Инак, ҳукумат боз бар сари хештан балои дигареро овард. Баъд аз он ки имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Кӯлоб Ҳоҷӣ Мирзоро аз вазифаи имоматӣ маъзул кард, баъд аз он ки аҳли динро бо иттиҳоми бофтаву сохтаи террорист ба иҷборан тарошидани ришу кашидани аврат водор сохт, ба намозгоҳи қароргоҳи риёсати ҲНИТ ташриф овард. Дар ин ташрифот намояндаи амният, прокуратура ва кумитаи дин (аз ҳама кумитае, ки фардо рӯзи қиёмат дар ҳузури Худованд пурсишаш сахттару сангинтар аст, ин кумитаи дин аст) ҳузур доштанд. Намозгузорони ин масҷидро маъа имомаш маҷбур карданд, ки минбаъд дар ин масҷид ҷамъ наоянд ва таҳдид кардан, ки масъалаи имоми масҷидро ба додгоҳ хоҳанд бурд. Ин дафъа дар шоҳмотбозӣ ҳукумат ворастатар баромад. Суперчемпионҳои ҷаҳон оид ба шоҳмот-Карпову Каспаровро ҳукумати Тоҷикистон як нӯл зад. Медонад, ки бо иттиҳоми террористӣ аҳли динро муттаҳам карда, бо осонӣ ба ҳабс мекашад, дар ин зимн яқин эҳсос мекунад, ки ҲНИТ ягона ҳизбҳи исломӣ аст ва шояд (!) ба ин кор дахолат кунад. Лизо, пешакӣ таги пояшро ҳукумат руфта тоза кард. Омаду масҷид-хонаи Худоро оташ зад, то наҳзатиён ин корро идомаи кори террористӣ талаққӣ намоянду бо ҳукумат ҳамдастӣ созанд. Аммо як аблаҳии дигар низ дар ин шоҳмотбозӣ аз ҷониби ҳукумат сар зад. Қаблан рӯзи ҷумъа ба масҷид ташрифи бемаънӣ овард, агар бидуни омадан ба кори масҷид дахолат мекард, шояд ин амалро террористӣ унвон намуд. Аммо чашми наҳзатиён дар ин кор хоҳу нохоҳ ба сӯйи ҳукумат ишора мекунад, ки эшон низ ин хонаиХудосӯзиро аз дасти ҳукумат медонанд. Бо он ҳама ин «шах»-и аблаҳонаи ҳукумат ба худаш як «мот»-и дигарро пеш овард. Хашму нафрати наҳзатиён боло гирифт ва шояд сукути 13 солаи ба қавли сиёсатмадорон ин ҳизби солорро бишкаст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳизби солор садо буланд мекунад ва ё сукут ихтиёр меварзад. Агар сукут пеша кард, пас зарбаҳои дигарро мунтазир бошад.
Аз сӯйи дигар, як барнома ва ҳатто орузи чандинсолаи ҷаноби холӣ ин куллан барҳам задани ҲНИТ аст. Зеро чандин интихоботҳои моқаблӣ исбот сохт, ки Раҳмон аз ҲНИТ шикаст хӯрдааст. Ва ин шикастхӯриҳоро шоҳаншоҳи коғазӣ-Раҳмон наметавонад дар интихоботи соли 2013 таҳаммул кунад. Ин сабаби аслист, ки ӯ бо ин роҳҳо медонад, ки ҲНИТ дар ришгириву сатркашӣ аз масҷид манъсозӣ пеши роҳи Раҳмон мебарояд, боз баҳонаи дигари ба лаби наҳзатиён мӯҳр задани ҳукумат мегардад. Яқин аст, ки то нимаи аввали соли 2011 ҲНИТ-ро ҳукумат манъ месозад (ба шарте, ки фурсат пайдо кунад). Аз корбурдҳои ахири ҳукумати Раҳмон аллакай мардуми Тоҷикистон норизоӣ баён месозанд. Чун одати деринаву ҳаринаву харинааш ӯ боз ба Турманистон бо ҳамроҳи раққосаҳову ҳофизон сафаре созмон дод, аммо бо сад фисад итминон парво аз фалаку малак надорад, чун оташи ҷангу хусумат ва интиқом аллакай дар ҳар канораҳои кишвар забона задан дорад.
Сужаҳои сохтаи телевизион низ мардумро натавонист бовар кунонад, ки он ҷавононе, ки гӯё аз ҷониби ҲИУ омодагӣ гирифтаанду алайҳи ҳукумати Раҳмон ҷангида истодаанд, дастгир шудаанд. Мардум низ дигар гӯлу гумроҳ наянд. Медонанд, ки «кто есть кто и кто к чему». Чун дар соли 1997 Раҳмон дид, ки Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн ғалабаи комил ба даст меоваранд, дарҳол сулҳро бо бахшидани 30 фисад мансаб ба ҷониби мухолифин пешниҳод сохт. ИНОТ-и собиқ, ки хеле дар ин зимн иштибоҳи нобахшудании таърихӣ содир кард, сулҳи дурӯғинро қабул фармуд. Ин сулҳи Раҳмон ҳамон қиссаи сулҳи Гурбашоҳ бо мушони Убайди Зоконӣ буд. Гурбашоҳ-Эмомалӣ низ ба мушон ваъда кард, ки дигар сулҳ асту ҳамдигаркушӣ нест. Аммо тӯли 13 сол исбот шуд, ки айнан ҳамон Гурбашоҳӣ Зоконӣ ҳамин Эмомалӣ Раҳмон будааст. Ҳамаи соҳибони 30 фисади курсиҳои мансаби ҷониби мухолифро аз сари мансаб дур сохт ва ба аксари эшон кунҷи зиндону бадаргу маргро ҳадя кард. Ба осонӣ аз сари роҳи хеш ҳамаро якояк дур сохта тавонист. Инак Раҳмон дар кунҷи хилвате ин наворҳоро аз пеши чашмонаш аз касири мастӣ мегузаронаду қоҳ-қоҳ механдад ва ба худаш хитоб мекунад: «Қандта бзан Гурбашоҳ!».
Лекин кунун он Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн нест. Имрӯз алайҳи ҳукумати коғазӣ гурӯҳи мардтарин ҷавонони таҳамтани кишвар, ки синнашон аз 30 сола боло нест, садо буланд кардаанд. Ин оппозитсияи ҷадид дигар иштибоҳи мухолифини пешинро такрор нахоҳанд кард. Бо ҳеҷ ваҷҳу бо хеҷ усуле сулҳи дурӯғини Гурбашоҳ-Раҳмонро нахоҳанд пазируфт. Инҳо киёнанд? Ин таҳамтанони миллат абераву чаберагони САРБАДОРОНанд. Ё сар ба дор медиҳанд, ё Раҳмонро ба дор хоҳанд овехт. Ин аст шиори родмардони мо! Аммо ҳар рӯз то рӯзи ба зери дор рафтани Раҳмон наздиктару тезтар мешавад. Мунтазир бошед, Худованд бо мост!
|