ВАТАНДОР
Чумъа, 26.04.2024, 09:30
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июн » 21 » Маршировкаи раҳмоновй донишчуйро кушт
Маршировкаи раҳмоновй донишчуйро кушт
13:00
Субҳи садои занги телефонам маро бедор кард. Дусте аз Хучанд бо камоли таассуф иттилоъ медиҳад, ки дар маршировкаи шаҳри Хучанд, ки ба пешвози 27-июн-рузи оштии миллист, санаи 20 июни соли равон донишчуе ба ҳалокат расидааст. Бахшида ба ин чашн гуё Раҳмон ба Хучанд ташриф меовардааст, ки  аз устондори вилояти Суғд сар карда то муаллимони қатории донишгоҳҳо бо маршировка ва тайёрии ҳамачониба хобаш ҳаром аст.
Матлаби «маршировка», ки дар Точикистон як вожаи маъмулй шудааст, бо баробари ба забон овардан, ҳама ҳадс мезананд, ки ҳар чое маршировка гузашта истода бошад, он чо ҳатман президент Раҳмон ташриф хоҳад овард.
Донишчуйи соли аввали факултаи шарқшиносии вилояти Суғд Бузургмеҳр Турдиев ҳар руз қатори дигар донишчуён, ки ичборан ба маршировка мерафт, дар гармои тобистон тоқат карда натавонист ва барои салқин шудан суйи дарёи Сир шитофт.  Бечора, ки аз субҳ тиккаи ноне ба даҳон набурда буд, аз ниҳояти беқувватй ба об ғарқ шуда, ҳалок гардид. Мавсуф ва марҳум аз ноҳияи Ғончй будааст.
 

Тавре аз гуфтаи дусти хучандиям бармеояд, муаллимон донишчуёнро ичборан ба сафи маршировка кашида, дуғу пуписа мекардаанд, ки агар дар марширвка иштирок накунанд, ба имтиҳонот роҳ нест.

Ҳамин тавр, бечора донишчуй хоҳу нохоҳ бо гардани баста чун ғуломи безанчир ба маршировка меравад.

Ватандорони арчманд, оё ин чо айби муаллим аст? Як андоза шояд тарсуии муаллимон сабаб бошад, аммо иллати аслй аз чониби чанобашон ҳаст, ки ба чунин тамаллуқу хушомад одат кардааст. У одат кардааст, ки дар фурудгоҳ уро донишчуён бо ҳазор васфу таърифҳои осмонкаф пешвоз бигиранд. Ягона навгоние, ки у дар раванди зиндагии Точикистон ворид кард, ҳамин тамаллуқи беҳуда аст. Тамаллуқе, ки чони ин донишчуйи бечораро гирифт, тамаллуқу «сиёсати хирадмандона ва ибтикору балою батар»-и дигар чанобашон буд, ки ин донишчуйи бечора дар айни гулгулшукуфии ҳаёташ, чони худро ба кафи дарё супурд. Маршировкаи раҳмоновй чони боз чанд тани дигарро мерабуда бошад?

Ба ҳоли чавонон мегиряму фарёди синаамро даррониданй мешавад. Эй, сулолаи Раҳмониён, расму оинро ба танзим медарорам гуфта, кудом расму оини нонавиштаи дигарро пеши ру овардй, ки чавони бечораро ба таври мачбурй ба қатл расонидй. Миллиардҳои пули гранту қарзҳоро аҳмақона ба кучо сарф мекунй? Ту қарздор ва масъул ҳастй, ки ҳузури ҳафт милюн аҳолии Точикистон аз ҳар тини даромаду баромад ҳисобот диҳй. Пулро ҳйсобот дода тавонй ҳам, чони бохат ин чавонро наметавонй. Бале, дар марги ин чавон ту гунаҳкорй. Усулҳои қатли ту хеле зиёданд, ки ин яке аз онҳо буд.

Дар тамузи тобистон, нафароне, ки ба дарё ғарқ нашуданд, ҳатман аз гуруснагиву ташнагй ба касалиҳое мубтало хоҳанд шуд, ки дар оянда зарари онро хоҳанд дид.
 

Бубинед, ин сафи чавонон, ки ояндаи миллатанд, сафи маризонест, ки сиёсати Раҳмон эшонро дар оянда корношоям хоҳад кард. Сафи бечорагонест, ки дар ҳавои сарду гарм бо шикаму гуруснаву чигари ташна ба хотири пешвози Раҳмон худро ичборан аз илму дониш ва аз ҳам пеш саломатии комил бебаҳра месозанд.

 
Бо ин гуна корбарй, сафи зиёди чавонон, ки ру ба Русиё овардаанд, қисмати аъзами дар дохили кишвар буда, бо ин гуна «ғамхориҳо»-и чанобашон ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Бо ин гуна чавонон Точикистон ояндаи комил надорад. Зеро ин насли боровару тару тозаи сабзи миллатро Раҳмон дар айни хушконидан қарор дорад.
 
Просмотров: 1531 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 5.0/4 |
Всего комментариев: 2
2 Dilnoza  
0
OOOO daaaaa,zhal''''''

1 Darius II  
0
Afsus, sad afsus...

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz