ВАТАНДОР
Чоршанбе, 13.12.2017, 17:54
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1664

Главная » 2008 » Май » 16 » Табартаксими навбатии асри 21 (кисми 2)
Табартаксими навбатии асри 21 (кисми 2)
14:51

Дар холе, ки президент Рахмон аз ин мусибати ба сараш омада, дар кахру газаб буд ва андаке бо кунчи дилаш шодмонй хам мекард, зеро анкариб буд фишанги давлатдориро Хасани шурин ба даст гирифта буд, дар холе, ки  чондори Тахмина, ки низ дар ин набард аз тир хурдан ба чисмаш бе бахара намонда буду дар кучахои Душанбешахр, хиёбонхо вилояти Хатлону Сугд, шахру дехот, тую мотами мардум ва хатто ба чойи субхоноллох баъди намоз пиру барно аз марги Хасан Саъдуллоев мегуфтанд. Аз хафт то хафт сола пиромуни ин вокеъа тахмин мезаданд. Кулли масъулини кишвардории Точикистсон бо як ишораи чанобашон мухри хомушй ба лаб заданд. Хама бо як овоз «Шутури сафедро дид? Не, надидам». Кадоме аз рузноманигорон бахри дарёб кардани иттилоот ба эшон мурочиат кард, бо як овози коммунстона «Хасан зинда аст, уро хеч кас накуштааст, хамаи ин игову дасисаи аст» мегуянд. Лекин кй мардонавор мегуяд, баъди 2  май Хасанро дидааст? Хеч кас.

 

Дархол нукарон аз пайи супориши чанобашон гаштанд, то часади нимзиндаву ниммурдаро ба Олмон баранд. Ба сафири Точикистон дархол дар тамос шуданд ва хохиш карда шуд, ки барои идомаи мансабронй ин иттилоъ бояд махфуз монад. Хамзамон як занги телефонии чондори президент бас буд, ки дар ин кор чаноби Бобохонов-прокурори абадзиндаи абадкурсии Точикистон аз боз кардани парвандаи чиноятй нисбати президенти оянда-Рустам Рахмон худдорй варзад.

Шаб руз шуд, руз шаб гашт. Хамсари Эмомалй Хон кошу кавокаш ним манн гирифта, як суй бародар, як суй писар. Намедонист, ки ин аламро аз кй гирад. Аз ин хотир хар руз дар сари Тахминаи бечораи Ориёнбонкталош чормагз мешикаст.

 

8 май. Ба касри президент хабар расид, ки холати Хасан бадтар аз пештар асту чашмашро хатто боре хам боз накардааст. Тахмина дар дил гул-гул шукуфт, теги нигохи падар сарашро каме хам карда бошад хам пинакаш вайрон нашуд. Зеро дар оянда дар курсии «Ориёнбонк» худро тасаввур мекард.

Хабари марги Хасан омад. Хама дар тахлука.  Хешу акрабои ду кисмат шудаи президент намедоинстанд, ки сари чй хулосае оянд. Рустам кори намешудагиро карда буд аллакай. Рустам миёни ин «династия»-и бузург рахнаи ислохнопазирро ворид карда буд аллакай. Дар оилаи бузургтарин сомонихо-2-и асри 21  дуфахмиву духураги ба миён омад. Хеч кас хамдигарро фахмида наметавонанд. Касе дар гами мурдаву каси дигар дар гами курсй. Рузи якшанбеи гузашта часади Хасан зери хок дар Дангара шуд. Бо вучуди ин барои паст нарафтани «репутатсия»-и Рустами дастон-президенти меросии ояндаи Точикистон хамаи сиру асорори марги Хасан хамрохаш ба хок дафн гардид. Аммо офтобро бо доман пушидан ачаб аблахист.

Мисли ду карат ду рушан аст, ки Бобохонов Б.К парвандаро ёрои боз кардан надорад. Зеро конун барои ашхоси табакаи миёнаву поёнй амал мекунад.
Просмотров: 2551 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.3/9 |
Всего комментариев: 2
2  
Салом Ватандори азиз! Хакикати холро бе шумо фахмидан гайриимкон аст. Зинда бошед!!!!!!!

1  
Ватандори азиз!
Каблан мехостам аз чехраи худ кашф мекардед. Ва он чи ки ин чо овардед то андозае дуруст хастанд. Аммо як чизро ба мо рушан кунед, ки хамаи ин маълумотро аз кучо мегиред? Шояд ин фантазияи шумо бошад? Ба хар сурат фантазия хам бештари вакт дар колаби сухани рост мегунчад.
Зинда бошед.

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2017
Сайт управляется системой uCoz