ВАТАНДОР
Чумъа, 19.04.2024, 10:31
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Май » 28 » Суҳроб Лангариев президент Раҳмонро шарманда кард
Суҳроб Лангариев президент Раҳмонро шарманда кард
09:29
Боз ва боз хун, боз ва боз марги чавонон, боз ва боз бародар алайҳи бародар тир мекушояд. Боз аз пистони модари точик хун фаввора мезанад. Боз дари макотиб дар Кулоби азиз баста мешавад, роҳҳо низ. Дар дили мардум таҳлукаву тарс чун тори анкабут танидааст.
Гумон мекунед ин бори аввал аст, ки Суҳроб Лангариев ба чунин тиркушой роҳ додааст? На, хато мекунед, ватандорони азиз! Соли 1998-дар замони осоишта ҳамчунин бархурду овози тирро мардуми Кулоби субҳи содиқ фаҳмида буданд. Бобои пире вақти намози бомдод ба куча давид, ки аллакай 18 часад дар куча мехобид. Дарҳол каллачунбонҳо ҳукумат омаданд, даҳони бобо бастанд, то ба ҳеч кас ин шармандигиро нагуяд. Боз ҳамон дам Суҳроб Лангариев ин «иқдом»-ро ба қавли чанобашон «мардонавор» нишон дода буд. Он лаҳза ҳукумат тавонист, ки ин сирро аз чашми мардум пинҳон дорад. Чаноби олй ба Суҳроб «падарвор» насиҳат карданд, ки то чанобашон ҳастанд кисаи Суҳроб холй намемонад, ана нашъаи Афғонистон, гир бача бизнес кун, аз пайи зиндагй шав. Лекин то ба ин дарача не-да.
Санаи 27 майи соли чорй дар асари муҳорибаи 15 соатаи бародари собиқ яке аз сарфармондеҳони Фронти халқй, ки чанобашонро маҳз ҳамин фронтчиёни наҳс сари кор оварда буданд, аз сари нав ташнаи хун алайҳи бародарони хеш тир кушоданд. Боз ҳамин фронти халқй дар ҳузури худову бандагони у чанобашонро сархам кард. Обруйи набуда боз ба хоки куча яксон гашт. Ин ҳукумат, ки ҳар замон менозад, ҳар лаҳза меболад аз Фронти халқй, ки уро маснаднишин кардааст. Собиқ қумондонгҳои Фронти халқй ҳама дар вазифааанд. Дар курсиҳои серравғантарин. Агар ҳукумат барои эшон курсй ёфта надод, пас барои ишон роҳи қочоқи маводи мухаддир ҳамеша ва ҳамеша боз аст. Он ки дар телевизиюн ҳукумат садо баланд мекунад, ки алайҳи нашъачаллобон муборизаи беамон мебарад, дуруғе беш нест. Гумон мекунед, ки Суҳроб Лангариев аз соли 2002 ин чониб ба чурми роҳзанй дар кофтуков буду ҳукумат намедонист? Гумон мекунед, ки чаноби олй намешунид, ки у дар кучост? Хеле хуб медонисту медонад. Ҳар як саҳрогарди нашъачаллоби Фронти халқиро мисли панч панчааш медонад. Аммо ба лаб қулф задааст. Зеро барояшон курсй ёфта надод, мачбур мурда-мурда барои ин афрод роҳ боз мекунад то зиндагии хеш ёбанд. Барои ин ҳукумат муҳим нест, ки чй тавр нон меёбанд. Ғоратгарй мекунанд, ваҳшиёна даст ба куштор мезананд ё наркобарон мешавад. Танҳо хоҳиши оқои Раҳмон аз ин афрод як аст: Коре кунед, ки ҳеч кас нафаҳмад, ҳеч кас набинад. Айнан тибқи хоҳиши чанобашон ин гуруҳи роҳзан амал мекард. Тули 16 соли салтанати Раҳмон коре мекарданд, ки ҳеч кас намедид. Мекуштанд, ғоратгарй мекарданд, нашъачаллобй пешаашон буд. Инак, замоне даррасид, ки офтобро бо андовагил пушонида намешавад. Нурҳои ҳақиқат партавафшонй доранд. Чанобашонро боз бори дигар пеши халқи худой ин беҳунарон шарманда карданд.
Лангарй Лангариев, ки бо зури хуну тиру туфанг чанобашонро ба курсии аввалини кишвар бо ҳамроҳи «пири муршид»-и ин ҳукуматдорон Сангак Сафарови буфетчии арақфурушу Рустами Абдураҳими дуторнавозу чандин носфуруши дигар оварда буд, дар вақташ худо чонашонро ситонид. Барои поси хотир қариб буд Донишгоҳи Миллии Точикистонро ба номи Лангариву Сангаку Рустами Абдураҳим номгузолрй карда буданд. Ба кулли қумондонҳои Фронти халқй «чаноби олии камназиру ҳатто беназир»-и Точикистон вазифаҳои салтанатронй ҳануз айёми чанги шаҳрвандй ваъда шуда буд. Нафароне, ки ҳунари ҳатто имзомонй надоштанд, ҳадди аққал сардори шуъбаҳои корҳои дохилии навоҳй бо унвонҳои полковнику майору ченерал шуданд. Нафароне, ки ҳатто раиси колхоз шуда натавонистанд, ваъдаи чанобашон як буд: «Бху, бгард дар давлати ман, то ма ҳаюм, ту давр меронй» хитобаи чанобашон ҳалқаи гуши афроди вазифа нагирифта буд. Ин дам эркаи чанобашон аз ҳад гузаронид. Боз Раҳмон метавонист, ки уро бахшад. Аммо аллакай мардум диданд, ватандорон диданд, ки ҳукумат дар хунрезй чй қадар маҳорат доштааст. Ҳамватанон шоҳид шуданд, ки ин дафъа сирро пушида намешавад. Ҳукумат мачбур аст, назди ҳама эълом дорад, ки дастаи Лангариевро торумор кард. Аммо арвоҳи Лангариеви калонй чанобашонро мебахшида бошад? Ҳол он ки барои истеҳкоми ҳукуматдории сулолаи Раҳмониён саҳми Лангарй Лангариев бориз буд. Ё шояд ин боз як бозии пасипардагии сулолаи Раҳмониён аст?
Просмотров: 4722 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.0/4 |
Всего комментариев: 3
3 Safar  
0
Президент то вакту ма хаюм намега, эй бесавод, ин лахчаи гармиё аст

2 vatandor  
0
Тахамтани арчманд!

Аз сар задани ин вокеа хама нигарон хастанд, хар нафари баору номуси ватандор аз ин ин амали нангин, ки каблан эркадори хукумат буд, хеле хаста хам хастанд. Фикр накунед, ки хукуматдорй дар дасти кулобихо хасту дар Точикистон зиндагии кулобихо нисбати дигар манотик осудаву ором аст.
Халки азизи Кулоб аз найрангбозиву хуккабозии хукуматдорон ва собик размандагони Фронти халкй безор шудааст. Ин домоди Сангак аз пайи хусури хеш рафт, ки чаноби олй басо хушмандона аз хар кадами Сухроб огоз буд. Аммо у бечора хам чй кунад, хамин нафарон Рахмонро сари тахту точ овардаанд. Бояд мурда-мурда то рузи будан бо ин афрод гургоштй кунад, вагарна поёни "филм"-и Рахмон дар пеш аст.


1 ТАХАМТАН  
0
SALOM BA SHUMO VATANDORI AZIZ!!
MAN NIZ AZ SARZDANI LANGARI NIGARON HASTAM VA METARSAM KI ZAMONI MOZII JANGII BARODAR KHUSH BOZ
TAKROR NASHAVAD . LOKIN YAK CHIZRO BOYAD MUNAZAKIR SHUD KI AGAR LANGARIHO PAYDOSHUDAISTAND KHAVFI PAYDO SHUDANI SANGAKHO AST. VA BOZ RIZVONHOVU SEDOYHOVU VODISHHOVU ...
VALE SHUMO KHOHISH DORANM KI AZ IN KHABARHO HAMVORA BA MO INTTILO DODA ISTED.
KHUDO NIGAHBONI SHUMO!!!

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz