторҳои бераҳмонаву хурданҳои наҳангонаву найрангҳои аҳриманонаи Чингиз II- и точик- Раҳмон Хон шоҳид мегаштанд. Шоҳид мегаштанд, ки дар ин чаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки бо тахаллуси «Бинй» маъруф аст, қариб буд, аз гиребони Раҳмон гирифта ба фукаш муште фарорад. Афсус…

 

Аслан гуруҳи қотилон ҳамеша як дигарро «поддержка» мекунанд, дар ҳама ҳолат кушиши аз об хушк баромаданро месозанд. Дар Точикистон лаҳзае фаро расида, ки ин марҳилаи «поддержка»-кунй аллакай гузаштааст. Ҳар каси қаблан хурдаву куштаву ғораткардаву миллат фурухтаву хокхурда кунун мехоҳад, ҳар чй зудтар аз ин гирдоби бало раҳад ва назди миллате, ки ин қадар 16-17 сол ҳақираш карданд, боз мехоҳад, ки дубури ифлоси худро бипушад. Надомато, ки офтобро бо доман пушида намешавад, чй чойи он ки дубури ин сулолаи Раҳмон ва ҳаммаслакону косалесону хунрехтагонаш, ки начосати ду асра доранд, ҳузуру худованду бандагонаш кушуда нашавад.

Инак, лаҳзаҳои «қайчишуда»-и симои Шабакаи аввали Точикистонро пеш аз таҳрир мебинаму диламро ваҳм пахш мекунад. Наход президент Раҳмон ба раисони навоҳие, ки ба гуфти худаш «бемасъулият» буданду аз толори чаласа ронд, к…си очат гуяд. Ин ҳам дарди ба хайр, зеро он иблисони рондашуда мисли кадушоҳашон низ, ки солиёни дароз хуни халқ хурда буданд, сазояшон ҳамин аст. Кош кулли ҳамаи намояндагони шаҳру навоҳй-раисону ҳокимон, ки ба чойи тоқи дар сар юбкаи занона доранд, худи чанобашонро бо ҳамин алфоз аз чаласагоҳ берун мекарданд.

Дар ин чаласа ҳам қозй, ҳам шоҳид, ҳам прокурору ҳам суд, ҳамааш Эмомалй Хон буд. Ҳар касе ба табъаш нафорид, гапи мегуфтагиашро ки дар боло бо ҳазор узр овардам гуфту ронд, ҳар касе, дархури завқаш буд, бо илтифот ба чояшон нишонд. Зимнан, бояд гуфт, ки ҳокимони шаҳру навоҳй низ, назди худованд гуё истода бошанд, дир-дир меларзиданд. Хеле хуб дар хотир дорам, ки яке раисони шаҳр ҳатто шимашро бетаҳорат ҳам кард. То ба ҳануз аз ин бандатарси худобехабар бо нафрат ёд мекунам. Уро дар долони мачлисгоҳ, ки саргаҳи он дар тарафи чап мабразхона буд, бо ин ҳоли риққатовар дида будам. Ҳар каси ин чо буд, ҳар гапи дуруғу худсафедкунй ва ҳарфҳои тамаллуқкорона, ки дар фонди луғавии майнааш буд, ба хотири аз вазифа нарафтан ҳузури чанобашон иброз дошт.  Ҳама тарси аз вазифа рафтан доштанд, аз худо руй метофтанду аз курсй не. Ба хотири худо ягон амале накардаанд, ба хотири дар курсй боқй мондан, мисли чаноби олй, ҳатто ба куштору ваҳшоният низ омодаанд. Рафтаҳо рафтанд, мондаҳо боқй монданд.

Ҳама аз як сар сабукдушу вазниндуш мешуданд.

Яке навбати оқои Бинй-Маҳмадсаид Убайдуллоеви бовиқору босалобат расид. Дар чеҳрааш ягон зарра тарсу чоплусй, хушомаду пешомад дида намешуд. Президент мисли тарошаи аз бом афтода кулли нобуди барқу газ дар Душанбе ҳини зимистони гузаштаро аз чурми Маҳмадсаид донист. Аз бемасъулиятиву фитнаи у донист. Бехабар аз он ки худ, дар соҳаи фитна рисолаи докторй дораду ба шайтони лаъин дарс ҳам гуфта метавонад. Аз қудояш, ки саргаҳи барқу газ дар дасти уст, домангир нашуд, ҳама фачгуфторие, ки дошт дар сари Убайдуллоев рехт.

Маҳмадсаид ҳам пас аз он ки ду се бор пастакак «чаноби олй», «муҳтарам президент» гуфту Эмомалй Хон мисли патифон беист ба даҳонаш ҳар чизи рости омадаро мегуфт, як бора ғуррид.

-Чаноби Эмомалй Раҳмон, ҳар чизе, ки ман гунаҳкорам ту низ дар он гунаҳкорй. Ман фитнаи туро медонам, ман ҳатто чанд нафарро куштану чанд ҳазор нафарро ба хотири дар ин курсии президентй монадант қурбон кардй мисли панч панчаам медонам. Дасти ту то оринч ба хун олуда аст. Аз худат фаришта натарош, ба чанобашон гуфт Маҳмадсаид.

Ҳама дар толор будагон як калима ҳам ба даҳон оварда наметавонистанд, даҳони во, чашми тарсзада аз он ки худи ҳозир шояд Убайдуллоеву Раҳмонов мушт ба гиребон нашаванд, ҳатто аз чой намечунбиданд. Дар ниҳояти ин баҳс президент Раҳмон паст омад. Хомушй ихтиёр кард. Яке чашмаш ба суи раиси кумитаи телевизион ва радиои кишвар Раҳмонов Асад уфтод. Аллакай маълум буд, ки бояд аз навор ин гуна баҳсу калочаҳоро у «қайчй» занад. «Аз дустон як ишора, аз мо ба сар давидан», «муҳтарам» раиси телевизион низ аз чашмҳои хунгирифтаи чанобашон маъниро дарк карданд.

Кош ин манзараро точикистониён медиданд. Кош, кош ва боз як бори дигар кош. Лаънат бар он инсофу тарсе, ки аз чашми мардуми содда ин лаҳзаро қайчй зад.

Оне, ки ба чанобашон ҳаққи устодй дар чодаи галстукбандй, дар миёни дигар президентҳо хурок хурдану роҳ гаштану гуфтанро омухт, имруз ба чашми чанобашон аз яхи ағбаи Анзоб низ хунуктар аст. Ба таҳқиқ чанобашон, ки ду даста хурок мехурданду гулуяшон галстукро дида бошад ҳам айёми пионерй дидаасту дигар ҳеч гоҳ галстукбандиро намедонистанд, Маҳмадсаиди дипломат ба у омузонидааст. Дар қомати баъди чангии Точикистон, ки ҳама кур-курона аз ибтикори Эмомалй Хон медонанд, саҳми Маҳмадсаид басо назаррас аст. Инак фурсате даррасида, ки чанобашон аз хавфи он  ки мабодо рузе ба  курсии президентй Убайдуллоев чашм ало накунад, пайти онро мепояд, ки чй гуна аз у қасосашро бигирад. Ҳарчанд дар чамъомадҳо чунин менамояд, ки Убайдуллоев ва Раҳмон ҳузури ҳама намоишкорона самимона механданд, аммо дар асл дар дилҳои эшон револютсия руҳй вулқон дорад. Гуё палонч бошанд.

Аслан, ки оқои Бинй аз чурм орй нест ва мисли президенташ то ба оринч дасти хунолуда дорад, шабу руз дар тарсу фикри он ки чй гуна аз террори Раҳмон эмин монад. Аммо, чй илоч, ҳар касе бо чанобашон кор кард, оқибат ба шиканчаву зулми Чингизхони точик хоҳад монд.

Аммо ин манзара, ки шоҳидони воқеиаш раисону шаҳру навоҳй, вузарову кубаро буданд, то ба кай хомушй ихтиёр мекарда бошанд? То ба кай ин маназараи «гуям мекафам, нагуям ҳам мекафам»-ро ба ҳеч кас намегуянд. Аллакай чандин нафар дар чамъомадҳои хос кафиданд. Рузе фаро мерасад, ки ин тарсуҳо баъди сарнагун шудани президент Раҳмон ин манзараҳоро ба ёд оварда, чоплусона ба хотири режими оянда (кй медонад, дар режими демократй ё исломй ё дунявии дигар) ба хотири худро сафед кардан дар ҳузури миллату халқ  китоб-китоб аз ин лаҳза гуянд. Аммо, хомушии алъонии эшон низ як чаҳон маънй дорад.
Просмотров: 1382 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 5.0/7 |
Всего комментариев: 5
5  
Хазор лаънат бар ин барин президент, к ин кадар одамаморо бикушту моли мардумро бихурд, кай ин аз сари хокмят мерааду мо аз ин бесаводиву кашки рахо мешавем. МАРДУМОН бихезен натарсен фикрони худро акалан дар хаминхел сайтхо бигуен ин хам мисли шуриш мебошад...

4  
Чон ба курбони ту ай механи ХУНИНКАФАНАМ,
Буди байтулшарафам гаштаи БАЙТУЛХАЗАНАМ.
Душманат чор тараф ачнабию хонагианд
Тани танхо ба чи ниру сафи аъдо шиканам
Лоики Шеръали

3  
...Аз мирии мо мардум агар гушна бимиранд,
Он бех ки бимрем аз ин миршуданхо

2  
Boz tojikonro dar Maskaw zadaand!!! Iloho duoi badi millionho modaru bevamondahoi javon giradash. Rahmon boyad az rui zamin ronda boshad. Khubash ba sudi mardum sangboronash meboyad. Va kosalesonash hamchunin! RAHMON HECH ETIBOR NADORAD!!! HAR LAHZA MUBORIZA ZIDDI IN SHAITON MEBOYAD!

1  
Ин достони кай аст?

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2017
Сайт управляется системой uCoz