ВАТАНДОР
Чумъа, 18.08.2017, 13:52
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1664

Главная » 2008 » Июн » 25 » Фоҳишаҳои сиёсии президент Раҳмон ва ҳукумати вирусдор
Фоҳишаҳои сиёсии президент Раҳмон ва ҳукумати вирусдор
08:14

Ҳар як  бурчҳои қасри президент ҳазорҳо қиссаи ногуфта дорад. Аз Раҳмон пеш ҳам дар ин қаср қиссаҳои ачибу ғариб қариб, ки ҳар руз рух медод. Аз у пештар низ дар ин толор найрангбозиву маймунхисолй дида мешуд. Аммо имруз бештар. Болокории маймунбозй дар ин қаср ва пиромуни ону ҳаводорони он чеҳраҳои нав-фоҳишаҳои сиёсй бештар шудаанд. Фоҳишаҳое, ки модарзод СПИД таваллуд шудаанду ҳамин гуна дар ин мариз мемиранд. Ва ин гуна СПИДҳо дархури завқи Раҳмон аст, ки у низ СПИДи сиёсист. Бозичаи дасти якчанд нафар аст. Умдатан аз ин вирус табақлесони раҳмониён ҳич гуна кушиши гурехтан намекунанд. Баръакс чониби ин вирус шитофтанро дуст медоранд. Вируси ин СПИДи точикии сиёсй хеле назаррабост, ки ҳамакнун гирифторони ин вирус бо муҳаббат ва иштиёқи том чонибаш медаванд.

 

Матлаби мо аз баёнияи МИТ Ховар аст, ки чамъ 23 нафар имзо (бечораҳо заҳмат кашидаанд, аз 7 милюн аҳолй танҳо 23 нафарро ёфтаанд) алайҳи ҳаракати Ватандор бархостаанд. Баёния аз баёния фарқ дорад. Зоҳиран фоҳишаҳои сиёсй дар ҳама ҳолат метавонанд симои худро тағйир бидиҳанд. Аммо ботинашон ҳамоно чун асли пеш мемонад. Дигар нахоҳад шуд. Агар пагоҳ ҳукумати нав аз чониби коммунистон ва ё наҳзатиён ва ё демократҳо ояд, итминон дорам, ки  ин фоҳишаҳои сиёсй ҳамеша чунин чоплус мемонанд. Ҳамеша аз тамоми намуди ҳукуматдорй пуштибонй мекунанд. Агар раваду баъди тахмин даҳ-понздаҳ сол сари ҳукумат ҳизби дигаре ояд ва дархост кунад, ки собиқ президенти кишвар Раҳмонро дабдала кун, МИТ Ховар бе гуфтугузор дабдала мекунад. Зеро ин Шабакаи хабарии ҳукуматй аз аввал мубталои СПИДи сиёсй буд. Ва ҳамин гуна мемирад.

Муҳтарам СПИДони азиз, Маҳмудов, У.Иброҳимов, К.Ҳасанова, Муборакшоев, Д.Лавлатбеков, Г Саидова  ва дигарон чамъ 23 имзо!

Шумо меангоред:

 

«Мо медонем, ки  Д.Атовуллоев симоҳои гуногун дорад, вале вай вақтҳои охир  дар қиёфаи роҳбари  созмони дар Точикистон эътирофнашудаи чамъиятии «Ватандор» амал карданро авлотар медонад.

Чаноби Атовуллоев дар бораи таъсиси чунбиши мазкур аввали соли 2007 хабар дода буд. Уро дар ин чода  баъзе  рузномаю  ҳафтаномаҳои  хабаркашу иғвоангез дастгирй намуданд, ки дар қаламрави Федератсияи Русия чоп мешаванд».

 

Пайғамбарони охирзамоно! Браво!

Оё симоҳои шумоён гуногун нест? Оё шумоён набудед, ки дар вақти салтанатронии Раҳмон Набиюф ва Қаҳҳор Маҳкамуф айнан ҳамин гуна изҳоротро алайҳи мухолифон интишор мекардед? Оё чеҳраи шумоён набуд, ки ҳамагуна иттилооти майдони «Шаҳидон»-у «Озодй»-ро дар тобишҳо рангоранг чилва дода, ду майдонро ба мушту гиребон овардед? Оё шумоён набудед, ки таҳти ишораи ангушти ду хирси сафед-яке Раҳмон Набиюф ва дигар Атахон Сайфуллоюф (раиси вақти телевизион ва родюи Точикистон) тамоми хабарҳои иғвогаронаро мунташир намуда, ду сангарро ба ҳам муқобил месохтед? Қанд занед СПИДони сиёсй. Бояд Раҳмон ин хидмати шумоёнро «қадр» бикунад, ақл дошта бошад, то ҳадде қадр бикунад, ки дар зинда буданаш бояд чазои шумоёнро диҳад. Умрбод зиндонатон андозад. Зеро пас аз рафтани у аз маснади президентй агар сояашро аз девор натарошед, бар падарам лаънат.

Тракторчие, ки умрбод дар чуяҳои пахта сухтаву пухта мегашт, ягон бор аз ҳолашон пурсон намешудед. Ҳамакнун, ки Сангак Сафаров пири кори Раҳмон уро пеш аз президент шуданаш ҳамагй се руз (!) бардуруғ раиси вилояти Кулоб эълон намуд, шумоён умрбод аз симои Раҳмон аблаҳона раиси хеле кордидаву соҳибтачрибаи вилояти Кулобро метарошед. Оё шумоён СПИДони МИТ Ховар набудед, ки ҳамагй ин се руз раиси вилоят шуданашро ба се сол нишон додед? Бале, дустон, ҳамқаламони азиз (ҳайфи шумоён) тракторчие, ки курсии раисии вилояти овозадори Кулобро ҳеч гуна дар хотир надошту надорад, шумо имруз дар ҳама чо талаққй мекунед, ки гуё у аз президент шуданаш собиқаи зиёди кории раисиро доштааст. У тракторчие беш набуд. Дар айни фурупошии ИЧШС танҳо хочагии ба номи Ленини ноҳияи Данғараро ба душаш гузоштанд, ки он ҳам аз 200 нафар колхозчй бештар набуд.

У ҳатто дар се руз раиси вилояти Кулоб буданаш (он ҳам зери назорату фишори Сангак) ягон бор кабинети кориашро надида буд.

Аммо ин пайғамбарсозии шумоён симои гуногун доштани шумо бозгуй намекунед? Дардо, ки шумо ба ибро намеоед.

 

«Ва ниҳоят Д.Атовуллоев худро пайғамбари охирзамон шуморида, дар бораи гузаронидани инқилоби ранга дар Точикистон хабар дода буд. Вай розй шуда буд, ки  инқилоби мазкур, инқилоби лоларанг номида шавад. Муҳлати гузаронидани инқилоби мазкур  баҳори соли 2007 муқаррар карда шуд. Вале хайёлҳои хоми чаноби Атовуллоев амалй нагардиданд, зеро дар мамлакати мо  заминаи гузаронидани чунин  инқилобҳо вучуд надорад».

 

Ахиран мардонавор иқрор шудед, ки «дар мамлакати мо  заминаи гузаронидани чунин  инқилобҳо вучуд надорад». Агар ин гуна номардии ҳукумат ба ғайр аз Точикистон дар зимистони сардтарини чиҳил соли ахир аз чониби ҳукуматдории ягон кишвар рух медод, хоҳу нохоҳ инқилоб мешуд. Чунки дар кишварҳои бағайразточикистонй  на фақат заминаҳо, балки ризоияти худи ҳукумат дар он дида мешавад. Аммо тавре шумо мегуед, дар кишвари Точикистон на фақат замина, ҳатто ба инқилоб ё даст ба тазоҳур задан имконияту шароит ва таъмини амният несту набуд ва намешавад. Дар ҳоле, ки шумо барин чанд СПИДони сиёсии дигар ҳамеша аз жаргони «вучуд надорад»-у «намешавад» гушу майнаи мардумро пур кардаед, воқеан Раҳмон аз тамаллуқи шумо қабат-қабат гушт мегирад. Ва воқеан у низ дар майнааш стреотипи «вучуд надорад»-у «намешавад» ва «қатъиян манъ аст» истифода мебарад.

 

 Боз менависанд ин фоҳишаҳои сиёсй:

«Чароғи руз», ки  берун аз қаламрави Точикистон чоп мешавад, мисли пештара мехоҳад, вазъиятро  бо ҳар роҳу восита ноором ва муташаннич созад».

 

Ташаккур, вақте, «Чароғи руз» ичборан аз Точикистон рафт, шумо курта-курта гушт гирифтед. Молу маноли касодатон, ки дархури мардум набуд, инак бозори иттилоотй танҳо аз шумо шуда буд. Чаро ин тавр ҳам нагуед? Ватандор танҳо ҳаркати мардумист ва тавре ки шумоён бо воситаи тамаллуқ мехоҳед кишварро бардуруғ ба пеш баред, Ватандор низ ранги шумо бардуруғ не, мисли шумо ба чашми мардум хок пошида не, ба мардум хидмате кардан мехоҳад, алъон тафаккури шумоён стреотипҳои сиёсиву фоҳишагони соҳаи тамаллуқ андозаи дарку эҳсоси онро надоред.

 

Он чй ки дар навиштаҳоятон чанд милюн сомонй аз чониби чаноби олиятон ба Бадахшон кумак шуд, овардаед, хандаи касро меорад. Президент аз кисаи худаш ё аз мероси падараш ин кумакҳоро накардааст. У аз бучаи давлат мекунад. Ҳамин тавр не? Сипас, на фақат кумак кардан, балки аз ҳар шабу рузи ҳар минтақаи кишвар огоҳ будан ва ғами миллатро хурдан вазифаи чонии Раҳмон аст. У пеши Ватан қарздор аст. У бояд чони худро қурбон кунад, ҳайфо, ки чунин нест. Баръакс кулли Точикистон дар ҳузури у қарздоранд, ҳама хидматгори уянд.

Бар замми ин, болои сухта намакоб, оё раиси вилояти ВМКБ «муҳтарам» Қодир Қосим ун пулҳоро чо ба чо сарф кардааст? На, агар у ғами Бадахшонро хурад, дар хонааш қаср сохта наметавонад. Духтару писари нозпарвардаш чипсаворй карда наметавонад. Аз ин найранги у Раҳмон низ хеле хуб огоҳ аст. Зеро ин турфа ҳама ҳамин гунаанд. Раҳмон ғами халқро мехурд, Рустаму Таҳмина орзуи самолёти шахсй хариданро дар сар намепарвариданд.

Шумо СПИДони муҳтарам аз ин лаҳза ҳаргиз гуфтан намехоҳед. Чунки бадани шумо пур аз вируси раҳмониён аст. Шумо низ аз сафи фоҳишаҳои сиёсии ҳукумати Раҳмонед.
Просмотров: 2850 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 3.6/7 |
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2017
Сайт управляется системой uCoz