ВАТАНДОР
Шанбе, 27.04.2024, 06:55
Номгуй

Сабки вуруд

Таквими иттилоот
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Чустучуй

Ватандорон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Сафхаи аслй » 2008 » Май » 15
Киссаи аввал Санаи 2 май. Касри президент. Шохи муаллак ва хамешачовиди Точикистон чаноби олии якумра Эмомалй Хон Рахмон хануз руйи бистар буд. Хоби дахшатноке дида буд. Дид, ки пири султони кишвардорй Исмоили Сомонй ба сараш бо асои табаррук як то фароварда хитобан гуфт, ки ту одами хубй, аммо аз духтару писаронат ва акрабову дустонат гофилгир мабош. Дуои ин халк мегирад. Мурдаат сарсон мешавад. Туъмаи зогу калхотхои даштй мегардад. Шаб аз касири фикрхои дархаму бархам сараш дард мекард ва ангор низ дардаш намонда буд. Ба дил ахд кард, ки пеш аз расво шудан тавба мекунад, имруз тавасути телевизион баромад намуда аз халки азизаш узр мепурсад. Мегуяд, ки халки азизам маро бубахш, агар лоики сангсор бошам хам, барои ватани азизам омодаам. Тамоми молу маноли чамъиятй, ки ба хешовандонаш таксим карда буд, мардумй мегардонад. Азми у катъй буд. Ахд кард, ки ба таксими Точикистон хотима мебахшад. Чашмонашро молида-молида шишта буд, ки духтари нозпарвардаш Тахмина омада даромад. Бо ишваю ноз назди падар омад, руйи падар бусид, аз чашмони Тахмина маълум гардид, ки чизе мехохад. -Ота, дилум як чизак мекаша. -Бугу духтари ота, дилут чй мекаша, шири мурги анко? Ё гулоби бихиштй, пад земной боша хам меёбамуш. -Не ота, хами ай тагаиям Ориёнбокша мехохум. Хамура бигй, да ман бте. Сари чаноби олй гирд гашт, як тараф хоби дахшатнок, як тараф хохиши духтари нозпарвардаш… Э худоё, мададам кун, чй кор кунам,-гуфт бад дил. Киссаи дуввум Хасан Саъдуллоев асабй шуд. Мушти обдоре руи миз ку ... Читать дальше »
Мутолигар: 2444 | Сана: 15.05.2008 | Нуфуз: 3.8/12 | Назаргох (0)

Бародорону хохарони азиз! Инак сафхаи навини сомонаи ВАТАНДОР шуморо барои вурудатон хайра макдам мегуяд. Каблан шумо напиндоред, ки ин сафха аз он хизби номнавис нашудаи Ватандор аст. Ин хизб нест. Ин «Ватандор»-и Додочони Атовулло нест. Комилан бо тамоми масъулият иброз медорам, дар пушти ин сафха интернетй Додочони Атовулло намеистад. Аз ростй замоне аз Додочони Атовулло идеал метарошидам. Он хам бошад айёми донишчуй. Аммо тавре мебинем, замона дигар, дид дигар, мавкеъ дигар, хатто «ватандор»-он дигар мешаванд. Додочони Атовулло, ормонхояш бо муйи сапедаш пир шуданд. Идеалтарошии ман низ. Акнун у барои ман на идеал аст, на шахсият. Танхо замоне, ки навиштахоямро туи мизаш мебурдам ва у чун «устод» тахрир мекард, аранге дар хотирам мондааст. Чун устод дусташ медорам. Аммо чун ватандор ихлоси ман комилан аз у турш аст. Ӯ ватандор нест. Ватандорй ин гуна нахохад буд. Аз берун садо баланд кардан, отифаи ватандорй нест. Мардй он аст, ки бояд дар ватан садои ватандорй баланд кард. Мардй он аст, ки дар ватан ба чавонону кулли ватандорон кешу мазхаби ватанпарварй омухт. На он ки аз гушае алайхи як нафар ё чамъияте, ки имруз танхо сулоладорист, мушт бардошт. Мардй он аст, ки ба даруни ин ихона бояд ворид шуд. Ва мушти обдору гурзи рустамона ба дахони ин фуругалтони давр бояд зад. Ин сафха аз они кулли ватандорони беватану дуразватан аст. Аз ростй назар кунед, ба тахкик хохед дид, ки ман шумоям, шумо манед. Ман Ватандорам, шумо низ, хамаи мо ватан дорем. Точикистони азиз! Мархабо ... Читать дальше »
Мутолигар: 1695 | Сана: 15.05.2008 | Нуфуз: 3.5/2 | Назаргох (3)

Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz